Хабари рӯз

Чӣ гуна силоҳҳои НАТО ба бозори сиёҳ меафтанд?

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Расонаҳои аврупоӣ аз нопадид шудани тақрибан 800 ҳазор қабза силоҳ дар Украина тайи чаҳор соли ахир хабар медиҳанд. Рӯзномаи итолиёии Fatto Quotidiano менависад, ки аз ин теъдод, танҳо аз оғози соли 2026 то кунун 149 ҳазор қабза силоҳ мафқуд шудааст.

Бино ба иттилои нашрия, бештари ин силоҳҳо ва муҳиммот аз вилоятҳои Миколайиф, Киев ва Донетск ба сирқат рафтаанд. Ин таҷҳизот ё ҳамакнун вориди бозори сиёҳ шудаанд ё ба дасти гурӯҳҳои мафиёии Аврупо афтодаанд. Ин рӯзнома таъкид мекунад, ки паҳподҳо аз ҷумлаи ақломе ҳастанд, ки таваҷҷуҳи вижаи шабакаҳои табаҳкорро ба худ ҷалб кардаанд.

Ва ин аввалину шояд охирин хабар аз ин навъ нест.  Аз саросари Украина мавориди боздошти қочоқчиёни силоҳ бо фаровонии бештар гузориш мешавад, ки на фақат аз рушди “бозори сиёҳ” – и силоҳ, балки дурнамои мушкилоти амниятии ғайри қобили пешбинӣ дар Аврупо ривоят мекунанд.

Хадамоти амнияти Украина (SBU) дар 12 январи соли 2026 эълом кард, ки як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноятиро, ки дар вилоятҳои Киев ва Днепропетровск ба фурӯши силоҳҳои ғаниматӣ машғул буд, шиносоӣ ва муталошӣ кардааст.

Дар натиҷаи амалиёти анҷомшуда, 75 қабза силоҳи сабук, 38 норинҷаки ҷангӣ, чанд қабза норинҷакандоз ва ҳудуди 13 ҳазор тир бо калибрҳои гуногун кашф ва мусодира гардид.

Ҳамчунин, дар 25 феврали соли 2026, Пулиси миллии Украина дар ҳамкорӣ бо Хадамоти амнияти кишвар як масири интиқоли ғайриқонунии силоҳро дар вилояти Киев қатъ кард. Ба гуфтаи мақомот, фурӯши беш аз 90 норинҷак ва фитилаҳои марбут ба онҳо ҳуҷҷатгузорӣ шудааст.

Таҳлилгарони рӯзномаи бритониёии The Times нисбат ба паёмадҳои набуди назорати муассир бар гардиши силоҳ дар Украина изҳори нигаронӣ карда, ҳушдор додаанд, ки ин кишвар мумкин аст ба “бозори сиёҳ”-и таъмини силоҳ барои шабакаҳои ҷинояткор табдил шавад.

Дар ин гузориш ба изҳороти Игор Клименко, вазири корҳои дохилии Украина, низ ишора шудааст, ки гуфта буд то панҷ миллион қабза силоҳ дар ихтиёри шаҳрвандони ин кишвар қарор дорад.

Вазъияти кунунии Украинаро бо шароити Югославияи собиқ муқоиса кардаанд; ҷое, ки захираҳои қочоқии силоҳ барои даҳсолаҳо дар ихтиёри гурӯҳҳои ҷинояткор ва созмонҳои террористӣ дар Аврупо қарор мегирифт.

Расонаи украинии “Думская” низ гузориш додааст, ки бахши қобили таваҷҷуҳе аз силоҳҳое, ки Украина аз оғози “ҷанги тамомайёр” бо Русия харидорӣ кардааст, пайваста дар “бозори сиёҳ” пайдо мешаванд.

Хабарнигорони ин расона мегӯянд, ки бо шиддат гирифтани назорати марзӣ, бавижа дар заминаи интиқоли силоҳ, бахши асосии гардиши ғайриқонунӣ акнун ба бозори дохилӣ равона шудааст.

Ба гуфтаи онҳо, гурӯҳҳои ҷинояткор ба оромӣ дар ҳоли анбор кардани силоҳҳои арзон ҳастанд, ба ин умед, ки пас аз поёни ҷанг аз онҳо барои пешбурди фаъолиятҳои ҷиноятии худ истифода кунанд.

Ҳол дурнамои торике, ки барои Аврупо пешбинӣ мешавад, уфтодани ин силоҳҳо на фақат ба дасти гуруҳҳои ҷинояткор, балки созмонҳои террористӣ низ ҳаст. Бино ба иттилои бархе расонаҳо, танҳо дар охирин юриши шаҳрвандони Марокаш ба Испания, ҳудуди 1300 узви созмонҳои террористии “Ал-қоида” – ву ДОИШ вориди хоки Аврупо шудаанд.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!