Хабари рӯз

Иттилооти таъйидношуда ривоят аз кушта шудани Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи Толибон ва раҳбари “Шабакаи Ҳаққонӣ” мекунанд

КОБУЛ, 04 август – Сангар, Фарзом Козимӣ. Қаблан гуфта мешуд, ки баъд аз вуқуъи ҳамла ба Аймон ал-Завоҳирӣ дар шаҳри Кобул Сироҷуддин Ҳаққонӣ бо корвони бузурге барои масун мондан аз ҳамлаи мушобеҳ аз роҳи заминӣ тариқи шаҳристони Чархи Лугар ва аз он ҷо ба вилояти Пактиё рафтааст. 

Манбаъи қобили эътимод аз миёни Толибон ба хабарнигори “Сангар” гуфтанд, ки дар ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ болои чаҳор ҳадаф дар минтақаи Ширпури шаҳри Кобул Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилаи Толибон ва раҳбари Шабакаи Ҳаққонӣ кушта шудааст.

“Баъд аз ҳамла то кунун ҳеҷ кас халифа Ҳаққониро надида ва тилфонҳояш низ хомӯш аст. Гурӯҳи Толибон ба хотири ҷилавгирӣ аз фурӯпошии режимашон марги халифа Ҳаққониро махфӣ нигаҳ доштаанд ва ин овозаро афкандаанд, ки ӯ бо иттифоқи сесад сарбози қитъаи хос ба Пактиё рафтааст”, - гуфт манбаъ.

Рӯзи шанбе, 30 июн, дар пайи ҳамлаи бесарнишинҳои амрикоӣ дар минтақаи Ширпури шаҳри Кобул Аймон ал-Завоҳирӣ, раҳбари шабакаи террористии Алқоида кушта шуд. Нахуст ин хабарро Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, Айман ал-Завоҳирӣ дар хона ё меҳмонхонае марбут ба Сироҷуддин Ҳаққонӣ паноҳ бурда буд ва замоне, ки ба баранда (балкон) – и манзили зисташ баромад ҳадафи бесарнишинҳои амрикоӣ қарор гирифт.

Амрико барои сари Сироҷуддин Ҳаққонӣ, раҳбари шабакаи террористии ҷаҳонии Ҳаққонӣ даҳ миллион доллар ҷоиза таъйин намуда буд.

Дар ҳамин ҳол, манобеъи мухталиф аз саросари Афғонистон аз афзойиши парвози тайёраҳои бесарнишини Амрико дар вилоятҳои шимолӣ, ҷанубӣ ва ҷанубу шарқӣ, назири Балх, Кундуз, Пактико, Пактиё, Хуст Нангарҳор ва ғайра мекунанд.

Ин гузоришҳо низ вуҷуд доранд, ки фармондеҳони раддаи аввали Толибон сахт ба ҳарос афтода, аз се рӯз бад-ин сӯ вазирони кобинаи Толибон дар дафтари кориашон ҳозир намешаванд ва пайваста дар табдили маҳалли зисти худанд.

Толибон дар пинҳон доштани марги раҳбарони худ назир надоранд. Онҳо дар замони худ тавониста буданд, ки марги Мулло Умар, асосгузори ҳаракати Толибонро солҳо пинҳон доранд. Ҳоло ҳам дақиқ маълум нест, ки Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбарии кунуниашон зинда ҳаст ё нест.

Дар ҳоли таъйид шудани марги Сироҷуддин Ҳаққонӣ вазъ дар Афғонистон низ пешбининашаванда хоҳад буд, аммо агар ин дафъа низ Толибон тавонанд марги ӯро пинҳон нигаҳ доранд, пас ин гуруҳ иттиҳоди худро нигаҳ хоҳад дошт.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!