
Хотирае дар пайванд ба алоқаи шаҳид Масъуд ба акс ва филм
Нависанда: Муҳибуллоҳ Нурӣ, раиси пешини сиёсати Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”
Шумори зиёде, аз ҷумла оқои Мӯсо Зафар, яке аз танзпардозони кишвар, дар пости ахири худ иддао кардааст, ки Масъуд худшифта буд ва бар хилофи Мулло Умар, ки худро ҳифз кард, ҳамин алоқа ба акс гирифтан боиси террори ӯ шуд ва пайравонаш низ дар тақлид аз ӯ осеб мебинанд.
Агар аз зовияи шароити ҳассоси кунунӣ ба мавзӯъ нигоҳ кунем, интиқод аз ифроти бархе муқовиматгарон дар интишори тасовир ва фаъолиятҳои расонаӣ дар фазои маҷозӣ метавонад то ҳадде қобили тааммул бошад, аммо интизори ин ки шахсияте дар миқёси Аҳмадшоҳ Масъуд монанди Мулло Умар дар гумномии мутлақ зиндагӣ кунад, бо моҳияти раҳбарии харизматӣ ва мардумии ӯ ҳамхонӣ надошт.
Касоне, ки ӯро аз наздик надида бошанд, мумкин аст фикр кунанд, ки ӯ як одами намоишӣ буда ва шабу рӯз мунтазир будааст, ки аксе аз ӯ гирифта шавад. Аммо воқеият ин аст, ки садҳо журналисти дохилӣ ва хориҷӣ ҳафтаҳо интизор мекашиданд, то балки битавонанд ӯро, ҳатто барои муддати кӯтоҳе, бубинанд.
Вақте хабарнигоре ҳафтаҳо мунтазир мемонад, то битавонад чанд дақиқа бо Масъуд дидор кунад ва аз кору фаъолияти ӯ акс бигирад, наметавон фаровонии тасовирро ба содагӣ ба алоқаи ӯ ба намоиш нисбат дод. Бахши бузурге аз ин тасовир ҳосили талоши хабарнигорон барои мустанадсозии як шахсияти муҳими сиёсӣ ва низомӣ буд.
Ба баёни сода, бояд миёни “касе, ки барои дурбин кор мекунад” ва “дурбине, ки барои сабти кори ӯ ҳузур дорад” тафовут гузошт.
Доштани бахши расонаӣ ва сабти мустанади фаъолиятҳо барои як фармондеҳи аршад ё раҳбари муқовимат метавонист абзори огоҳона барои “ҷанги равонӣ”, “машруъиятбахшии сиёсӣ”, иртибот бо афкори умумӣ ва “сабти таърих” бошад. Ин коркард мушобеҳи пӯшиши расонаии фаъолиятҳо ва ҷаласоти руасои ҷумҳур ва раҳбарони сиёсӣ дар ҷаҳон аст ва як равияи шинохташудаи сиёсӣ маҳсуб мешавад; бо ин тафовут, ки бисёре аз дигар раҳбарони ҷиҳодӣ чунин огоҳӣ ва дирояти расонаиро надоштанд.
Ин ки алоқа ба дурбинро омили террори ӯ бидонем, аз назари амниятӣ қобили дифоъ нест. Фиреб хӯрдани тими муҳофизатӣ ношӣ аз алоқаи шахсии Масъуд ба акс ва филм набуд; балки натиҷаи сӯистифодаи террористҳо аз як пӯшиши расонаӣ буд.
Ҳар шахсияти сиёсие, ки бо афроди ношинос ва дар қолабҳои мухталиф дидор мекунад, метавонад бо чунин хатаре мувоҷеҳ шавад; магар ин ки монанди Мулло Умар ва Ҳайбатуллоҳ зиндагии комилан махфӣ ва мунзавиро интихоб кунад.
Масъуд раҳбари як ҷунбиши ошкори мардумӣ ва миллӣ буд, ки барои таомул бо мардум ва ҷаҳон, ҷалби ҳимоятҳои байналмилалӣ ва мустанадсозии ҳақоиқи ҷанг, ба дида шудан ва иртиботи расонаӣ ниёз дошт.
