Муҳаммад Довуди Довуд қурбони барномаи толибсозии Афғонистон буд, ки аз сӯи ҳукумати Ҳомид Карзай ва Амрико рӯи даст гирифта шуда буд.
Нависанда: Муҳаммад Ҷавод Раҳимӣ
28 майи 2011 генерал Муҳаммад Довуд Довуд, яке аз мудофеъини номдор ва боифтихори миллату Афғонистон ба шаҳодат расид, аммо пурсиши боқимонда ин аст, ки чӣ касе ва чигуна ӯро шаҳид намуданд?
Баъд аз шаҳодати Мавлоно Сайидхелӣ дар вилояти Кундуз, авзоъи амниятии он вилоят шадидан вахим шуда буд ва ба хотири контроли авзоъ, генерал Довуд соати яки баъд аз зӯҳр ҷаласаи амниятиро дар вилояти Кундуз баргзор кард. Баъд аз хатми ҷаласаи амниятии Кундуз, генерал Довуд, ки бояд ба Балх мерафт, ба вилояти Тахор хоста шуд то дар як ҷаласаи амниятии он вилоят иштирок намояд.
Авзоъи Тахор низ дар он вақт шадидан вахим шуда буд, чун дар шаби 17 майи 2011, нерӯҳои НАТО дар минтақаи Говмолии вилояти Тахор як амалиётро анҷом доданд, ки дар он афроди мулкӣ кушта шуда буданд. Як рӯз баъд аз он аҳолии минтақаи мутазаккира дар вокуниш ба амалиёти НАТО дар он вилоят тазоҳурот карданд. Тазоҳурот ба хушунат гароид ва дар натиҷаи тирандозӣ, 12 тан кушта шуданд ва ҳудудан 90 тани дигар маҷрӯҳ гардиданд. Баъд аз он, Залмай Висо, ки он вақт фармондеҳи қули урдуи 209 “Шоҳин” дар Шимол буд, ба Тахор рафт ва бо 25 тан аз афроди хоси худ, таъмири мақоми вилоятро барои 10 рӯз дар ихтиёру контроли худ гирифт.
Саранҷом, генерал Довуд ҳудудан соати 3:35-и баъд аз зӯҳр аз вилояти Кундуз ба вилояти Тахор ва баъдан ба мақоми он вилоят расид. Волии он вақти Тахор Абдуҷҷаббор Тақво, фармондеҳи амнияи он Шоҳҷаҳон Нурӣ ва раиси амнияти он Наҷибуллоҳ Гулбаҳорӣ буд. ПиАрТи (Provincial Reconstruction Team – Тими бозсозии вилоятии НАТО)-и он вилоят марбути нерӯҳои олмонӣ мешуд ва ҳамон рӯз масъулини ПиАрТи такроран ба оқои Тақво занг заданд, то ҷаласаи амниятӣ дар мақарри ПиАрТи баргзор шавад, аммо оқои Тақво барои онҳо мегӯяд, ки ӯ волӣ аст ва ҷаласаи амниятӣ ба ҳукми ӯ ва дар мақоми вилоят бояд баргузор гардад.
Сипас, олмониҳо ба мақарри вилоят мерасанд ва ҷаласаи амниятӣ оғоз мегардад. Залмай Висо дар оғози ҷаласа, як мил аслиҳаи олмонии ҳамроҳашро аз зери либосаш берун мекашад ва рӯи миз мегузорад. Дар ҷараёни ҷаласа, Наҷибуллоҳ Гулбаҳорӣ, раиси амнияти он вақт (дар акс) се бор аз ҷаласа берун меравад ва дубора бармегардад то он ки генерал Довуд хашмгин мешавад ва аз ӯ мепурсад, ки чаро он қадар нигарон аст. Сипас ба ӯ мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз ихлоли ҷаласа ё дар ҷаласа бимонад ва ё берун шавад. Сипас Наҷибуллоҳ ҷаласаро тарк мекунад ва берун мешавад.
Мавзӯъи дигар ин ки соати 8-и субҳи ҳамон рӯзе, ки генерал Довуд шаҳид мешавад, як фард назди Ҳоҷӣ Оғо, ки бародари генерали шаҳид мебошад, меравад ва барояш мегӯяд, ки дар мақоми вилоят инфиҷор сурат мегирад. Аммо Ҳоҷӣ Оғо он хабарро нодида мегирад, чун ӯ медонад, ки генерал Довуд дар Кундуз аст ва баъд аз он меравад ба Балх.
