Хабари рӯз

Мақоми раисии ИДМ барои Тоҷикистон чӣ аҳамият хоҳад дошт?

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Сохтори сиёсии ҷаҳони муосир дар солҳои охир тағйиротҳои ҷиддиро аз сар мегузаронад: ҷаҳон аз низоми дуқутбӣ ва гегемонӣ ба сохти нави геополитикӣ бо якчанд бозингарони бонуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ - яъне ба як низоми одилонаи ҷаҳонӣ мегузарад, ки барои ҳамаи мамлакатҳо имконияти тараққӣ карданро фароҳам меорад. Дар партави ин гузариш шиддатгирии раванди «минтақакунонӣ» ба назар мерасад ва аз ин рӯ, аҳамияти иттиҳодияҳои гуногуни минтақавӣ меафзояд. Яке аз иттиҳодияҳои бонуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ - ин Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи он мебошад. Иттиҳод расо 33 сол пеш, 8-уми декабри соли 1991 ташкил ёфт ва қариб ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ба он шомил гардиданд. Иттиҳод ба як майдони муколама ва ҳамкории давлатҳои соҳибистиқлол табдил ёфт, ки дар ҳудуди он дӯстии халқҳо нигоҳ дошта мешавад. Имрӯз ИДМ дар фаъолияти худ ба чӣ афзалият медиҳад ва узвият дар ин Иттиҳод ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?

Лоиҳаҳои башардӯстонаи ИДМ: Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод, Пойтахти ҷавонони ИДМ, Пойтахти варзишии Иттиҳод, Бозиҳои кишварҳои ИДМ, Форумҳои зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои ИДМ, Анҷумани омӯзгорону кормандони маориф, Иттиҳоди дебютҳо, Форуми олимон, Донишгоҳи шабакавӣ, Ситораҳои Иттиҳод, Санъати китоб, Намоишгоҳи байналмилалии «ART EXPO», Маҷмӯаи тиллоии филмҳо, Фестивали филмҳои ҳуҷҷатӣ, Бозиҳои Делфӣ, Фестивали байналмилалии варзишии мактабӣ, Travel HUB «Иттиҳод», Мубориза бар зидди коронавирус, Осорхонаҳои виртуалии ИДМ.

 

ФАЪОЛИЯТИ САМАРАНОК

Дар тӯли таърихи беш аз 30-солаи худ ИДМ дар арсаи байналмилалӣ нуфузу эътибор пайдо карда, дар масъалаҳои ҳамкорӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст, ва муҳимтар аз ҳама, дар доираи ИДМ байни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дар аксари самтҳои ҳамкорӣ робитаҳои зич нигоҳ дошта мешавад.

Лоиҳаҳои башардӯстонаи ИДМ: Пойтахтҳои фарҳангии ИДМ, Пойтахти ҷавонони ИДМ, Пойтахти варзишии ИДМ, Бозиҳои кишварҳои ИДМ, Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои ИДМ, Ҷамъомади омӯзгорону кормандони соҳаи маориф, Иттиҳоди дебютҳо, Форуми олимон, Донишгоҳи шабакавӣ, Ситораҳои Иттиҳод, Санъати китоб, Намоишгоҳи байналмилалии «ART EXPO», Маҷмӯаи тиллоии филмҳо, Фестивали филмҳои мустанад, Бозиҳои Делфӣ, Фестивали байналмилалии варзишии мактабӣ, Travel HUB “Иттиҳод”, Мубориза бар зидди коронавирус, Осорхонаҳои виртуалии ИДМ.

Дар доираи созмон қариб ҳар рӯз дар тамоми гӯшаву канори Иттиҳод чорабиниҳо баргузор карда мешаванд: масалан, санаи 8 декабр дар Душанбе ҷаласаи 27-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти ваколатдор оид ба танзими бозори коғазҳои қиматноки кишварҳои ИДМ баргузор гардид, 5 декабр дар шаҳри Москва форуми байналмилалии китобҳои бачагонаву наврасонаи мамлакатҳои ИДМ барпо гардид, 4 декабр дар Нижний Новгород ҷаласаи 25-уми Комиссияи давлатҳои узви ИДМ оид ба истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта барпо гардид. Дар охири моҳи ноябр ҷавонони кишварҳои ИДМ дар Форуми ҷавонони созмонҳои давлатҳои узви ИДМ иштирок карданд. Ҳамчунин соли ҷорӣ Форумҳои ҷавонон дар Душанбе, Иссиқ-кӯл, Тошканд ва Минск баргузор гардиданд.

Гардиши молии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар соли 2024 19,5% афзоиш ёфтааст.

ИДМ аз дигар иттиҳодияҳои минтақавӣ, пеш аз ҳама, бо он фарқ мекунад, ки фаъолияти он ба ҳамкориҳо бо фарогирии доираи васеи иштирокчиён ва як қатор соҳаҳо, аз қабили соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ, гуманитарӣ, фарҳангӣ ва ғайра нигаронида шудааст. Ҳамзамон, тибқи Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳамчун самти аз ҳама авлавиятнок барои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муайян карда шудааст, ин ба кишварҳои иштирокчӣ имкон медиҳад, ки таъсири худро ба равандҳои иқтисодии ҷаҳонӣ афзоиш диҳанд ва иқтисодиёти миллии худро тақвият бахшанд.

Байни кишварҳои ИДМ минтақаи озоди савдо таъсис дода шудааст, илова бар ин, иттиҳод тавсеаи имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои аъзо, инчунин густариши ҳамкориҳои мутақобиларо дар табдилдиҳии рақамии бахшҳои иқтисодиёт, дар самти илмию техникӣ ва инноватсионӣ ба нақша гирифтааст.

Гардиши молии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар соли 2024 19,5% афзоиш ёфтааст

Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ мегӯяд: "Дар соли ҷорӣ афзоиши гардиши мол дар дохили кишварҳои ИДМ нисбат ба соли 2023 10,7 фоиз афзоиш ёфтааст, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки кишварҳои Иттиҳод ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро мустаҳкамтар мекунанд. Барои рушд додани ин равандҳо ташаккул додани замина, шароит ва санадҳои меъёрӣ тариқи сохторҳои ИДМ, мулоқотҳо ва ҷаласаҳои вазоратҳои кишварҳои ИДМ муҳим аст. Афзоиши назарраси гардиши мол байни кишварҳои ИДМ ба назар мерасад, ин аз беҳбудиҳои Иттиҳод дар ин самт шаҳодат медиҳад».

Коршинос, инчунин, аҳамияти Консепсияи ташаккули марҳилавии бозори умумии меҳнат ва танзими муҳоҷирати меҳнатиро дар кишварҳои ИДМ, ки охири моҳи ноябр дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ дар Маскав қабул карда шуд, қайд мекунад: «Соли ҷорӣ дар масъалаи бозори умумии меҳнат дар ИДМ пешравиҳои муайян ба даст оварда шуданд - ин як самти хеле муҳим аст ва дар ҷаласаи ахир консепсияи ташаккули марҳилавии бозори умумии меҳнат, ки ба осонкунии муҳоҷират ва ҳаракати қувваи корӣ нигаронида шудааст, тасдиқ карда шуд. Барои Тоҷикистон, ба монанди як қатор кишварҳои дигари ИДМ, бахуссус Русия ва Қазоқистон, ки ҳамчун кишварҳои (ҷонибҳои) асосии қабулкунандаи муҳоҷирон баромад мекунанд, ин масъалаи хеле муҳим аст. Бозори умумии меҳнат танзим ва ҳамкории кишварҳоро тақозо мекунад ва мехостем, ки ин масъала то ҳадди имкон шаффоф ва танзимшуда бошад”.

Дар доираи иттиҳод 88 мақомот амал мекунанд, ки асоситарини онҳо Шӯрои сарони давлатҳо мебошад. Нишасти сарони кишварҳои ИДМ дар як сол ду маротиба баргузор мегардад, инчунин мулоқотҳои ғайрирасмӣ низ баргузор мешаванд.

 

РАЁСАТИ ТОҶИКИСТОН

Ҳар сол яке аз кишварҳо раёсати Иттиҳодро ба ӯҳда мегирад - ин мақом ӯро муваззаф менамояд, ки иттиҳодро дар сатҳи байналмилалӣ намояндагӣ кунад, инчунин самтҳои афзалиятнокро муайян намуда, фаъолияти ҳамаи мақомотҳоро ташкил ва иҷрои қарорҳои қабулшударо назорат кунад. Соли 2025 раисии ИДМ аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад. Пас аз қабули шудани қарор дар ин бора, Эмомалӣ Раҳмон ҷанбаҳои асосии фаъолияти Иттиҳодро барои соли оянда эълон (муаррифӣ) кард. Таваҷҷӯҳи махсус ба пешбурди рӯзномаи иқтисодӣ, экологӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин рушди ҳамкориҳои байни парламентҳо дода мешавад.

Сарвари Тоҷикистон ҳамчунин зарурати таҳкими ҳамкориҳои амалӣ дар мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои амниятиро қайд намуд: “Мо ба тавсеаи робитаҳои ИДМ бо СММ ва иттиҳодияҳои минтақавии СҲШ, СПАД, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, аз ҷумла бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои муштарак дар Душанбе, Ню-Йорк ва Пекин, диққати махсус хоҳем дод”.

