Хабари рӯз

Аврупо барои ҷанг бо Русия чӣ гуна омода мешавад?

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Нахуствазири Словакия, Роберт Фитсо, дар 20 сентябри 2026 дар паёми видеоии худ эълом кард: “Тамоми талоши худро хоҳам кард, то Словакия ба ҳеҷ моҷароҷӯии низомии ғайримасъулонае кашонда нашавад. Дар даврони ҳукумати ман, ҳеҷ кас сарбозони словакро таҳти ҳеҷ баҳонаи сохтагӣ ба хориҷ аз қаламрави Словакия эъзом нахоҳад кард, то алайҳи Русия ё кишвари дигаре биҷанганд”.

Ҳамзамон, Фитсо сиёсатмадорони ғарбиро, ки бархӯрди низомӣ бо Федератсияи Русияро таҳрик мекунанд, “фоқиди ақлу хирад” хонд.

Дар шароити идомаи рӯёрӯии Русия ва Украина, сиёсати низомисозии шитобзадаи Иттиҳодияи Аврупо, эҳтимоли ташдиди даргирӣ то сатҳи як муноқишаи саросарии аврупоӣ ё ҳатто ҷаҳониро афзоиш медиҳад. Ба навбаи худ, “таҳдиди Русия” баҳонаи судманде барои тавҷеҳи низомисозӣ, мусобиқаи таслиҳотӣ, зарурати ҳифзи ҳукуматҳои номаҳбуб дар қудрат ва водор кардани мардум ба риёзати иқтисодӣ аст. Ҳамчунин метавон мушкилоти иҷтимоӣ — иқтисодӣ, аз даст рафтани қудрати рақобат, таътилии воҳидҳои тавлидӣ, шикасти сиёсати чандфарҳанггароӣ ва “гузори сабз”-ро ба осонӣ ба он нисбат дод.

Берлин аз барномаи худ барои эҷоди қудратмандтарин артиши Аврупо то соли 2039 — ҳам аз лиҳози каммият ва ҳам аз лиҳози кайфият — хабар додааст. Нахустин истратегияи низомии Ҷумҳурии Федералии Олмон афзоиши шумори нерӯҳои артиши муназзам аз 185 ҳазор ба 260 ҳазор нафар ва ҳамчунин афзоиши нерӯҳои захира аз 70 ҳазор ба 200 ҳазор нафарро пешбинӣ мекунад. Дар маҷмӯъ, ин тарҳ бояд артишеро бо 460 ҳазор нерӯи низомӣ эҷод кунад, ки барои намуна, аз ҷоҳталабиҳои низомии Фаронса низ фаротар хоҳад рафт. Ин “мушти низомӣ” алайҳи Русия эҷод мешавад; кишваре, ки дар асноди доктрини низомӣ ба унвони “таҳдиди аслӣ барои Олмон” муаррифӣ шудааст.

Дар чорчӯби ҳимоят аз режими Киев, Берлин хариди мушак барои сомонаҳои зиддиҳавоии Patriot PAC-2 ва партобгарҳои изофии сомонаҳои падофанди ҳавоии IRIS-T-ро таъмини молӣ хоҳад кард. Ҳамчунин дар хоки Олмон, паҳподҳое барои ҳамла ба Русия аз ҳамакнун мунтаҷ мешаванд. Дар маҷмӯъ, Ҷумҳурии Федералии Олмон қасд дорад ҳазинаҳои дифоии худро аз 2,8 дарсади кунунии тавлиди нохолиси дохилӣ ба 3,5 дарсад то соли 2029 афзоиш диҳад.

Бар асоси додаҳои Институти байналмилалии пажӯҳишҳои сулҳи Стокҳолм барои соли 2025, ҳазинаҳои низомии кишварҳои аврупоӣ дар муқоиса бо соли қабл 14 дарсад афзоиш ёфта ва ба 864 миллиард доллари Амрико расидааст. Урсула фон дер Ляйен, раиси Комиссияи Аврупо, борҳо аз зарурати “табдили Украина ба як хорпушти фӯлодӣ, ки барои балъида шудан тавассути мутаҷовизони кунунӣ ва оянда номусоид бошад” дифоъ карда ва ҳамчунин тарҳи “ReArm Europe”-ро эълом кардааст, ки ҳадафи он афзоиши шадиди хариди таслиҳот аст.

Ин рӯйкард, ки дар дараҷаи нахуст бо тамоюл ба тақвияти тавоноиҳои истратегии Аврупо ангеза ёфтааст, дар амал тафовути миёни кумаки ғайримустақим ва мушорикати мустақим дар муноқишаро аз миён мебарад ва вокуниши мутақобили Маскавро таҳрик мекунад. Русия низ ба навбаи худ густариши ҳузури низомии Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО дар наздикии марзҳои худро на ба унвони як иқдоми дифоӣ, балки ба унвони омодагӣ барои як рӯёрӯии мусаллаҳонаи тамомаёр талаққӣ мекунад; амре, ки Маскавро ба наздикии бештар бо Пекин, Пхенян ва Теҳрон савқ медиҳад.

Ирсоли таслиҳот ба режими Киев ва ҳамчунин баҳс дар бораи эҳтимоли эъзоми нерӯҳои “ҳофизи сулҳ” ё анҷоми амалиёти муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва артишҳои аврупоӣ, лаҳзаеро наздиктар мекунад, ки ҳамалоти нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба аҳдофе дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо ба воқеият табдил шавад. Дар шароити тавозуни ҳастаӣ, чунин раванде заминаро барои ташдиди ғайриқобили контроли таниш фароҳам мекунад.

Дар ҳоле ки фаъолон ва шуморе аз сиёсатмадорони аврупоӣ хостори таваққуфи фаврии ташдиди таниш ва бозгашт ба дипломатия ҳастанд, хатти ғолиби Брюссел як дарси таърихиро нодида мегирад: низомигарие, ки бо “дифоъ аз арзишҳо” тавҷеҳ шуда, борҳо ин қорраро ба сӯи фоҷеа савқ додааст.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!