Баъд аз зӯҳри ҳамон рӯз, Ҳоҷӣ Оғо барои оббозӣ ба чашма меравад. Либосу тилфонҳояшро дар дохили мутар мегузорад ва саргарми оббозӣ мешавад. Вақте генерал Довуд ба Тахор мерасад, дар масири роҳ ба Ториқ, котиби худ мегӯяд, зуд ба Ҳоҷӣ Оғо занг бизан, бигӯ, як 20 нафарро бо худ бигирад ва фавран ба мақоми вилоят бирасад. Котиб бештар аз 50 бор ба Ҳоҷӣ Оғо занг мезанад, аммо тилфунҳои Ҳоҷӣ Оғо дар мутар аст ва худаш масруфи оббозӣ, аз тамосҳо бехабар мемонад. Баъд худи генерал ба бародараш тақрибан 25 бор занг мезанад, аммо зангҳои ӯ низ бепосух мемонад.
Саранҷом, ҷаласаи амниятӣ хатм мешавад. Оқои Тақво дасти фармондеҳи олмониро мегирад ва барояш мегӯяд: “биё, ки плонҳои кории вилоятро бароят ташреҳ кунам” ва фавран аз манзили дувум поин мешаванд ва мераванд ба саҳни мақоми вилоят. Залмай Висо дар манзили дувум ташноб меравад. Генерал Довуд, Шоҳҷаҳон Нурӣ бо оператори вилоят, се тан аз олмониҳо ва тарҷумони онҳо ба номи хонум Аликузай дар даҳлези манзили дувум мунтазири Залмай Висо мебошанд.
Акс: Залмай Висо дар террори Розиқи Ачакзай низ муттаҳам мешавад.
Дар ҳамон лаҳза, доктар Испанто ба генерал Довуд занг мезанад ва барояш мегӯяд, ки дар дарвозаи вилоят бамб ҷобаҷо шуда ва ҳамин ки ӯ берун шавад, бам мунфаҷир мешавад. Генерал Довуд нигарон мешавад, фавран тафнгчаашро берун мекашад ва онро омодаи шиллик мекунад ва баъд 2 бор болои Залмай Висо садо мекунад, ки ӯ генерал соҳиб, биё, ки боз нагӯӣ, ки мо дар хонаи худ зудтар аз ту берун шудем. Аммо висо барояш мегӯяд, шумо биравед, ман меоям. Сипас генерал Довуд бо Шоҳҷаҳон Нурӣ, олмониҳо, тарҷумон онҳо ва оператори вилоят аз манзили дувум поин мешаванд.
Дар даҳлези манзили аввал як кӯч гузошта шуда, ки ҳамон рӯз ба он ҷо мунтақил шуда буд. Вақте генерал Довуд дар даҳлези манзили аввал мерасад, бамб, ки дар ҳамон кӯч ҷобаҷо шуда, мунфаҷир мешавад, ки танҳо оташу садо дошта ва қудрати аслии бамб ва оташи он, хонум Аликузайи тарҷумон ва Шоҳҷаҳон Нуриро бештар зарба зада буд. Шоҳҷаҳон Нурӣ ва оператори вилоят шаҳид мешаванд. Се тан олмониҳо низ кушта, аммо генерал Довуд танҳо захмӣ шуда ва пойи росташ шикаста буд.
Дар ҳамон вақт генерал Довуд туфангчаашро барои тирандозӣ мегирад, ки ногаҳон болои генерал Довуд шиллик сурат мегирад. Се тир ба туфангчаи генерал Довуд асобат карда буд, 5 тир ба дасти росташ, ки як ангуштро ҳам қатъ карда буд ва 6 тири дигар дар бағали рости синааш асобат карда буд. Дар он замон ҷуз Залмай Висо, ки бо аслиҳаи олмониаш дар ташноби манзили дувум буд, каси дигаре дар он ҷо набуд, ки болои генерал Довуд шиллик кунад. Саранҷом генерал Довуд низ ҷоми шаҳодатро менӯшад.
Дар акс: Шоҳҷаҳон Нурӣ
Вақте Ҳоҷӣ Оғо, бародар генерал Довуд, садои инфиҷорро мешунавад, фавран тилфонашро мебинад, ки даҳҳо занги генерал Довуд ва котиби ӯ бепосух мондааст. Фавран ба мақоми вилоят меравад аммо он замон генерали шаҳид ба шифохона интиқол мешавад. Баъд, Ҳоҷӣ Оғо ба Наҷибуллоҳ, раиси амнияти Тахор қиссаи ҳамон нафарро мекунад, ки соати 8-и субҳи ҳамон рӯз ба ӯ гуфта буд, ки дар мақоми вилоят инфиҷор сурат мегирад. Онҳо фавран мераванд ва ҳамон нафарро дастгир ва ба раёсати амният ҷиҳати таҳқиқот меоваранд.
