Хабари рӯз

Дафтари Устод Атомуҳаммади Нур ахбори расонаҳо дар бораи пайвастани ӯ ба Толибон* ё Шабакаи Ҳаққониро* рад кард

МАЗОРИ ШАРИФ, 18 март – Сангар, Қорӣ Аҳмад. Қаблан расонаҳо ин хабарро пахш карданд, ки раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон ба нишони ҳусни ният як гуруҳи фармондеҳон ва афроди хоси худро ба вилояти Балх фиристода, худ низ барои бозгашт омодагӣ мегирад.

Қорӣ Қудратуллоҳ Ҳурмат, ёвари Устод Атомуҳаммади Нур, зимни як тамоси телефонӣ ба хабарнигори сомонаи Сангар ин ахборро рад карда, гуфт, ҳеҷ як муомила ё музокироте миёни раҳбари Ҷамъияти исломӣ ва Толибон ё “Шабакаи Ҳаққонӣ” вуҷуд надорад.

“Пушти ин овозаҳо қабл аз ҳама истихбороти хориҷӣ истодаанд, ки ҳадафашон тахриби шахсияти Ҷаноби Устод аст, зеро хуб медонанд, ки як шахсияти мустақил аст ва муздури касе нест. Бо камоли таассуф, иддае ҳам аз қавмҳои худи мо огоҳона ё ноогоҳона дар ин осиёб об мерезанд ва инро дарк намекунанд, ки ин ҳама ба хотири тафриқа андохтан миёни нерӯҳои муқовимати зиддитолибонӣ аст”, - гуфт ӯ.

Қаблан ин иттилоъ пахш шуд, ки Устод Атомуҳаммади Нур дар Туркия бо Шабака Ҳаққонии гуруҳи Толибон пинҳонӣ мулоқот карда, як теъдод аз фармондеҳон ва афроди хоси худ, назири фармондеҳи маъруф Аламхони Озодӣ, Ҳоҷӣ Шоҳмуҳаммад, собиқ узви Шӯрои вилоятӣ, Омир Султон, собиқ омири ҷиноӣ ва Ҳоҷӣ Сарварбой, падари Ҳоҷӣ Ҳасибуллоҳи Қурайшӣ, собиқ фармондеҳи пулиси Балхро аз Эрон ба Мазори Шариф фиристодааст.

Ҳоҷӣ Исмоил Озодӣ, писари Аламхони Озодӣ, ба хабарнигори Сангар гуфт, падараш пас аз суқути Мазори Шариф хориҷ нарафт ва як муддат барои тадовӣ ба Эрон омада буд, ки дигарбора ба ватан баргашт.

“Сину соли ӯ ҳам ба ҷое расида, ҳеҷ гуна фаъолияти сиёсиву низомӣ надорад ва дар ҷамъи хонавода дар Мазори Шариф зиндагӣ мекунад. Аз ин хотир, ин шоеа бепоя ва як гуна тавтиасозӣ аст”, - гуфт вай.

Бино ба ахбори расонаҳо, ҳадафи “мулоқотҳои пинҳон” – и Устод Атомуҳаммади Нур бо Толибон баргардонидани дороиҳояш дар Балх бо истифода аз номи тоҷик гуфта мешавад ва дар бадили ин гӯё ваъда супурдааст, ки барои ба расмият шинохтани гурӯҳи Толибон кӯмак мекунад.

Ёвари Устод Атомуҳаммади Нур гуфт, раҳбари Ҷамъияти исломӣ ҳеҷ гоҳ барои дороӣ ё пулу мол бо касе вориди муомила нашудаву намешавад ва ҳеҷ эҳтиёҷи молӣ ҳам надорад.

“Мо барои ормони олии худ – озодиву истиқлоли ватан як умр мубориза кардаву мекунем. Ин қабил овозапароканиҳо бори аввал нест ва бори охир ҳам намебошад ва ҳеҷ гоҳ иродаи моро шикаста наметавонад. Вақт ҳамаро доварӣ мекунад”, - гуфт Қорӣ Қудратуллоҳ.

Устод Атомуҳаммади Нур, волии пешини Балх (2004-2018) аз фармондеҳони аршади Аҳмадшоҳ Масъуд дар солҳои ҷиҳод ва муқовамати аввал буд. Пас аз суқути Толибон дар соли 2004, ӯ зимоми қудратро дар Балх - вилояти калидии Шимол ба даст гирифт ва ба мурури замон ба яке аз сиёсатмадорони барҷастаи тоҷик ва таъсиргузортарин раҳбарони шимоли Афғонистон табдил шуд ва ба ҳамин далел ӯ номи мустаори "Имперотури Шимол"-ро дарёфт кард.

Ӯ дар 14 августи соли гузашта пас аз суқути шаҳри Мазори Шариф, Афғонистонро ба мақсади Ӯзбекистон ва сипас Амороти Муттаҳидаи Арабӣ тарк кард. Ӯ акнун дар Дубай зиндагӣ мекунад.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!