Бинобар ин, ба назарам беҳтар аст миёни “дида шудан ба унвони як абзори раҳбарӣ ва мубориза” ва “дида шудан ба унвони як ниёзи шахсӣ” тафовут бигузорем. Сирфи зиёд будани аксҳои як раҳбар, ба танҳоӣ наметавонад далели худшефтагии ӯ бошад.
Худшефтагӣ як ихтилоли шахсиятӣ аст, ки бо ниёзи муфрит ба таҳсин ва таваҷҷуҳ шинохта мешавад; дар ҳоле ки Масъуд он қадар мавриди алоқаи мардум буд, ки барои ҷалби таваҷҷуҳ ниёзе ба тазоҳур надошт.
Барои ҳамин, дар посухи оқои Зафар навиштам, ки бале, Масъуд худшефта буд; на танҳо худаш шефтаи худ буд, балки мардум ҳам шефтаи ӯ буданд ва садҳо журналист ҳам рӯзҳо интизор мекашиданд, то балки аксу филме аз ӯ бигиранд, аммо ӯ ба хотири акс ва филм гирифтан корашро мутаваққиф намекард. Барои ҳамин, аксари аксҳое, ки аз ӯ боқӣ монда, аз ҷараёни кору фаъолияти ӯ ҳастанд.
Дар канори ин ки худаш ба ҳамаи ҳунарҳо, аз ҷумла ҳунари аккосӣ ва филмбардорӣ, алоқаманд буд, рӯзона ҳазорон нафар низ алоқа доштанд бо ӯ акс бигиранд. Эшон бо ниҳояти фурӯтанӣ, то ҷое ки вақтшон эҷоб мекард, ин дархостҳоро аз сари меҳрубонӣ рад намекард. Ба назарам, ин бо худшефтагӣ фарқ мекунад.
Як намунааш хотираи шахсии ман аст. Боре, мо ҷамъе аз кӯдакон ва навҷавонон барои иштирок дар арӯсии Абдусалом, аз хешовандони мо, ба Варсаҷ мерафтем. Дар Чамани Хустдеҳ бо Омир Соҳиб рӯбарӯ шудем, ки дар ҳоли савор шудан ба чархбол буданд. Аз эшон хоҳиш кардем бо мо акс бигиранд. Эшон бо фурӯтанӣ дархости моро пазируфтанд, аз чархбол пиёда шуданд ва ҷолиб ин ки нахуст моро истода карданд ва худашон аз мо акс гирифтанд; сипас дар канори мо истоданд ва бо мо акс гирифтанд ва баъд парвоз карданд.
То имрӯз он муҳаббат аз дилу зеҳни мо нарафтааст. Чунин бархӯрде бо кӯдакон ва навҷавонон, дар канори шахсият ва амалкарди ӯ, худ метавонист яке аз авомили маҳбубият ва асаргузории иҷтимоии ӯ бошад.
Достони гум шудани ҳамон ягона акси мо бо он шаҳид низ аз ин ҷиҳат ҷолиб аст, ки маъмулан тасаввур ин аст, Толибон акс намегиранд, аммо Толибон дар ҳоле ки акс гирифтанро барои дигарон манъ мекарданд, гоҳе худашон махфиёна акс мегирифтанд. Дар замони тасаллути кӯтоҳи Толибон бар шаҳри Толиқон, филми ҳамон аксҳоро ба як аккос додам, то чоп кунад. Аммо ӯ филми моро бо филме, ки дар он аксҳои Толибон буд, иштибоҳ карда буд; филми Толибонро ба мо дода ва филми моро ба онҳо дода буд.
Баъд аз чоп мутаваҷҷеҳ шудем, ки тамоми аксҳо марбут ба Толибон аст. Толибон савор бар додсунҳо ё нишаста бар тахти самоворҳои Толиқон. Моҳҳо бо аккос даргир будам, аммо натиҷае надошт ва он ягона акси мо бо Омир Соҳиб гум шуд.
Баъдҳо ҳамин аксро, ки дақиқан марбут ба ҳамон рӯз ва ҳамзамон бо расидани мо ба Варсаҷ буд, аз камераи яке аз иштироккунандагон ба даст овардам. Ба ин тартиб, ҳар бор бо дидани ин акс он хотира дар зеҳнам такрор мешавад.