Дар ҷараёни таҳқиқот, ҳамон нафар каси дигареро ба номи Шоҳвалӣ муаррифӣ мекунад. Сипас Шоҳвалӣ дастгир ва дар таҳқиқоташ мегӯяд, ду нафар ба номҳои Шайх Аҳмад ва қумандон Қаҳҳор, ки ҳарду аз Фархор мебошандро дастгир кунанд. Дар ҳамон шаб, қумандон Ғаффор, бародари Ҷаббор Тақво ва Пиргул Оғо аз мӯйсафедони Тахор бо як дег ғизо мераванд ба дидани Шоҳвалӣ, ки дар раёсати амнияти миллӣ зиндонӣ шуда буд. Шоҳвалӣ баъд аз сарфи ғизо, ҳамон шаб фавт мекунад ва далели вафоти ӯро бидуни таҳқиқоти тибби адлӣ, сакта унвон мекунанд. Баъд Шайх Аҳмад, бародари Шоҳвалӣ, ба баҳонаи ин ки бародараш Шоҳвалиро дафн кунад, аз зиндони амнияти миллӣ раҳо мегардад.
Танҳо қумандон Қаҳҳор дар Фархор фирорӣ мебошад, аммо баъд аз 5 ё 6 рӯз, Ҳоҷӣ Оғо, бародари генерал Довуд бо як гурӯҳ аз кормандони амниятӣ ба Фархор мераванд ва баъд аз яку ним соати амалиёт, ҳукумати марказӣ се нафар ба номи Ҳоҷӣ Акрамхон, қумандон Ҳазрат Бангӣ ва Ҳоҷӣ Оғогул Қатағаниро ба Фархор эъзом мекунанд, ки амалиётро фавран хатм кунанд.
Билохира қумандон Қаҳҳор низ наҷот меёбад ва дар Тахор дар хонаи қумандон Ҳазрат Бангӣ нигаҳдорӣ мешавад. Муҳиммтар ин ки ҳамон нафар, ки соати 8-и субҳи ҳамон рӯз ба Ҳоҷӣ Оғо иттилоъ дода буд, ки дар мақоми вилоят инфиҷор сурат мегирад, ба замонати яке аз чеҳраҳои муассири он вилоят, ки феълан дар қайди ҳаёт нест, аз банд раҳо мешавад. Дар он замон, ҳукумати марказӣ бо як рақобати носолим, як ҷабҳаи қавиро, ки муташаккил аз волии Тахор, масъулини амниятӣ ва чеҳраҳои маҳаллии самти шимол буданд, дар муқобили генерал Довуд эҷоду тақвият менамуд.
Таҳқиқот 14 рӯз идома меёбад ва дар рӯзи 15, соранволи низомии минтақа ҳукми дастгирии 7 танро содир мекунад, ки онҳо Шайх Аҳмад, қумандон Қаҳҳор, Абдуллобег, қумандон Пирмуҳаммад Хоксор ва се нафар дигар мебошанд. Аммо ин 7 тан ҳаргиз дастгир намешаванд.
Қумандон Қаҳҳор зимни он ки дастгир намешавад, баъд ба ҳайси қумандони шоҳроҳи Тахор тақаррур ҳосил мекунад, аммо баъд аз мухолифати хонаводаи генерал Довуди шаҳид, ӯ ба унвони қумандони шоҳроҳи Кундуз тавзиф мешавад. Ниҳоятан Наҷибуллоҳ, ки раиси амнияти миллии он вилоят мебошад, 4 моҳ баъд аз шаҳодати генерал Довуд аз полковникӣ ба генералӣ мерасад.
Дар он замон Залмай Висо на танҳо ба тақвият ва ҳимояти Толибон дар самти шимол муттаҳам шуда буд, балки тавассути ПиАрТии олмониҳо мустақиман омили шаҳодати генерал Довуд дониста мешавад. Саранҷом, ӯ ва масъулини амниятии он вилоят на танҳо, ки мавриди таҳқиқ қарор нагирифтанд, балки зимни иртиқо, дар вазифаҳои муҳиммтари дигар низ тақаррур ёфтанд. Шаҳодати генерал Довуд яке аз возеҳтарин мисолҳои сиёсати ҳазф дар Афғонистон мебошад, ки ҳанӯз ҳам идома дорад...
ЁДДОШТИ МУАЛЛИФ: Ман талош намудам то воқеиятҳои ногуфтаи шаҳодати генерал Довуди шаҳидро дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии наздик бо ёрону наздикони он марди натарс, ба дастраси шумо қарор диҳам.
“САНГАР”: Ин матлаб соли 2020 навишта шудааст. Омилини асосии террори генерал Муҳаммаддовуди Довуд то ба ҳол зиндаанд. Бархе аз онҳо аслан омода нашуданд, ки ба суолҳои “Сангар” посух диҳанд. Аммо талошҳо барои ба ҳарф даровардани онҳо идома дорад. Онҳо ҳар қадар ки фирор накунанд, таноби адолат баргардани онҳо тангтар мешавад.