«Дар ҷанбаи сиёсӣ корҳо барои рушди симои мусбати ИДМ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун иттиҳодияи минтақавӣ идома хоҳанд ёфт». Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

 

МАҚОМИ РАИСИ ИДМ БАРОИ ТОҶИКИСТОН ЧӢ АҲАМИЯТ ХОҲАД ДОШТ?

«Аз 1 январи соли 2025 раёсати ИДМ ба Тоҷикистон мегузарад (бори охир Тоҷикистон раисии Иттиҳодро соли 2018 ба ӯҳда дошт) ва албатта ин як рӯйдоди хеле муҳим аст, зеро ин ба мо имкон медиҳад, ки мавзӯъҳо ва самтҳои афзалиятнокро муайян ва баррасӣ намуда, роҳи ҳалли онҳоро пайдо кунем. Худи низоми раёсат дар ИДМ, пеш аз ҳама, муайян кардани рӯзномаро дар назар дорад ва Тоҷикистон аллакай эълон кардааст, ки дар соли 2025 беш аз 100 чорабинии гуногун вобаста ба иқтисодиёт, масъалаҳои башардӯстона, робитаҳои фарҳангӣ, ҳамкориҳои сохторҳои амниятӣ, машваратҳои сиёсӣ ба нақша гирифта шудааст, яъне дар доираи раисии Тоҷикистон дар ИДМ тақрибан ҳар 3-4 рӯз чорабиниҳо гузаронида мешаванд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Дар самти сиёсӣ корҳо барои баланд бардоштани симои мусбати ИДМ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун иттиҳодияи минтақавӣ идома хоҳанд ёфт».

Дар тӯли 7 соле, ки аз замони раёсати охирини Тоҷикистон дар ИДМ сипарӣ гашт, кишвари мо дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ таҷрибаи бештар андӯхтааст ва ман фикр мекунам, ки Тоҷикистон дар соли 2025 ин вазифаро дар сатҳи хеле баландтар иҷро хоҳад кард, яъне аз ӯҳдаи ҳалли масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа гузошташуда мебарояд.

Кишварҳои ИДМ 16%-и қаламрави ҷаҳонро, ки дар он 286 миллион нафар умр ба сар мебаранд, ишғол мекунанд, ин 3,8%-и аҳолии тамоми ҷаҳонро ташкил медиҳад. Илова бар ин, ба кишварҳои узви ИДМ қариб 30 фоизи захираҳои гази табиӣ ва ангишт, 20 фоизи нафт, 36 фоизи уран, 20 фоизи тилло ва 13 фоизи заминҳои корам рост меояд.

Соли оянда кишварҳои ИДМ 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро таҷлил хоҳанд кард ва аллакай ба ин муносибат санаи 9 майи соли 2025 дар шаҳри Маскав ҷашнвораи (чорабинии) бузург ба нақша гирифта шудааст. Дар нишасти охирини сарони кишварҳои ИДМ, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон ният дорад дар доираи раёсати худ 80-умин солгарди Рӯзи Ғалабаро ба таври васеъ ҷашн гирад.

Кишварҳои ИДМ 16% ҳудуди тамоми ҷаҳонро ишғол мекунанд, ки дар он 286 миллион нафар одамон зиндагӣ мекунанд, ин 3,8 фоизи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Ба кишварҳои узви ИДМ қариб 30 фоизи захираҳои гази табиӣ ва ангишт, 20 фоизи нафт, 36 фоизи уран, 20 фоизи тилло ва 13 фоизи заминҳои корам рост меояд.

Албатта, мақоми раиси ИДМ ба ҳар як кишвар имкон медиҳад, ки таваҷҷӯҳи дигар кишварҳоро ба он масъалаҳое, ки барои ин кишвар афзалиятнок ва нигаронкунандаву ҳалталаб мебошанд, ҷалб намояд. Соли оянда дар Тоҷикистон баргузории як чорабинии бузурги байналмилалӣ бахшида ба ҳифзи пиряхҳо ва оби пок дар назар аст. Ман фикр мекунам, ки Тоҷикистон аз мақоми худ дар ИДМ истифода карда, боз як қатор чорабиниҳоро, ки ба дастгирии ин масъала нигаронида шудаанд, ба нақша мегирад, зеро ин яке аз мавзӯъҳои калидиест, ки Тоҷикистон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ бардоштааст. Ва ин бо назардошти теъдоди зиёди пиряхҳо ва захираҳои оби тозае, ки кишвари мо дорад, қобили дарк ва қабул аст.

«Соли оянда ба таъсисёбии ИДМ 34 сол пур мешавад ва ин аллакай мӯҳлати калон аст. Кишвари мо ба таҳкими мавқеи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар арсаи байналмилалӣ манфиатдор аст, аз ин рӯ, фикр мекунам, ки соли раёсати Тоҷикистон дар ИДМ ба наздикшавии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил такони тоза бахшида, мақоми онро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боло мебарад”.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!