Хабари рӯз

“Дӯстон”-и Шӯравӣ чӣ гуна муҷоҳидини Афғонистонро бо силоҳи Шӯравӣ икмол мекарданд?

Нависанда: Муҳаммад Ориф Ирфон, таҳлилгар (Афғонистон)

Ҷанги Афғонистон дар даҳаи ҳаштоди мелодӣ танҳо рӯёрӯии низомии Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ бо гурӯҳҳои муҷоҳидин набуд, балки ба майдони густурдаи рақобатҳои истихборотӣ, муомилоти пинҳонии таслиҳотӣ ва манофеи геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ табдил шуда буд.

Дар ин ҷанг, умдатан Амрико, Арабистони Саудӣ ва Покистон шабакаи азиме аз ҳимояти молӣ ва низомиро барои муҷоҳидин созмон доданд. Аммо яке аз таноқузҳои таърихӣ он буд, ки Чини сотсиалистӣ ва шабакаҳое дар кишварҳои узви Паймони Варшава низ дар таъмини таслиҳоти мавриди истифодаи ин амалиёт саҳм доштанд.

Гузоришҳои таҳқиқии расонаҳои амрикоӣ ва ривояти шаҳзода Туркӣ ал-Файсал, раиси пешини истихбороти Арабистони Саудӣ, дар китоби «Парвандаи Афғонистон» абъоди ин муносиботи пинҳониро рӯшан месозанд. Ин воқеиятҳо пурсишҳои ҷиддиро дар бораи шикофҳои сиёсӣ, фарсоиши ҳамбастагии идеологӣ ва ғалабаи манофеи иқтисодӣ дар бахшҳое аз урдугоҳи сотсиалистӣ, пеш аз фурӯпошии расмии он, матраҳ мекунанд.

Нақши Чин дар ҷиҳоди Афғонистон

Чин, бо вуҷуди низоми сиёсии сотсиалистии худ, дар чорчӯби рақобати шадид бо Иттиҳоди Шӯравӣ, ба яке аз манобеи умдаи таслиҳоти муҷоҳидини Афғонистон табдил шуд.

Бар бунёди гузориши таҳқиқии «Вашингтон пост», Созмони истихбороти марказии Амрико дар солҳои нахусти ҷанг бахши бузурге аз таслиҳоти мавриди ниёзи муҷоҳидинро мустақиман аз ҳукумати Чин харидорӣ мекард. Ин таҷҳизот шомили туфангҳои худкор, рокетандозҳо, минаҳо ва силоҳҳои зиддиҳавоӣ буд, ки аз тариқи бандари Карочӣ ба Покистон интиқол меёфтанд.

Ба гуфтаи яке аз масъулони амрикоӣ, даромади Чин аз фурӯши таслиҳот ба Созмони истихбороти марказии Амрико дар авосити даҳаи ҳаштод ба ҳудуди яксад миллион доллар дар сол мерасид. Афзун бар он, Чин ҳудуди даҳ то понздаҳ дарсади таслиҳот ва муҳиммотро низ ба сурати ройгон барои муҷоҳидини Афғонистон фароҳам мекард.

Шаҳзода Туркӣ ал-Файсал низ дар сафҳаи 42 китоби «Парвандаи Афғонистон» Чинро яке аз таъминкунандагони муассири таслиҳоти муҷоҳидин муаррифӣ мекунад ва аз кайфияти муносиби таҷҳизот, таҳвили бамавқеъ ва ҳамкории муназзами он кишвар бо шабакаи таслиҳотии таҳти мудирияти истихбороти Покистон ёд менамояд.

Поланд ва Чехословакия: муомилоти пинҳонии таслиҳотӣ дар даруни Паймони Варшава

Нақши Поланд ва Чехословакия аз ҷанбаҳои камтар шинохташудаи ҷанги Афғонистон аст.

Шаҳзода Туркӣ ал-Файсал, раиси пешини истихбороти Арабистони Саудӣ, дар сафҳаи 42 китоби «Парвандаи Афғонистон» тасреҳ мекунад, ки Созмони истихбороти марказии Амрико бахше аз силоҳҳо ва таҷҳизоти мавриди ниёзи худро мустақиман аз Поланд ва Чехословакия харидорӣ мекард ва ҳатто имкони татмеъи молии бархе мақомоти ин кишварҳо вуҷуд дошт.

Ин муомилот дар чорчӯби шабакаи таъмини таслиҳоти муҷоҳидини Афғонистон сурат мегирифт. Афзун бар он, дар ривояти ӯ аз кӯмаки молии Поланд ба муҷоҳидин низ ёд шудааст; мавзӯе, ки бояд аз даромадҳои ҳосил аз муомилоти таслиҳотӣ тафкик гардад.

Гузориши таҳқиқии «Вашингтон пост», муаррихи 14 феврали 1994, нишон медиҳад, ки Созмони СИА дар муомилоти маҳрамонаи муртабит бо манобеи поландӣ ҳудуди 150 то 200 миллион доллар барои хариди таҷҳизоти низомии сохти Шӯравӣ пардохт карда буд, ки бахши қобили таваҷҷуҳе аз ин маблағҳо аз тариқи воситаҳо ба Поланд мерасид.

Дар нахустин муомилот, беш аз ҳазор рокети зиддиҳавоии шонапартоб ва партобгар, ба арзиши ҳудуди 20 то 30 миллион доллар, аз манобеи поландӣ харидорӣ ва ба муҷоҳидини Афғонистон интиқол ёфт.

Ин муносибот нишон медиҳад, ки дар бахшҳое аз шабакаҳои таслиҳотии кишварҳои узви Паймони Варшава, манофеи молӣ ва муомилоти пинҳонӣ бо тааҳҳудоти эъломшудаи сиёсӣ ва идеологӣ дар тазод қарор гирифта буд.

Амрико ва Арабистони Саудӣ: миллиардҳо доллар барои тадовуми ҷанг

Ҳимояти Амрико ва Арабистони Саудӣ аз муҷоҳидини Афғонистон ба яке аз бузургтарин амалиёти маҳрамонаи даврони Ҷанги сард табдил шуд.

Асноди аз табақабандӣ хориҷшудаи Иёлоти Муттаҳида таъйид мекунанд, ки ҳимояти махфии Амрико аз мухолифони ҳукумати Афғонистон дар июли 1979, яъне наздик ба шаш моҳ пеш аз вуруди нерӯҳои Шӯравӣ дар декабри ҳамон сол, оғоз шуд. Ин ҳимоятҳо, ки дар ибтидо маҳдуд буданд, дар солҳои баъд ба барномаи густурдаи таслиҳотӣ табдил шуданд ва маҷмӯи кӯмакҳои Амрико ба миллиардҳо доллар расид.

Арабистони Саудӣ низ бо ҳамоҳангии Амрико, кӯмакҳои молии густурдаеро аз тариқи Созмони истихбороти Покистон фароҳам мекард. Дар бахши муҳиме аз ин барнома, кӯмакҳои саудӣ тақрибан бо мизони кӯмакҳои амрикоӣ баробарӣ дошт.

Бо густариши амалиёт, будҷаи солонаи Амрико ба садҳо миллион доллар афзоиш ёфт ва маҷмӯи кӯмакҳои Амрико ва Арабистони Саудӣ ба миллиардҳо доллар расид; кӯмакҳое, ки дар таъмини тадовуми ҷанги муҷоҳидини Афғонистон нақши асосӣ доштанд.

Шаҳзода Туркӣ ал-Файсал, раиси пешини истихбороти Арабистони Саудӣ, дар китоби «Парвандаи Афғонистон» чигунагии оғози ин ҳамкориро бо ҷузъиёт шарҳ додааст. Ӯ менависад, ки генерал Ахтар Абдурраҳмон, раиси истихбороти низомии Покистон, ба Риёз сафар кард ва паёми генерал Зиёулҳақро дар бораи зарурати ҳимояти молӣ ва таслиҳотӣ аз муҷоҳидин ба мақомоти саудӣ расонд.

Ба ривояти Туркӣ ал-Файсал, чанд рӯз пас аз ин мулоқот, Аҳмад Бадиб, аз ҳамкорони ӯ, бо ду миллион доллар пули нақд дар баксҳои мусофиратӣ озими Исломобод шуд. Ӯ ҳамчунин шарҳ медиҳад, ки ҳамкории молӣ ва таслиҳотӣ бо Покистон ба тадриҷ густариш ёфт ва ба яке аз аркони асосии ҳимоят аз муҷоҳидин табдил шуд.

Ин ривоят аз забони шахсе баён шудааст, ки худ дар маркази тасмимгирии истихборотии Арабистон қарор дошт ва дар созмондиҳии ин амалиёт нақши мустақим ифо мекард.

Покистон: инҳисори тавзеъ ва фасод дар шабакаи таслиҳотӣ

Покистон ба маркази аслии интиқоли пул, таслиҳот ва омӯзиши муҷоҳидини Афғонистон табдил шуд. Созмони истихбороти низомии Покистон, бо дар ихтиёр доштани шабакаи тавзеъи кӯмакҳои хориҷӣ, нақши таъйинкунандае дар интихоби дарёфткунандагони ин кӯмакҳо ифо мекард.

