Хабари рӯз

Ин иқдомоти Толибон занги хатар ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро ба садо дароварда,  пружаи бесуботсозии Осиёи Марказӣ, Русия, Эрон ва Чинро думбол мекунанд.

Нависанда: Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон

 

ЭЪЛОМИЯИ ҶАБҲАИ МУҚОВИМАТИ МИЛЛӢ

ДАР БОРА ВАЗИРСТОНСОЗИИ ШИМОЛ ВА ИШҒОЛИ АФҒОНИСТОН

1 саратони 1402 мутобиқи 22 июни 2023

 

Гурӯҳи террористии Толибон дар идомаи ҷиноятҳои бешумор дар ду соли гузашта, ба асоси маъмурияти хатарноки ҷобаҷосозии террористони минтақаӣ дар шуморе аз вилоёти шимолу шарқ ва шимолу ғарби Афғонистон оғоз кардаанд.

Ин гурӯҳи террористӣ, бадавӣ ва бегонапарвар, ки дар тӯли давраи ҳаётиаш ҷуз хунрезӣ, бераҳмӣ ва шаррофринӣ мероси дигаре бар ҷо нагузошта, инак, бо иҷрои тарҳи аҷнабӣ мабнӣ бар интиқоли ҳазорон террористи мусаллаҳ ба вилоёти шимолӣ ва ғарбии Афғонистон, охирин зарбаро ба ҳамзистии мусоламатомези ақвом ва якпорчагии кишвар ворид мекунад.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ таъкид дорад, ки Афғонистони таҳти ишғоли як гурӯҳи ниёбатӣ ва гурӯҳҳои террористии минтақаиву байналмилалӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, ин Ҷабҳа худро мусаммам ва мутааҳҳид ба поёни ишғоли сиёҳ дониста ва мӯътақид аст, ки давоми ишғоли хориҷӣ ва истибдоди дохилӣ охирин пайвандҳо барои ваҳдат, ҳамзистӣ ва ҳамбастагии миллиро нобуд мекунад.

Дар ин росто, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба гунаи мураттаб бо мутанаффизини маҳаллӣ, сарони ақвом, бузургон ва ҷавонони вилоёти таҳти ситам ва ишғол ба тамос буда, бо онҳо ибрози ҳамбастагӣ ва ҳамсӯӣ кардааст.

Мо ба манзури ҷилавгирӣ аз ҷобаҷосозии террористон ва поёни ишғол, роҳе ба ғайр аз тадовуми мубориза ва муқовимат дар баробари террористони дохилӣ ва минтақаӣ надорем.

Толибон медонанд, ки дар миёни мардум ҷое надоранд, фалиҳозо бо ишғоли манотиқ ва ҷобаҷоии муттаҳидони хеш чун Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҷамоати Ансоруллоҳ, ДОИШ-и аслӣ ва ДОИШ-и Хуросон, Таҳрики Толибони Покистон, Ҷайши Муҳаммад ва чандин гурӯҳҳои дигар ба раҳбарии шабакаи Алқоида ва ISI дар қолаби як паймони нангин бо давлати Покистон, ҳалақоти маълумалҳоли покистонӣ ва бархе кишварҳои дигар талош мекунанд, то ҷуғрофияи шимолу шарқ, шимолу ғарби Афғонистонро ба Вазиристон табдил ва геополитикаи ҳавзаи тамаддунии моро тағйир диҳанд.

Ин иқдомоти Толибон занги хатар ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро ба садо дароварда,  пружаи бесуботсозии Осиёи Марказӣ, Русия, Эрон ва Чинро думбол мекунанд. Ҷобаҷоии террористон дар хутути марзии шимолу шарқ, шимолу ғарби Афғонистон бахше аз пружаи бесуботсозии минтақа ва барҳам задани назми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ин кишварҳо аст.

Вақти он расидааст, то тамоми мардуми Афғонистон, аз ҷумла сиёсиён, фаъолини маданӣ ва низомӣ ба хотири наҷоти кишвар ва мардум аз ишғолу истибдод то расидан ба озодӣ ва адолат  сафашонро фишурдатар созанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус кишварҳои минтақа бояд масъулияти худро дар қиболи вазъияти Афғонистон ифо карда, аз ҳар гуна таомул ба нафъи Толибон даст бардошта, бо иқдомоти равшан, қотеъ ва оҷил аз хатароти терроризми ҷаҳонӣ, Афғонистон, минтақа ва башариятро наҷот диҳанд.


Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!