Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.
Вайро яке аз афроди хоси Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, унвон мекунанд, ки ҷавонии худро дар сангарҳои ҷиҳоду муқовимат сипарӣ кард ва бо номи неку дастони пок аз олам рафт.