Мо дар ин шатранҷи ҷуғрофиёи сиёсӣ чӣ нақше дорем: бозигари фаъол ё тамошогари хомӯш?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Матлаби аслӣ: ۱۵ آگوست ۲۰۲۱ و دو استراتژی ایالات متحده
Понздаҳуми августи 2021, рӯзи суқути ҷумҳурияти Афғонистон ва тасаллут ёфтани Толибон бар Кобул, танҳо як рӯйдоди сиёсати дохилӣ набуд. Ин рӯз нуқтаи атфе дар муодилаҳои ҷуғрофиёи сиёсӣ ва лаҳзае буд, ки Афғонистон аз як кишвари таҳти ишғол ба майдони бархӯрди мустақими қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ табдил шуд. Дар ин миён, Толибон ҳамчун сенарияе барои пешбурди ин ишғол, монанди бозуи ивазии минтақаӣ ва фароминтақаӣ амал карданд.
Дар ин бистари таҳлилӣ бар хилофи фаҳмиши маъмулӣ ва тасаввури роиҷ, хориҷ шудани Иёлоти Муттаҳида аз Афғонистон на натиҷаи танҳо шикаст, балки бахше ҳисобшуда аз ду стратегияи калидии Вашингтон буд: бозмувозанасозӣ (Rebalancing) ва бетаъминсозӣ (Destabilization). Ин ду стратегия маҳсули рақобати ҷуғрофиёи сиёсӣ дар қарни бисту як байни меҳвари Шарқ, ки Чин, Русия ва Эронро дар бар мегирад ва Иёлоти Муттаҳида мебошанд.
Иёлоти Муттаҳида дар даҳаҳои ахир ба ин натиҷа расида буд, ки хароҷоти ҳузури мустақими низомӣ дар минтақаҳои буҳронхез, махсусан Ховари Миёна ва Афғонистон, бештар аз манфиатҳои он аст. Стратегияи бозмувозанасозӣ бар ин асос шакл гирифт, ки ҳузури мустақими гаронқимат коҳиш дода шавад, масъулияти амниятӣ ба шарикони минтақаӣ ва нерӯҳои ивазӣ вогузор гардад ва манобеи озодшуда ба ҷабҳаҳои муҳими дигар, махсусан барои маҳдуд кардани Чин дар Шарқи Осиё, интиқол ёбад.
Афғонистон дар ин чорчӯб ба як озмоишгоҳи стратегӣ табдил шуд. Вашингтон дарёфт, ки ҳатто бидуни доштани ҳазорон сарбоз дар хоки Афғонистон метавонад тавассути абзорҳои иттилоотӣ, амалиёти ҳавопаймоҳои бесарнишин ва шабакаҳои нуфуз бар муодилаҳои ин кишвар таъсир бигузорад. Аз ҳамин сабаб, хориҷ шудани низомии Амрико ба назар ақибнишинӣ менамуд, аммо дар амал як манёври ҳадафманд барои интиқоли манобеъ ба нуқтаҳое чун Баҳри Ҷанубии Чин ва Тайван ҳисоб мешуд.
Стратегияи дуюми Иёлоти Муттаҳида – бетаъминсозӣ бар ин поя устувор буд, ки Афғонистон баъди хориҷ шудан ба як буҳрони назоратшуда табдил гардад. Ҳадафи ин равиш ин набуд, ки Афғонистон ба ҳоли худ раҳо шавад, балки он бояд ба саҳнае табдил меёфт, ки рақибонро даргир ва манобеи онҳоро фарсуда созад. Вашингтон бо огоҳӣ аз мавқеи ҷуғрофиёи сиёсӣ ва нозукии сохтори сиёсӣ, заминаро фароҳам сохт, то ин кишвар даргири кашмакашҳои дохилӣ ва минтақавӣ шавад, қудратҳои рақиб мисли Эрон, Русия ва Чин ба он кашонда шаванд ва ДОИШ низ ҳамчун бозигари вайронгар фаъол бимонад. Ин вазъ метавонист Толибонро таҳти фишор қарор диҳад, таҳдиди муштарак барои ҳамсоягон эҷод кунад ва баҳонае барои мудохилаҳои маҳдуд ва интихобии Амрико боқӣ бигузорад.
Паёмадҳои хориҷ шудани Амрико зуд дар мувозинати қудрати минтақавӣ ошкор гардид. Покистон, ки нақши калидӣ дар пирӯзии Толибон дошт, нуфузи стратегии худро дар Кобул густариш дод. Чин фурсат ёфт, то роҳҳои “Камарбанд ва роҳ”-ро аз тариқи Афғонистон тақвият кунад ва Русия низ ҳузури амниятии худро дар Осиёи Марказӣ таҳким бахшид. Бо ин вуҷуд, ин таҳаввулот ба маънои шикасти комили Иёлоти Муттаҳида набуд, зеро Вашингтон ҳисоб карда буд, ки ҳар чӣ қудратҳои Шарқ бештар дар Афғонистон сармоягузорӣ кунанд, ба ҳамон андоза даргири мушкилоти печида ва музмини он хоҳанд шуд.
