Як фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз ҳазораҳои Афғонистон хост, ки ба сафи муқовиматгарон пайванданд ва беҳуда кушта нашаванд
ҲИНДУКУШ, 18 апрел – Сангар, Ҳасиб Сангар. Даъвати ӯ дар ҳолест, ки боз як мактаби ҳазораҳо дар шаҳри Кобул мавриди ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифт ва даҳҳо донишомӯз куштаву захмӣ шуданд.
Сиддиқуллоҳи Шуҷоъ, маъруф ба фармондеҳ Сиддиқи Андаробӣ, ба хабарнигори сомонаи Сангар гуфт, ин даъватро ба вай ба он хотир мекунад, ки мардуми мазлуми ҳазораи Афғонистонро Толибону террористони ҳамкору ҳамақидаи онҳо, ба монанди ДОИШ, дар мактабу масҷидҳо қатли ом мекунанд, аммо роҳбарони онҳо мехоҳад хомӯҳӣ гузидаанд.
“Аз ин хотир, банда тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз мардуми шарифи ҳазор даъват кардам, ки биёянд, дар канори мо истод шаванд. Мо омодаем ҳамватанони худро ба ҳар шакле, ки хоҳанд, дар канори худ гирем ва бо эҳтироми ҳуқуқи мусовии онҳо муштарак барои озодии Афғонистон биҷангем”, - гуфт Сиддиқи Андаробӣ.
Қаблан ин фармондеҳи муқовимати зиддитолибонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ матни зайлро андохта буд:
“Фаромӯш кунед, ки раҳбаронатон чӣ буданд ва чӣ карданд. Канори мо биёед ва қадами амалӣ бардорем. Ҳар қадар сабр кунем, теғи душман тезтар мешавад, бо мо якҷо шавед ва инқилобро рақам бизанем, ки ҷаҳон назирашро надида бошад, барои маҳори хушунат туфанг шона кунем. Ҳеҷ гузинае ба ҷуз мубориза вуҷуд надорад”.
Сиддиқуллоҳи Шуҷоъ, яке аз фармондеҳони ҷавони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аст, ки дар дараи Қосони вулусволии Деҳ Салоҳи Андаробҳои вилояти Бағлон қарор гоҳ дорад ва бо Толибон меҷангад.
Субҳи рӯзи 30 ҳамал (19 апрел) ду ҳамлаи интиҳорӣ ба мактаби “Абдураҳим шаҳид”, воқеъ дар Дашти Барчӣ, ғарби Кобул, ки умдатан ҳазоранишин аст, анҷом гирифт, дар пайи фақат ҳамлаи аввал ҳудуди 25 донишомӯз кушта шудаанд. Интиҳорӣ замоне, ки шогирдон аз мактаб берун мерафтанд, худро дар миёни онҳо инфиҷор додааст.
Бино ба чаҳор санаде, ки аз се шифохонаи Кобул дар ихтиёри сомонаи Сангар қарор гирифтааст, теъдоди куштаву захмиҳо аз марзи 40 нафар убур мекунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки иттилое аз дигар шифохонаҳо дар даст нест.
Дар ҳамин ҳол, ин танҳо мавриде нест, ки ҳазораҳои шиаи Афғонистон мавриди ҳамалоти интиҳории Толибону ДОИШ дар як соли ахир қарор мегиранд. 8 майи соли гузашта ба мактаби “Сайид ул-шуҳадо” – и ҳазораҳо шаҳри Кобул ҳамлаи террористӣ сурат гирифта буд, ки 63 муҳассили як мактаби духтаронаро кушта, 150 нафари дигарро захмӣ ба ҷой гузошт. Ҳамагӣ аз 10 то 18 сол син доштанд.
Яъқуби Ясно, аз рушанфикрони маъруфи ҳазора, дар робита ба ҳамлаи интиҳорӣ дар мактаби “Абдураҳим шаҳид” мегӯяд, ҳазоракушӣ ва шиакушӣ ҳадафи аслӣ ва меҳвари Толибон ва ҷараёнҳои тундрави ҳамфикри Толибон аст.
“Толибон бино ба ду асабият ҳазора мекушанд: асабияти қавмӣ ва мазҳабӣ. Толибон пеш аз ин афрод ҳазораро дар роҳҳо аз мутар пиёда мекарданд ва мекуштанд. Акнун дар иморати худи ҳазора шикор мекунанд”, - гуфт Яъқуби Ясно.
Пас аз суқути Афғонистон ба дасти Толибон се мавриди ҳамлаи интиҳорӣ ба масоҷиди шиаён дар Афғонистон низ иттифоқ афтодааст, ки фақат дар масҷиди Сайидободи шаҳри Кундуз ҳудуди панҷоҳ ва дар Кандаҳор низ даҳҳо нафари дигарро кушта ба ҷой гузошт.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст