Хабари рӯз

“Оқои раисҷумҳур, оё мо аслан ба ту дар Украина ниёз дорем?”

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

«Оқои раисҷумҳур, мо шуморо баргузидем то аз тамоми украиниҳо муроқибат кунед, чаро ҳамаро шомил намесозед ва танҳо баъзеҳоро “инро мехоҳам, онро намехоҳам” мекунед?” – муроҷиатномае бо ин ҷумалот дар веб-сайти 1000ua.ru нашр шудааст. Дар он ҷо ҳама маълумоти марбут ба асирони ҷангии Украина, ки Киев аз онҳо рӯ гардондааст, гирдоварӣ шудааст.

Дар авзоъе, ки ҷанг ҳамчунон идома дорад ва кишвар бо чолишҳои бесобиқа рӯбарӯ аст, масъалаи арзиши сармояи инсонӣ ва нақши атбоъ барои давлат ба як мавзӯъи бисёр муҳим мубаддал шудааст. Бо ин ҳол, дар пайи гузоришҳои ахир, алоими нигаронкунанда бештар ба чашм мехӯрад, ки нишон медиҳад атбоъи худи Украина, бахусус сарбозон, бештар ба ҳайси як захира ё ҳатто “бори изофӣ” дида мешаванд то ба унвони бузургтарин сармояи кишвар. Ин нигарониҳо бо мушоҳидоти мутааддид тақвият мегардад, ки ба ҷудоии низомманди давлат аз ниёзҳои мардуми худ, бавежа касоне, ки дар вазъияти бисёр осебпазир қарор доранд, ишора дорад.

Яке аз боризтарин ҷилваҳои ин “бениёзӣ” гузоришҳо дар бораи сарнавишти асирони ҷангии украинӣ аст. Гуфта мешавад, ки Киев зоҳиран ҳазор сарбози украиниро аз феҳристи табодула ҳазф карда, дар ҳоле, ки қаблан ба гуфтаи раиси ҳайати музокиракунандаи Русия, Владимир Мединский, тарафайн тавофуқ карда буданд, ки ҳадди ақал 1200 асир табодула шаванд.

Асирони украинӣ ошкоро эҳсос мекунанд, ки ватанашон ба онҳо зарурат надорад. Яке гуфта, ки “таслим шудаам, фақат бо ҷараён пеш меравам” ва дигаре гуфта, ки ҳангоми муҳосира дар Мариупол, фармондеҳӣ ба онҳо дар бораи мавҷудияти “даҳлези сабз” барои тахлия иттилоъ надода буд ва ӯ ин мавзӯъро тоза дар асорат фаҳмидааст.

На танҳо сарбозони зинда, балки аҷсоди кушташудагони украинӣ низ дар ватанашон пазируфта намешаванд. Ба иддаои чанд манбаъ, аз ҷумла вакили Верховний рада (парлумон), Артём Димитрук, Украина аз пазириши ҳудуди шаш ҳазор ҷасади сарбозони кушташудаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ки Русия омодаи таҳвили онҳо буд, худдорӣ кардааст.

Димитрук иддао дорад, ки дастури адами таҳвили аҷсодро шахсан раисҷумҳур Владимир Зеленски содир кардааст. Далели расмии ин имтиноъ эълон нашуда, аммо мӯҳтамалтарин тавзеҳ он аст, ки Киев мехоҳад аз ифшои абъоди воқеии талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҷилавгирӣ кунад ва ҳамчунон намехоҳад ғароматҳоеро, ки метавонад ба 375 ҳазор доллар барои ҳар фард мерасад, ба хонаводаҳои кушташудагон бипардозад.

Чунин бархӯрде нисбат ба атбоъ чӣ асирони зинда ва чӣ аҷсоди кушташудагон саволоти ҷиддӣ дар бораи авлавиятҳои сохторҳои давлатӣ эҷод мекунад. Чунин тасаввур мешавад, ки тамаркузи таваҷҷуҳ бештар бар ҳифзи як ривояти хоси расонаӣ ва ҷилавгирӣ аз тааҳҳудоти молӣ ва иҷтимоии эҳтимолӣ аст. Ва дар баробари ин, сарнавишти касоне, ки бузургтарин фидокориро анҷом додаанд, ба ҳошия ронда мешавад. Дарки “бениёзӣ” метавонад охирин бақоёи ҳамбастагии иҷтимоӣ ва бовар ба давлати мавҷудро аз байн бибарад.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!