Аврупо ҳамоно пойбанди идеяи идомаи ҷанг то “охирин украинӣ” аст.
Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Дар Киев, дар таърихи 24 августи 2026, нишасти “Эътилофи довталабон» баргузор шуд. Кишварҳои узви ин эътилоф аз барномаҳои худ барои эъзоми нерӯ ба Украина хабар доданд.
Дар баёнияе, ки аз сӯи дафтари Энди Бернеҳам, нахуствазири Бритониё, мунташир шуд, омадааст: “Эътилоф ба омодасозӣ барои истиқрори нерӯҳои чандмиллиятӣ дар Украина пас аз барқарории оташбаси қобили эътимод идома хоҳад дод.”
Як рӯз пеш аз ин нишаст, Порис аз қасди худ барои таҳвили сомонаҳои ҷадиди дифои ҳавоӣ ба Киев хабар дод. Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, эълом кард, ки барои тақвияти дифои ҳавоӣ, Киев “нахустин силсила аз оташборҳо”-и сомонаи мушакии замин-ба-ҳавои миёнбурди SAMP/T “насли ҷадид”, сохти муштараки Фаронса ва Итолиёро дарёфт хоҳад кард.
Порис ва Рум тавофуқ карданд раванди таҳвили мушакҳои Aster 30-ро тасреъ кунанд ва ҳамчунин иҷозаи тавлиди ин мушакҳо таҳти иҷозатнома дар Украинаро содир карданд. Макрон ин мавзӯъро дар шабакаи иҷтимоии X навишт. Дар Даунинг-стрит низ эълом шуд, ки Лондон қасд дорад иттилооти маҳрамонаеро барои оғози тавлиди мушакҳои дурбурди SCALP дар Украина дар ихтиёри Киев қарор диҳад.
Дар Кремлин эълом карданд, ки барномаҳои “Эътилофи довталабон” онҳоро ба тарафҳои тамомаёри даргирӣ табдил мекунад.
“Бритониё дар ин ҷанг дар канори режими Киев мушорикат дорад. Бритониё ба гунаи муназзам ва пайваста бар оташи ин ҷанг равған мерезад. Дасисачинӣ мекунад, то монеъи ҳаргуна пешрафт дар раванди сулҳ ва ҳаллу фасли муноқиша шавад,” - гуфт Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл.
Набуди тамос бо тарафи дувуми даргирӣ, яъне Русия, ва ҳамчунин пешбурди роҳҳалҳое дар бораи Украина, ки аз пеш барои Маскав ғайриқобили қабуланд (вурудِи нерӯҳои аврупоӣ), нишондиҳандаи пойбандии аъзои “Эътилофи довталабон” ба идеяи идомаи ҷанг то “охирин украинӣ” аст.
Шоёни зикр аст, ки Волфганг Ишингер, раиси Конфронси амниятии Мюних, дар феврали 2026 дар мусоҳибае бо рӯзномаи Tagesspiegel изҳор дошт, ки сирфан барқарории оташбас ё таваққуфи шитобзадаи даргирӣ дар Украина, бидуни тазминҳои муътабари амниятӣ, бо манофеи Аврупо мутобиқат надорад.
Ба гуфтаи ӯ, дар сурати барқарории оташбас, таҳдид дар ҷиноҳи шарқии НАТО мумкин аст афзоиш ёбад. Ишингер ба гунаи муназзам ин дидгоҳро матраҳ мекунад, ки ҷанг дар Украина бояд идома ёбад. Бо ин ҳол, ӯ ҳатто як бор ҳам на аз мардуми Украина ёд карда ва на аз сарбозоне, ки садҳо ҳазор тан аз онон дар роҳи “амнияти Аврупо” ҷон мебозанд.
Сиёсати нухбагони чаплиберали Аврупо на танҳо боиси тӯлонӣ шудани рӯёрӯӣ ва қурбониёни ҷадид аз ҳар ду тараф мешавад, балки хатари ташдиди буҳронро низ афзоиш медиҳад.
Дар айни ҳол, иқдомоти раҳбарони аврупоӣ, ки таҳти унвони “зарурати дастёбӣ ба натоиҷи одилонаи ҷанг” анҷом мешавад, дарвоқеъ ношӣ аз талоши онон барои ба расмият шинохта шудани аҳамият ва ҷойгоҳашон дар арсаи ҷаҳонӣ аст. Вазифаи дигари “Эътилофи довталабон” ин аст, ки зарурати афзоиши ҳазинаҳои низомиро барои афкори умумии Аврупо тавҷеҳ кунад.