Имрӯз Афғонистон ба як майдони минаи ҷуғрофиёи сиёсӣ табдил ёфтааст. Меҳвари Шарқ мекӯшад бо эҷоди низоме чандқутбӣ аз гегемонияи Амрико фосила бигирад ва Вашингтон низ дар талош аст, ки аз буҳрони Афғонистон ҳамчун абзоре барои маҳдуд кардани ин меҳвар истифода кунад. Аммо хароҷоти ҳамаи ин бозии хатарноки амниятӣ ва ҷуғрофиёи сиёсиро мардумони Афғонистон мепардозанд. Мардумони одӣ, занону духтароне, ки аз таҳсил бозмондаанд, ҷавонон ва истеъдодҳое, ки маҷбур ба фирор шудаанд ва чор соле, ки дар рукуд ва хафақон сипарӣ шудааст.
Толибон ба саркӯби сохторӣ рӯ меоранд ва бо истифодаи комил аз фурсат, тамоми бахшҳои ҷомеаро ҳадаф қарор медиҳанд. Ин режим дар тӯли чаҳор соли гузашта ҳеҷ дастоварде, ки мояи хушбахтии мардум бошад, надоштааст. Танҳо даъвое, ки ба он меболад, “таъмини амният” аст, аммо чунон ки зарбулмасал мегӯяд: “Дузд чун ҳоким шавад, чизе барои дуздӣ намемонад.”
Имрӯз ихтилолкунандагони амният худ ба нерӯе табдил ёфтаанд, ки ба гумони хеш амниятро барқарор кардаанд. Интиҳорӣ дар дили ин низом, қассобу одамкуш дар миёни онҳо, роҳзан дар нисфи роҳ ва қонунгузори худхонда дар сафҳояшон ҳузур дорад, ки ба ихтизор ва ришвагирӣ машғул аст. Идораи истихборот, Вазорати дохила, Вазорати дифоъ ва тамоми малишаҳои Толибон, мувофиқ ба қонунҳои худсоз ва баҳонаҳое, ки меофаранд, ба ихтизор ва фасоди созмонёфта мепардозанд.
Дар чунин ҳолат, ғайр аз Толибон нерӯи дигаре барои ихтилол додани амният боқӣ намондааст. Дар сояи ин ноамниҳо равиши ҷории хафақонро “амнияти саросарӣ” ном ниҳодаанд, дар ҳоле ки танҳо Толибон қодир ба интиҳор, дуздӣ ва ихтилолсозии амният буданду ҳастанд.
Ба назар мерасад, ки дар паси ин ноустувориҳо ва саркӯби сохторӣ, қудратҳои бузург машғули муомила бар сари манофеи худ дар майдони Афғонистон ҳастанд. Аз ин рӯ, понздаҳуми августи 2021 танҳо як таърих дар тақвими сиёсӣ нест, балки рамзест, ки нишон медиҳад дар низоми ҷаҳонии имрӯз, тағйири ҳукуматҳо ҳатман маънои тағйири бозиро надорад. Саҳифаи бозиро онҳое тарҳрезӣ мекунанд, ки қоидаҳоро мешиносанд ва абзорро дар ихтиёр доранд.
Иёлоти Муттаҳида бо ду стратегия – бозмувозанасозӣ ва бетаъминсозӣ – Афғонистонро тарк накард, то онро аз даст бидиҳад, балки онро ба саҳнае барои фарсудани рақибонаш табдил дод. Барои миллати Афғонистон ин як ҳушдори ҷиддӣ аст, ки бидуни стратегияи миллии мустақил, ҳар таҳаввули сиёсӣ дар Кобул танҳо иваз шудани муҳраҳо дар саҳнае хоҳад буд, ки дигарон чидаанд.
Имрӯз суоли асосӣ ин аст, ки мо дар ин шатранҷи ҷуғрофиёи сиёсӣ чӣ нақше дорем: бозигари фаъол ё тамошогари хомӯш? Ояндаи Афғонистон на дар тавофуқоти пушти дарҳои баста, на дар пойгоҳҳои низомии хориҷӣ ва на дар ваъдаҳои қудратҳои Шарқу Ғарб шакл мегирад, балки ба тавоноии мо дар тарҳрезии бозӣ бар асоси манофеи миллӣ вобаста аст. Мутаассифона, сиёсатҳои тафриқаандозонаи Карзай, Ғанӣ ва Толибон шикофҳои қавмиро ба шакле амиқ сохтаанд, ки тамоми заминаҳои ҳамгироии миллӣ ва талош барои миллатсозиро аз байн бурдаанд. Дар натиҷа, ҳатто ваҳдати миллӣ низ дар ин шароит номумкин ба назар мерасад, магар он ки вокунише мунсаҷим ва созмонёфта аз сӯи мардум дар муқобили вазъи кунунӣ шакл бигирад.
Бояд бидонем, ки понздаҳуми август, агарчи рӯзи суқути ҷумҳурият буд, аммо метавонад оғози бедории ҷуғрофиёи сиёсӣ ва миллӣ бошад. Бедорие, ки шарти бақо ва иззати ин сарзамин дар қарни бисту як аст. Шояд ин бедорӣ дерҳангом бошад ва шояд худ бахше аз барномаи қудратҳои бузург барои иҷрои сиёсати “тафриқа андозу ҳукмронӣ кун” тавассути Карзай, Ғанӣ ва Толибон буда бошад, то мардуми моро ба унсуре манфӣ, бенақш ва тамошобин табдил кунанд. Чунин раванд заминаи муваффақияти тарҳҳои истеъмориро фароҳам сохта ва онро бидуни монеа пеш мебарад.