Хабари рӯз

Нависанда: Сурайё Баҳо, мунаққид ва нависанда

Чи қадар музҳик аст вақте устоди як донишгоҳ дар сатҳи лумпанҳои расонаӣ таназзул мекунад ва мӯҳтоҷи чанд лайку комменти авбошони фейсбукӣ аст!

Устод Ҷалол ҳар аз гоҳе лаҷомгусехта дар мавриди фармондеҳ Масъуд чаранд мегӯяд ва рӯзи дигар барои сухани носанҷидаи худ пӯзиш мехоҳад, ки дигар дер шуда ва тир аз камон хато рафтааст.

Устод Ҷалол барои кӯчак шумурдани фармондеҳ Масъуд, чӣ нобаҳангом ва чӣ беиртибот фармондеҳ Масъудро бо Гандиву Манделаву ва Эрнест Че Гавара муқоиса мекунад. Дар нахуст Гандиву Манделла, ки шеваи муборизаашон бо Масъуд тафовут дошт ва Ганди сарвазири Ҳинду Манделла раҳбару раисҷумҳури Африқои Ҷанубӣ буд. Мемонад Эрнест Че Гевара, ки вай чун Масъуд як чирик ё партизан буд, бо чунин тафовутҳое.

 Че Гевара дар шароити хоси ҷангалҳои пӯшидаи Боливияву Аргентина дар Амрикои Ҷанубӣ барои сарнагунии ҳукуматҳои сармоядорӣ ва овардани низоми коммунизм мубориза мекард ва бо давлатҳои худашон меҷангид, на бо як абарқудрати ҷаҳонӣ. Пас аз ҳамлаи ҳукумат дар ҷангалоти бузургу пӯшида аз дарахтон ва гиёҳҳои ҷангалӣ пинҳон ва ситру ахфо мешуд.

Аммо фармондеҳ Масъуд барои озодии кишвараш дар баробари бузургтарин абарқудрати он рӯзи ҷаҳон, яъне Иттиҳод Шӯравиву Артиши Сурх ва Сипоҳи Чиҳилум дар шароити кӯҳистонӣ ва кӯҳпояҳои Ҳиндукуш меҷангид, ки дар бамбордҳои ҳавоии ҷитҳои TU16 русҳо маҳалле барои ситру ахфо надошт.

Ҳатто як хонуми нависанда аз Амрикои Лотин навишт, ки фармондеҳ Масъуд бонии ҷангҳои кӯҳистонӣ дар ҷаҳон буд ва Че Гавара бонии ҷангҳои чирикӣ дар ҷангалот ва набарди Масъуд душвортар буд.

Ҳарфи набарди 5 – солаи фармондеҳ Масъуд дар муқобили артиши бузурги террористии Толибон ва Ал-қоида ҷудост ва дарки ин мубориза ба тавони доктароне ба монанди Устод Ҷалол нест.

Фармондеҳ Масъуд як нобиғаи ҷангӣ буд бе ҳеҷ иддаое. Барои ҳамин марги Масъуд як марги ғавғобарангез буд, ки сиёсати ҷаҳонро таъйир дод.

Барои Устод Ҷалол мутаассифам, ки бидуни тааққулу хиради сиёсӣ дар лаҷанзори уқдаҳои шахсии хештан фурӯ рафтааст.

Устод Ҷалол агар бо назарияи қиёс ба худ, хештанро бо Наом Хомски, устоди забоншиносӣ дар Донишгоҳи Аризона муқоиса кунад, барояш чӣ боқӣ хоҳад монд? Ҳеҷ....


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!