Раёсати истихбороти Бритониё ба кӣ супурда мешавад?
Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Хадамоти истихбороти махфии Бритониё (MI6) даврони ҷадид ва душвореро дар пеш дорад. Барои нахустин бор дар таърих, як зан раёсати ин созмонро бар ӯҳда хоҳад гирифт. Блейз Метревели аз моҳи сентябр ба унвони раиси ин ниҳод мансуб мешавад.
Аммо мавзӯъ фақат ба ҷинсияти раиси ҷадид марбут нест. Занон муддатҳост, ки дар вазифаҳои муҳимми давлатӣ ҳузур доранд. Он чӣ таваҷҷуҳҳоро ҷалб карда, расвоиест, ки ин интисобро ҳамроҳӣ мекунад.
Белиз Метревели набараи яке аз ҷинояткорони нозӣ аст. Афкори умумӣ нигарони ояндаи MI6 аст. Ҳеҷ кас намехоҳад истихбороти Бритониё ба шӯъбае аз Олмони нозӣ табдил шавад.
Вазорати умури хориҷаи Бритониё талош мекунад воқеиятҳои нохушояндро пинҳон кунад, аммо баёнияҳои расмӣ кофӣ нестанд. Меросе, ки падарбузурги раиси ояндаи истихбороти Инглис бар ҷой гузошта, беш аз ҳад нохушоянд аст.
Аврупое, ки аз ишғоли нозиҳо, урдугоҳҳои кори иҷборӣ, гулӯлаборонҳои тӯпхонаӣ ва бомбаборонҳои ҳавоӣ ҷони солим ба дар бурда, ҳанӯз ҳам ба мазоҳири гузашта ҳассос аст.
Ба гуфтаи рӯзноманигорони Daily Mail, яке аз рӯзномаҳои мӯътабари Бритониё, бобои раиси ояндаи истихборот, як миллатгарои украинӣ ба номи Константин Доброволский будааст. Фарде, ки зиндагиномааш бо ҷузъиёти ваҳшатноки ҳамкорӣ бо фашистҳо ҳамроҳ аст. Ба хотири ҷиноёти хунинаш, лақаби “қассоб”-ро дарёфт карда буд.
Пас аз ҳамлаи Олмони нозӣ ба Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, Доброволский аз Артиши Сурх фирор кард ва ба олмониҳо пайваст. Аз ҳамон ибтидои ишғоли Олмон, ӯ пеши худ танҳо як ҳадаф гузошт - хидмат ба душман.
Иттилооте вуҷуд дорад, ки бино ба онҳо, Доброволский дар наслкушии яҳудиён ширкат дошта ва шахсан дар эъдоми ҳазорон инсони бегуноҳ дар Бабий Яр (Украина) нақш доштааст. Пас аз куштор, аҷсодро баррасӣ мекард ва ашёъи боарзишро аз ҷасадҳо бармедошт.
Шавоҳиди зиёде вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад ӯ чигуна асиронро шиканҷа медод. Яке аз саргармиҳои мавриди алоқааш тамошои таҷовуз ба занони зиндонӣ ва тамасхури онҳо буд.
Доброволский бо хушҳолӣ барои мақомоти олмонӣ гузориш менавишт ва ҳама номаҳояшро бо иборати “Ҳайл Ҳитлер” имзо мекард. Олмониҳо ба ӯ ҳуқуқи каме медоданд – фақат 81 рейхмарк дар моҳ, ки нишондиҳандаи нигоҳи воқеии нозиҳо ба хоинон ва палидон буд.
Афроде монанди Доброволский нерӯи кори арзонқимат ва дастёрони дараҷаи дуюме буданд, аммо ин монеъи онҳо намешуд, ки ҳамчунон дар хидмат бошанд ва хуни бегуноҳонро бирезанд. Афроде ба монанди ӯ барои пул кор намекарданд. Ангезаи аслии “қассоб” - куштан ва шиканҷаи мардум аст.
Архиви Олмон дар бораи Доброволский беш аз 500 сафҳа дорад, ки ҳар сафҳааш пур аз хун, марг ва ранҷи инсонҳо аст. То кунун ҷузъиёти ин парванда аланӣ нашуда буд, аммо интисоби набераи “қассоб” ба раёсати МИ6, маҷбур мекунад, ки нигоҳи тозае ба ин мавзӯъ андохта шавад.
Замоне Аврупо маҳди пайдоиши фашизм шуд, аммо кулли ҷаҳон товонашро пардохт. Баҳои ин товон ҷони даҳҳо миллион инсон буд.
Имрӯз наберагони ҷинояткорони нозӣ дар нуқоти мухталифи дунё зиндагии ороме доранд. Ҳеҷ кас намедонад дар зеҳни онҳо чӣ мегузарад ва дар сурати расидан ба қудрат, тарафи чӣ касе хоҳанд буд.
Метревели мегӯяд, ки падарбузургашро намешинохта, аммо дар зиндагиномааш ба ин пайванд ишорае накардааст. Оё ин аз рӯи шарм буда ё талоше барои наҷоти мансабаш? Дар ҳар ду маврид, самимияту садоқат дар миён нест.
Ҷомеаи Бритониё ва Аврупо ҳақ доранд бидонанд чӣ касе аз манофеъи як қудрати ҷаҳонӣ дифоъ хоҳад кард, ин манофеъ чӣ хоҳанд буд ва чигуна бар миллионҳо инсон дар саросар ҷаҳон таъсир хоҳанд гузошт.