Хабари рӯз

Абдулҳамиди Хуросонӣ, фармондеҳи амнияи вилояти Панҷшер, аз симати худ барканор шуд

ҲИНДУКУШ, 18 март – Сангар, Ҳасиби Сангарӣ. Аммо мақомоти Толибон* эълон карданд, ки ӯ ҳанӯз ду моҳи қабл барканор шуда буд ва то ба имрӯз худсарона кор мекард.

Абубакри Сиддиқ, сухангӯи волии Панҷшер ба сомонаи Сангар гуфт, фармони барканории Хуросонӣ ҳанӯз се моҳи пеш содир шуда буд.

“Ӯ ҳеҷ собиқаи муҷоҳидӣ надошт, як фарди лаҷуҷу дузду раҳзан буд ва қаблан зидди иморати исломӣ ҳарфҳое гуфта буд, ки ҳама сабту маълуми мардум аст. Ӯ аз ҳамон оғоз ҳеҷ гоҳ расман фармондеҳи амнияи Панҷшер набуд ва фармонаш низ аз сӯи вазорати дохила содир нашудааст”, - гуфт ӯ.

Вай афзуд, имрӯз, 19 март, дар мақоми вилояти Панҷшер маросими муаррифии Атиқуллоҳ Сиддиқӣ, фармондеҳи ҷадид баргузор шуд.

“Вай ба асоси лузумдиди масъулони маҳаллии Панҷшер ва раҳбарии вазорати умури дохилаи Иморати исломи Афғонистон ҳудуди як моҳ мешавад, ки ба вазифа таъйин шуда, кор мекард. Ҳар амале, ки Хуросонӣ анҷом медод, худсарона буд ва ҳеҷ салоҳияте барои он надошт”, - гуфт Абубакри Сиддиқ.

Атиқуллоҳ Сиддиқӣ, бошандаи рустои Бозорак, маркази вилояти Панҷшер  аст ва ба қавли сухангӯи волии Панҷшер, дар гузашта ба ҳимоят аз низоми исломӣ корҳои арзанда кардааст.

Дар ҳамин ҳол, манобеъи огоҳ мегӯянд, ки Атиқуллоҳ Сиддиқӣ як шахси бесавод буда, дар қиёс бо Хуросонӣ, ки ҳадди ақал синфи 8-ро хатм кардааст, ягон мактаб нахондааст ва далели интисобаш қабл аз ҳама риояи тавозуни минтақаӣ дар Панҷшер мебошад, зеро волӣ аз вулусволии Париён аст ва то ин замон ҳеҷ як раҳбари толибонӣ аз Бозорак, маркази вилоят ва ҳамчунин зодгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд, асосгузори  муқовимати зидди Толибон набуд.

Атиқуллоҳ Сиддиқӣ аз истихбороти Толибон буд, ки чанд рӯзи пеш аз сӯи муҳофизи Мавлавӣ Қудратуллоҳ, волии Панҷшер ба зарби гулӯла захмӣ шуд. Вай барои ришва гирифтани ин муҳофиз монеа эҷод кард. Ҳамиди Хуросонӣ қазияи ӯро пайгирӣ дошт.

Ҳамиди Хуросонӣ аз рустои Онобаи вулусволии Руха буд. Вай яке аз чеҳраҳои ҷанҷолии Панҷшер аст, ки то зиндонӣ шудан дар пайи мухолифат бо Амруллоҳи Солеҳ, он замон муовини аввали раисҷумҳур Ғанӣ, бо омоли машкук дар Кобул, назири дуздиву ғоратгарӣ, машғул буд. Пас аз озодияш низ ба куҳҳои Панҷшер паноҳ бурда, бо ҳукумати марказӣ мухолифат мекард. Гоҳҳо алайҳи Толибону ДОИШ шиор медод ва доди пайравӣ аз Аҳмадшоҳи Масъудро мезад, аммо ба як бор қабл аз ҷангҳои Панҷшер садояш аз канори Толибон ва алайҳи муқовимат баланд шуд.

Пас аз суқути Панҷшер фармондеҳи амнияи вилоят таъйин шуд. Аммо рӯзҳои ахир оромашро гум кард, зеро бо волии Панҷшер Мавлавӣ Қудратуллоҳ вориди ихтилоф гардид ва як муроҷиати видеоӣ низ ба Мулло Ҳайбатуллоҳ аз волии Панҷшер дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, ки фардояш хабари барканориаш эълон шуд.

Ҳоло дақиқ маълум нест, ки Хуросонӣ куҷост ва ба чӣ кор машғул аст. Он чӣ ба Сангар маълум аст, вай дар хонаи худ ва таҳти муроқибат карор дорад.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст.

 


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!