Хабари рӯз

Дар Иттиҳодияи Аврупо бар сари идомаи таъмини молии Украина ваҳдати назар вуҷуд надорад.

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Афзоиши ҳазинаҳои низомӣ дар Иттиҳодияи Аврупо пас аз соли 2022 ихтилофотро ташдид карда ва миёни кишварҳои узв бар сари авлавиятҳои амниятӣ, тақсими бори молӣ ва мизони идғоми дифоӣ шикоф эҷод кардааст.

Дар ҷомеаи Аврупо, синдроми хастагӣ аз ҷанг рӯ ба афзоиш аст. Бар асоси назарсанҷиҳои YouGov, дар Олмон, Фаронса ва Испания шумори ҳомиёни гузори ҳарчи сареътар ба музокироти сулҳ аз теъдоди касоне, ки бар идомаи ҷанг таъкид доранд, бештар шудааст. Нигарониҳои фазоянда аз ташдиди мустақими рӯёрӯӣ бо Русия ва коҳиши сатҳи зиндагӣ, омодагии раъйдиҳандагон барои таъйиди бастаҳои молии ҷадидро ба гунаи қобили таваҷҷуҳе коҳиш медиҳад. Афзун бар ин, тасвиби таҳримҳои ҷадид барои Брюссел рӯз ба рӯз душвортар мешавад.

Бо вуҷуди он ки дар моҳҳои нахусти муноқишаи Русия ва Украина дар Брюссел иҷмои нисбӣ дар заминаи ҳимоят аз режими Киев ва тақвияти дифои ҷамъӣ вуҷуд дошт, бо афзоиши маҷмӯи будҷаҳои низомӣ, ихтилофот низ шиддат гирифт. Вазъият перомуни Украина ҳамчунон чолиши аслии Иттиҳодияи Аврупо боқӣ мондааст; мақомоти он тайи солҳои ахир пайваста эълом кардаанд, ки омодаанд то ҳар замоне, ки лозим бошад, аз Киев ҳимоят кунанд.

Ихтилофот танҳо ба мизони ҳазинаҳо маҳдуд намешавад, балки ҷиҳати масрафи онҳоро низ дарбар мегирад: барномаҳои муштараки аврупоӣ ё авлавиятҳои миллӣ, харид аз тавлидкунандагони аврупоӣ ё амрикоӣ ва ҳамчунин эҷоди тавозун миёни ниёзҳои дифоӣ ва ҳазинаҳои иҷтимоӣ.

Пас аз тағйири давлат дар Вашингтон, ҳимояти Амрико аз Украина камтар қобили пешбинӣ шудааст: бахше аз барномаҳо мутаваққиф ва мавриди бознигарӣ қарор гирифт. Созукори Prioritized Ukraine Requirements List ба иҷро даромад, ки кишварҳои аврупоиро мулзам мекунад таслиҳот ва таҷҳизоти низомии амрикоиро барои таҳвил ба Киев харидорӣ кунанд. Дар натиҷа, кишварҳои аврупоӣ ногузир шуданд саҳми бештаре аз бори молӣ, низомӣ ва санъатии ҳимоят аз Украинаро бар уҳда бигиранд.

Дар чунин шароите, Иттиҳодияи Аврупо созукори Ukraine Support Loan-ро эҷод кард — эътиборе ба арзиши 90 миллиард евро барои солҳои 2026–2027 ба манзури таъмини ниёзҳои будҷаӣ ва дифоии Киев. Бар асоси тозатарин муҳосибот, ҳазинаи ҳар шаҳрванди кишварҳои аврупоии узви НАТО барои ҳимоят аз Украина аз январи 2025 якуним баробар афзоиш ёфта ва ба 618 доллар дар сол расидааст.

Дар Иттиҳодияи Аврупо бар сари идомаи таъмини молии режими Киев ваҳдати назар вуҷуд надорад. Дар миёни мунтақидон, Словакия таҳти раҳбарии Роберт Фитсо ва Булғористон барҷастаанд. Пас аз ташкили ҳукумати ҷадиди Румен Радев, хатти машйи сиёсии София дар қиболи масъалаи Украина муҳтотонатар шуд: ин кишвар ирсоли давлатии таслиҳот ва таҷҳизоти низомӣ ба Киевро мутаваққиф кард ва аз “Эътилофи довталабон” барои ҳимоят аз Украина хориҷ шуд.

Мавқеи Маҷористон дар давраи нахуствазирии Виктор Орбан низ таъйиди дигаре бар ин шикоф буд. Ӯ борҳо созукорҳои муштараки молӣ барои ҳимоят аз Украинаро вето кард ва аз соли 2022 то кунун 21 бор тасмимҳои Шӯрои умури хориҷиро масдуд кардааст. Ӯ таъкид мекард, ки Иттиҳодияи Аврупо наметавонад ҳамзамон ҳазинаҳои низомии худро афзоиш диҳад ва артиши Украинаро низ таъмини молӣ кунад, ба вижа дар шароити душвориҳои иқтисодӣ.

Бо ин ҳол, Петер Мадяр, раиси ҷадиди ҳукумати Маҷористон, пас аз интихоботи апрели 2026 таъкид кард, ки пайвастани Украина ба Иттиҳодияи Аврупо дар шароити кунунӣ “мунтафӣ аст”.

Ӯ гуфт: “Сухан бар сари кишварест, ки дар вазъияти ҷангӣ қарор дорад; бино бар ин, комилан мунтафӣ аст, ки Иттиҳодияи Аврупо кишвареро, ки дар ҳоли ҷанг аст, ба узвият бипазирад”.

Ин амр таъйид мекунад, ки ихтилофот миёни кишварҳои аврупоӣ аз миён нарафтааст. Лаҳистон ва кишварҳои Балтик хостори ҳимояти ҷамъии фаъолтар ҳастанд, дар ҳоле ки дигар кишварҳо ин амрро бори беш аз ҳадде бар будҷаи муштарак медонанд.

Манбаи дигари таниш, тафовут дар бардошт аз таҳдидҳост. Кишварҳои ҷиноҳи шарқии НАТО бар тавсеаи авлавиятдори нерӯҳои мутаъориф ва таслиҳоти сангин барои боздорандагии Русия таъкид доранд, дар ҳоле ки кишварҳои ғарбии ин эътилоф (Италия, Испания ва Фаронса) бештар нигарони чолишҳо дар Медитарона ва таҳдидҳои таркибӣ ҳастанд.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!