Дафтари матбуотии президенти Ӯзбекистон хабарҳо дар бораи ҳамлаи ДОИШ-и Хуросон ба марзҳояшро иғво ё провокатсия хонд
ДУШАНБЕ, 18 апреля – Сангар, Фирдавси Низом. Қаблан ин созмони террористӣ бо пахши як видео иддао карда буд, ки ба марзбонони Ӯзбекистон ҳамлаи мушакӣ анҷом додааст.
Дар иттилоияе, ки дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон нашр кардааст, ин иттилоъ ба реша рад мешавад.
“Иттилоот мунташир шуда аз сӯи бархе каналҳои телеграмӣ мабни бар ҳамлаи мушакӣ аз хоки Афғонистон ба қисмҳои низомии неруҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон дар минтақаи Тирмиз мутлақан сиҳат надорад”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ ба нақли қавл аз вазорати дифоъ ва неруҳои марзбонии Ӯзбекистон гуфтааст, ҳеҷ гуна фаъолияти низомӣ дар марзи Ӯзбекистон ва Афғонистон мушоҳида намешавад, вазъият босубот аст..
“Лутфан таслими иғво нашавед”, - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуотии президенти Ӯзбекистон.
Қаблан гуруҳи террористии ДОИШ-и Хуросон бо пахши як навори видеоӣ иддао карда буд, ки субҳи имрӯз нахустин ҳамлаи худ ба Ӯзбекистонро анҷом додааст.
Ҳамлаи мушакӣ ба шаҳри Тирмизи Ӯзбикстон соати 10 – и қабл аз зӯҳри рӯзи душанбе,18 апрел, аз шаҳраки бандари Ҳайратон анҷом шудааст. Аз талафот ва хисороти баҷомонда аз ин ҳамла гузорише дар даст нест.
Гурӯҳи террористии ДОИШ-и Хуросон бо нашр аксе иддао кардааст, ки ҷангҷӯи ин гурӯҳ дар минтақаи Тирмизи ҳаммарзи Афғонистон бар сарбозони ӯзбекистонӣ ҳамла кардааст. Ин нахустин занг хатар терроризм аз марзҳои Афғонистон ба Осиёи Марказӣ аст.
Қаблан манобеъи сомонаи Сангар дар вилояти Балх хабар дода буданд, ки аз минтақаи Саричоҳи наздикии шаҳри Ҳайратон аз тӯпи БМ1 ба ҷониби Ӯзбекистон 6 ракета андохт шудааст.
Тафсилоти бештар нашр мешавад.
Тафсилоти бештар нашр мешавад.