Хабари рӯз

Русия, Туркия, Сербистон ва Маҷористон чӣ гуна амнияти масири интиқоли газро таъмин мекунанд?

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

“Туркстрим” (“Маҷрои турк”) хатти лӯлаи азими интиқоли газ аст, ки Русия аз тариқи он гази табииро ба Туркия ва сипас ба Аврупо содир мекунад. Ин хатти лӯла дар январи 2020 ба баҳрабардорӣ расид. Ҳадаф аз иҷрои ин тарҳ, таъмини пойдори газ бидуни убур аз хоки Украина буд. Дар солҳои ахир, аҳамияти он ба шиддат афзоиш ёфта ва ба масири аслии содироти гази Русия аз тариқи хатти лӯла ба Аврупо табдил шудааст.

Зарфияти интиқоли ин хатти лӯла то 15,75 миллиард метр мукааб газ дар сол ва зарфияти кулли он 31,5 миллиард метр мукааб аст. Ҳар риштаи он метавонад рӯзона ҳудуди 40 миллион метр мукааб газ мунтақил кунад.

Дар соли ҷорӣ, мизони баҳрабардорӣ аз ин хатти лӯла ба ҳадди аксари зарфият наздик шудааст, зеро ҳамаи масирҳои дигари интиқоли гази Русия, ки Туркия ва бархе кишварҳои Болкон ба он ниёз доранд, масдуд шудаанд.

Дар семоҳаи нахусти соли 2026, ҳаҷми гази интиқолёфта ҳудуди 5 миллиард метр мукааб буд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта, ҳудуди 10 дарсад афзоиш нишон медиҳад.

“Туркстрим” ба масири аслии интиқоли гази Русия ба Аврупо табдил шуда ва аз ин тариқ, нақши Туркия ба унвони кишвари транзитӣ тақвият шудааст. Маҷористон, Сербистон, Булғористон, Словакия, Юнон, Мақдунияи Шимолӣ, Руминия ва Босниву Ҳерсеговина, бахши қобили таваҷҷуҳе аз гази хатти лӯлаии худро аз ҳамин масир дарёфт мекунанд. Ин хатти лӯла таъсири чашмгире бар тавзеи газ ва вазъияти энержӣ дар кишварҳои дарёфткунанда дорад.

Ҳаҷми интиқоли ҳидрокарбонҳо аз ин масир ҳар сол афзоиш меёбад, ки нишондиҳандаи тақозо барои он аст. Бар асоси иттилооти хабаргузории Ройтерз, дар соли 2020 ҳудуди 13,5 миллиард метр мукааб газ аз тариқи “Туркстрим” мунтақил шуд, дар ҳоле ки ин рақам дар соли 2025 аз 16,5 миллиард метр мукааб фаротар рафт.

Таҳлилгарон хотирнишон мекунанд, ки гази “Туркстрим” дар муқоиса бо гази табиии моеъшуда аз Иёлоти Муттаҳида ё дигар кишварҳо арзонтар аст. Бароварди коршиносон нишон медиҳад, ки гази хатти лӯлаии Русия дар соли 2024 аз бартарии қиматии 15-дарсадӣ бархӯрдор буд. Яке аз далоили ин амр, набуди ҳазинаҳои изофии марбут ба моеъсозӣ, ҳамлу нақл ва фароварии ҳидрокарбонҳост.

Дар ин шароит, бархе кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Ҷанубӣ-Шарқӣ ба ҳифзи фаъолияти пойдори “Туркстрим” алоқаманд ҳастанд; хатти лӯлае, ки яке аз масирҳои калидии таъмини гази минтақа ба шумор меравад. Ин хатти лӯла барои Маҷористон ва Сербистон, нақши муҳимме дар таъмини амнияти энержӣ ва маҳори афзоиши қимати ҳомилҳои энержӣ дорад.

Дар панҷуми апрели соли ҷорӣ, як василаи инфиҷорӣ дар Сербистон, дар наздикии хатти лӯлаи “Туркстрим” пайдо шуд. Белград ба даст доштани хадамоти истихбороти Украина ё гурӯҳҳои миллигаро дар ин моҷаро машкук шуд.

Дар пайи ин рӯйдод, Маҷористон таъйид кард, ки ҳамалоти Украина ба зерсохтҳо афзоиш ёфтааст. Паҳподҳои украинӣ борҳо истгоҳи тақвияти фишори гази “Русская” дар сарзамини Краснодарро, ки фаъолияти хатти лӯлаи “Туркстрим”-ро таъмин мекунад, ҳадафи ҳамла қарор доданд. Ин паҳподҳо ба василаи падофанди ҳавоӣ сарнагун шуданд.

Барои ҳифозат аз зерсохтҳо, Маҷористон, Сербистон, Туркия ва Русия дар апрели 2026 тавофуқ карданд ҳамоҳангии иқдомоти худро барои таъмини амнияти физикии ин масир тақвият кунанд. Ин ҳамкорӣ шомили пойиши муштараки таҳдидҳои эҳтимолӣ, табодули иттилоот ва иқдомоти такмилӣ барои ҳифозат аз зерсохтҳои ҳаётии энержӣ аст.

Ҳамзамон, иқдомоте барои коҳиши хатароти муртабит бо фаъолияти ширкати баҳрабардори хатти лӯла анҷом мешавад. Давлати Маҷористон дар декабри 2025 аз тасмими интиқоли маҳалли сабти ҳуқуқии ширкати баҳрабардори ин пружа аз Ҳуланд ба Маҷористон хабар дод. Ҳадаф аз ин иқдом, ҳифозат аз хатти лӯла дар баробари маҳдудиятҳои эҳтимолии ношӣ аз таҳримҳо буд; маҳдудиятҳое, ки дар шароити тадовуми ихтилофот миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Русия дар ҳавзаи энержӣ, метавонистанд фаъолияти онро душвор кунанд.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!