Гузоришҳои таҳқиқии «Вашингтон пост» ва ривояти Муҳаммад Юсуф, масъули пешини амалиёти Афғонистон дар истихбороти Покистон, аз муомилоти машкуки таслиҳотӣ, судҷӯии воситаҳо ва фасод дар ин шабака парда бармедоранд.

Бад-ин тартиб, ҷанги Афғонистон, афзун бар аҳдофи сиёсӣ ва низомӣ, ба арсае барои манофеи иқтисодӣ ва муомилоти пинҳонӣ низ табдил шуда буд.

Роҳбурди Зиёулҳақ: ҷанге, ки бояд дар ҳарорати муайян меҷӯшид

Дар ривоятҳои марбут ба сиёсати генерал Зиёулҳақ, раиси ҷумҳури вақти Покистон, ин таъбири машҳур омадааст, ки Афғонистон бояд монанди деги об дар ҳарорати муайяне ба ҷӯш ояд.

Мафҳуми ин сиёсат он буд, ки ҷанг бояд ба андозае шиддат меёфт, ки нерӯҳои Шӯравӣ ва нерӯҳои Афғонистонро фарсуда созад, аммо на он қадар, ки ба рӯёрӯии мустақими Иттиҳоди Шӯравӣ ва Покистон бианҷомад.

Ин нигариш Афғонистонро ба майдони ҷанги фарсоишӣ табдил мекард, ки дар он муҳосиботи роҳбурдии қудратҳои хориҷӣ бар сарнавишти мардуми Афғонистон соя афканда буд.

Нақши Исроил дар ҷиҳоди Афғонистон

Яке дигар аз абъоди камтар шинохташудаи ҷанги Афғонистон, нақши Исроил дар шабакаи таъмини таслиҳоти муҷоҳидин буд.

Чарлӣ Вилсон, узви пешини Конгресси Амрико ва аз чеҳраҳои аслии созмондиҳии кӯмакҳои махфӣ ба муҷоҳидин, дар мусоҳиба бо барномаи радиоии «Fresh Air» дар соли 2003, аз нақши Исроил дар таъмини таслиҳоти муҷоҳидини Афғонистон парда бардошт.

Ба гуфтаи Вилсон, Исроил миқдоре аз туфангҳои Калашников ва рокетандозҳои RPG-ро аз фаластиниҳо ва дигар мухолифони худ ба ғанимат гирифта буд. Ҳангоме ки бархе мақомоти амрикоӣ нисбат ба пазириши силоҳҳои исроилӣ аз сӯи муҷоҳидин ибрози тардид карданд, Вилсон мавзӯъро бо Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон, дар миён гузошт.

Ба ривояти Вилсон, Ҳикматёр посух дод:

“Мо аз силоҳҳое истифода мекунем, ки аз сарбозони захмӣ ва кушташудаи Шӯравӣ ба даст меоварем; пас намедонам чаро натавонем аз силоҳе истифода кунем, ки Худованд аз Исроил барои мо фароҳам месозад”.

Ҳангоме ки Террӣ Гросс, мусоҳибакунанда, аз Вилсон пурсид, оё силоҳҳои ғаниматии Исроил аз фаластиниҳо воқеан дар ихтиёри муҷоҳидини афғон қарор гирифт, Вилсон сареҳан посухи мусбат дод.

Ин шаҳодати мустақим яке аз мадорики муҳими таърихӣ дар бораи интиқоли таслиҳоти ғаниматии Исроил ба муҷоҳидини Афғонистон аз тариқи шабакаи таъмини таслиҳоти мавриди ҳимояти Амрико ба шумор меравад.

Горбачёв: охирин мех бар пайкари Ҷумҳурии Демократии Афғонистон

Агар мудохилоти хориҷӣ ва ҷанги фарсоишӣ пояҳои Ҷумҳурии Демократии Афғонистонро тайи солҳои мутамодӣ тазъиф карда буд, тасмими раҳбарии Шӯравӣ дар соли 1991 яке аз зарбаҳои таъйинкунанда бар тавони бақои он ворид сохт.

Пас аз хуруҷи нерӯҳои Шӯравӣ дар феврали 1989, давлати Афғонистон, бар хилофи интизори мухолифони худ, фавран суқут накард. Нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон бо муқовимати чашмгир ба дифоъ идома доданд ва ҳукумати Афғонистон ҳамчунон аз кӯмакҳои низомӣ, нафт, маводи ғизоӣ ва таҷҳизоти Шӯравӣ бархӯрдор буд.

