Хабари рӯз

Русия чӣ гуна ва барои кӣ нерӯгоҳҳои ҳастаӣ месозад?

Нависанда: Амир Асғарӣ, махсус барои “Сангар” (Олмон)

Руҳияи нишасти БРИКС дар Кейптаун, пойтахти Африқои Ҷанубиро ҷуз азми қавии кишварҳо барои муттаҳид кардани талошҳо ба гунаи дигар наметавон тасвир кард. Раҳбарони ҳамаи кишварҳои ширкаткунанда ба густариши ҳамкориҳо таваҷҷуҳ ва таъкид карданд. Ҳамкорӣ бояд дар ҳама заминаҳо, аз ҷумла иктишофи фазо, амнияти ғизоӣ, истиқлол дар бахши энержӣ тамаркуз ёбад. Замонатҳои муваффақият ин пуштибонии мутақобил, табодули таҷриба ва роҳандозии фановариҳои ҷадид аст. Ҳеҷ роҳи дигаре барои зинда мондан дар дунёи модерн вуҷуд надорад, афроди танҳо шонсе надоранд, маҳкум ба нобудиянд.

Як намуна ҳамкории муваффақи Русия бо бисёре аз кишварҳо дар заминаи энержии ҳастаӣ аст. Ба унвони мисол, соли гузашта мутахассисони “Росатом” дар Миср сохти аввалин неругоҳи ҳастаии ин кишвар ба номи “Алдабаъа”-ро оғоз карданд. Аввалин нерӯгоҳи ҳастаии Русия на танҳо дар Миср, балки дар Африқо низ мутааллиқ ба насли "3+" аст.

Ин проект сохти чаҳор воҳиди нерӯ бо реакторҳои русии ВВЭР-1200-ро фароҳам мекунад, ки болотарин талаботи байналмилалиро барои короӣ ва эминӣ бароварда мекунад. Маҷмӯъи зарфияти электрикии насбшудаи “Алдабаъа” тақрибан 4.8 гигаватт хоҳад буд.

Намунаи дигар Ҳинд аст, ҷое, ки ширкати “Росатом” дар сохти бузургтарин нерӯгоҳи ҳастаӣ дар ин кишвар мушорикат дорад. Нерӯгоҳи ҳастаии "Куданкулам" барои баҳрабардорӣ аз 6 воҳиди нерӯ тарроҳӣ шудааст ва зарфияти куллии он ба 6 гегаватт мерасад.

Имрӯз майдони сохтмони “Куданкулам” сердодам ва кор дар он дар ҷӯшу хурӯш аст - дар декабри соли гузашта мутахассисон сохтусози шашумин воҳиди нерӯро оғоз карданд. Дар авоили тобистон сӯхти ҳастаии ҷадиду модерн вориди истгоҳ шуд, ки боиси афзоиши боздеҳи иқтисодии истгоҳ мешавад. Ҳубобсоз (барботер) барои реактори панҷум барои ирсол аз Русия ба Ҳинд омода мешавад. Ҳубобсоз дар корхонаи мошинсозии Русия “Зио-Подолск” сохта шудааст.

Таърихчаи худи истгоҳи “Куданкулам” ҷолиб аст. Аввалин тавофуқот байни Русияву Ҳинд дар авохири даҳаи 1980 анҷом шуда буд. Фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ шурӯъи ин проектро ба таъхир андохт, аммо дар авосити даҳаи 90, Маскаву Деҳлӣ дубора забони муштарак ёфтанд. Дар соли 1998 қарордоди ҷадиде ба имзо расид, ки Иёлоти Муттаҳида барои он монеъа эҷод кард. Алорағми мухолифати ошкори Кохи Сафед, дар соли 2002 бетонрезӣ барои аввалин дастгоҳҳои реакторӣ бо ВВЭР-1000 оғоз шуд. Барои таҳвили эмини таҷҳизоти мунҳасир ба фард дар андозаи бузург, як бандари дарёии ҷадид дар савоҳили Уқёнуси Ҳинд сохта шуд.

Бахши муҳандисии “Атомстройэкспорт” (Росатом) ҳуҷҷатгузориро такмил намуда, назорати меъмориро анҷом дод, таъмини таҷҳизот, пуштибонии фаннӣ ва омӯзиши мутахассисони ҳиндиро барои амалиёти бештари корхона фароҳам кард.

Ҳинд кори насбу роҳандозии воҳидҳои барқро бар ӯҳда гирифт, мутахассисони русӣ бо мушовира аз ҳамкорони худ ҳимоят карданд. Давраи сохтусоз ба муддати ду сол ба тӯл анҷомид, аммо донишмандон ва созандагони ҳастаии Ҳинд таҷрибаи бисёр арзишманде ба даст оварданд. Ба лутфи он, воҳидҳои барқии ҷадид бисёр сареътар сохта мешаванд.

Роҳандозии таърихии аввалин воҳиди барқ дар соли 2013 анҷом шуд ва се сол баъд ба баҳрабардории тиҷорӣ расид.

Тавтиаҳои мухолифони сохтмон монеъи ба таъхир афтодани зарбулаҷал мегашт. Роҳҳо дар вурудиҳои истгоҳ масдуд мешуд, то дар таҳвили таҷҳизот ихтилол эҷод шавад. Маскаву Деҳлӣ мутмаин ҳастанд, ки ин эътирозот аз хориҷ таъмини молӣ ва ҳидоят шудааст.

Имрӯз ҳеҷ чиз бо сохтмон халал намерасонад. Соли оянда роҳандозии воҳиди панҷум ва як сол баъд роҳандозии воҳиди шашумини барқ барномарезӣ шудааст.

“Куданкулам” охирин нерӯгоҳи ҳастаӣ нест, ки бо мушорикати Русия дар Ҳинд сохта мешавад. Мақомоти ду кишвар дар ҳоли музокира барои сохти як нерӯгоҳи ҳастаии ҷадид ҳастанд.

Ҳамкории Ҳинд бо шарикони аврупоиаш чандон муваффақ нест. Дар соли 2010 Деҳливу Париж барои сохти қавитарин нерӯгоҳи ҳастаии ҷаҳон – “Ҷайпатур” - тавофуқ карданд. Фаронсавиҳо қавл доданд, ки ҳимояти фановарии ин проектро анҷом медиҳанд, аммо мавзӯъ фаротар аз сӯҳбатҳо пеш нарафт.

Шарикони ғарбӣ дар ҳоли аз даст додани эътимод ҳастанд, аз ин хотир, густариши БРИКС ва тақвияти ҳамкорӣ дар даруни созмон аз аҳамияти болое бархурдор аст. Дар ҳоли ҳозир, донишмандони ҳастаии русӣ дар ҳоли сохти 35 воҳиди нерӯгоҳи ҳастаӣ дар 12 кишвари ҷаҳон ҳастанд ва омодаанд таҷрибиёти худро бо муттаҳидони ҷадид ва аз қабл исботшудаи худ ба иштирок гузоранд.


Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!