Хабари рӯз

Толибон дар Панҷшер хонаи семанзилаи Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистонро оташ задаанд.

ДУШАНБЕ, 12 июн — манбаъ: Sputnik Тоҷикистон. Ин хона аз замони суқути дараи Панҷшер ба дасти Толибон аз сӯи Толибон ба қароргоҳи низомӣ табдил ёфта буд.

Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сӯхтор дар хонаи ӯ дар деҳаи Пайовашти вулусволии Рухаи вилояти Панҷшер ҳаволии соати 6 – и асри рӯзи гузашта, 11 июн, шуруъ шуда, то ба ҳол идома дорад.

“Ин ҳамон манзили меросии падарам аст, ки соли 1998 дар замони муқовимати аввал бо 4,5 ҳазор доллар кӯмаки молии Омир соҳиб Аҳмадшоҳи Масъуд ва аз тариқи ҳашар сохта будем. Хонае мумкин аст дар оташ сӯхта шавад, аммо рӯҳу иродаи мо сӯхтанӣ нест”, - гуфт сафири Афғонистон дар Тоҷикистон.

 Хонаи Муҳаммад Зоҳир Ағбар пас аз суқути дараи Панҷшер ба дасти Толибон дар сентябри соли 2021 ба қароргоҳи низомии Толибон табдил ёфта, дар он фармондеҳи қандаҳорие ба номи Сайёд бо афродаш будубош дошт.

Зоҳир Ағбар мегӯяд, бузургтарин дороии он хона як бошгоҳи варзишӣ аст, ки барои тамрини худу наздикон ва ҳамсоягон сохта буданд.

“Намедонам дар ин солҳои ахир аз он бошгоҳ истифодаи беҳинае шуда бошад ё хайр. Аммо хонаи ҳамаи мо дар Афғонистон имрӯз дар оташ ҷаҳлу ситам месӯзад. Толибон бояд бидонанд, ки хонаҳоро метавон сӯзонд, аммо рӯҳияи муқовимат дар баробари зулму терроризм шикастнопазир аст”, - гуфт сафири Тоҷикистон дар Афғонистон.

Ин танҳо мавриди ба оташ кашидани хонаи чеҳраҳои мухолифи Толибон дар Панҷшер нест. Моҳи январи соли равон хонаи Фазл Аҳмад Маънавӣ, вазири адлияи ҳукумати пешин ва аз раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба оташ кашида шуда буд.

Хонаи Маънавӣ низ дар деҳаи Пайовашти вулусволии Руха қарор дорад ва дар манзили сеюми он як китобхонаи бузург ҷойгир буд. Аз сӯи дигар, дар ҳарду маврид Толибон нагузоштаанд, ки мардуми маҳал оташро хомӯш кунанд.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!