Аммо дар 13 сентябри 1991, дар даврони раҳбарии Михаил Горбачёв, Иттиҳоди Шӯравӣ ва Амрико тавофуқ карданд, ки аз аввали январи 1992 кӯмакҳои таслиҳотии худро ба тарафҳои ҷанги Афғонистон мутаваққиф созанд.

Ин тасмим дар чорчӯби сиёсатҳои ғарбгароёнаи Горбачёв ва таҳаввулоти густурдае иттихоз шуд, ки ба фурӯпошии низомҳои сотсиалистии Аврупои Шарқӣ ва саранҷом Иттиҳоди Шӯравӣ анҷомид.

Ин тавофуқ зоҳиран бар асли қатъи мутақобили кӯмакҳои низомӣ устувор буд, аммо гузоришҳои баъдӣ аз тадовуми интиқол ё таъмини молии таслиҳот ба Афғонистон, бо вуҷуди тааҳҳудоти эъломшуда, ҳикоят доштанд. Дар муқобил, паёмадҳои қатъи кӯмакҳои Шӯравӣ барои давлати Афғонистон, ки бахши бузурге аз таҷҳизот, сӯхт ва тадорукоти низомиаш ба он кишвар вобаста буд, бисёр сангин тамом шуд.

Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар декабри 1991 ва сиёсатҳои ҳукумати ҷадиди Русия таҳти раҳбарии Борис Елтсин, буҳрони таъмини сӯхт, муҳиммот ва манобеи молии Афғонистонро ташдид кард.

Дар натиҷа, давлате, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои Шӯравӣ беш аз се сол давом оварда буд, дар баҳори 1992, дар миёни буҳрони тадорукотӣ, ихтилофоти сиёсӣ ва низомӣ ва тағйири ороиши нерӯҳои дохилӣ фурӯ пошид.

Аз ин манзар, метавон тасмими муҳандисишудаи сентябри 1991-ро охирин мехи сиёсӣ ва тадорукотии раҳбарии Горбачёв бар сохтори осебдидаи Ҷумҳурии Демократии Афғонистон тавсиф кард; ҳарчанд фурӯпошии ниҳоӣ ҳосили маҷмӯае аз авомили дохилӣ ва хориҷӣ буд ва пас аз поёни зимомдории Горбачёв иттифоқ афтод.

Фарҷоми сухан

Дар гузар аз ин роҳҳои хуну оташ, саранҷом Ҷумҳурии Демократии Афғонистон фурӯ пошид.

Тргедияи бузург он буд, ки бахше аз абзорҳои ҷанг алайҳи Ҷумҳурии Демократии Афғонистон аз даруни ҳамон урдугоҳе фароҳам мешуд, ки муддаии ҳамбастагии идеологӣ бо он буд; ва дар вопасин марҳала, тасмими раҳбарии Иттиҳоди Шӯравӣ низ яке аз сутунҳои асосии бақои онро фурӯ рехт.

Ин яке аз талхтарин таноқузҳои таърихи сиёсии Афғонистон ва Ҷанги сард аст.

Лондон, октябри 2026

МАНОБЕЪ ВА МАОХИЗ:

[1] Prince Turki Al-Faisal Al Saud, with Michael Field. The Afghanistan File. Arabian Publishing, 2021, pp. 42–43.

[2] Benjamin Weiser. “Poland Helped U.S. Buy Soviet Weapons.” The Washington Post, February 14, 1994.

[3] Steve Coll. “Anatomy of a Victory: CIA’s Covert Afghan War.” The Washington Post, July 19, 1992.

[4] Steve Coll. “In CIA’s Covert Afghan War, Where to Draw the Line Was Key.” The Washington Post, July 20, 1992.

[5] Mohammad Yousaf and Mark Adkin. The Bear Trap: Afghanistan’s Untold Story. Leo Cooper, 1992.

[6] Don Oberdorfer. “U.S. Asks Afghans to Return Missiles.” The Washington Post, April 23, 1992.

[7] U.S. Department of State. Foreign Relations of the United States, 1977–1980, Volume XII, Afghanistan.

https://history.state.gov/historicaldocuments/frus1977-80v12

[8] National Security Archive, George Washington University. Afghanistan: Lessons from the Last War, 2001.

[9] Charlie Wilson. Interview with Terry Gross. Fresh Air, National Public Radio (NPR), 2003.

https://freshairarchive.org/segments/charlie-wilson

[10] Amnesty International. Afghanistan, 1995, discussion of continued arms transfers following the September 1991 agreement.

[11] Doyle McManus. “U.S. and Soviets Will Halt Afghan Arms Aid by Jan. 1.” Los Angeles Times, September 14, 1991.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!