Ба ҷуз ду террористе, ки дар пайи амалиёти нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ ба ҳалокат расиданд, як тани дигар ба дарё ғарқ шуда, се нафари дигарро Толибон боздошт кардаанд.
Қаблан Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз кушта шудани 2 узви созмони байнулмилалии террористӣ хабар дода буд.
Манбаъ: Sputnik Тоҷикистон
Манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз минтақа хабар медиҳанд, ки дар пайи амалиёти муштараки нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ аз гурӯҳи шашнафараи террористоне, ки марзро убур карда буданд, як нафар ҳангоми фирор ба Афғонистон дар дарёи Панҷ ғарқ шудааст ва се нафари дигар ба Афғонистон паноҳ бурдаанд.
“Аз ду нафаре, ки кушта шудаанд, яке шиносоӣ шудааст. Ӯ сокини ноҳияи Язғулом буда, зоҳиран, раҳбалади ин гурӯҳ аст. Нафари дигари кушташуда ҳам шаҳрванди Тоҷикистон аст, аммо шахсияти ӯ маълум карда нашудааст. Дасти кам ӯ эҳтимолан аз ин минтақа нест”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз Афғонистон мегӯянд, се нафарро аз ин гурӯҳро истихбороти Толибон дар қаламрави вулусволии Нусай боздошт карда, ба Раёсати исхбороти Толибон дар ин вилоят дар шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон интиқол додаанд.
“Онҳо таҳти таҳқиқ қарор доранд”, - гуфт манбаъ.
Қаблан дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи имрӯз, 26 апрел, дар пайи амалиёти муштараки нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ ду узви ташкилоти байналмилалии террористӣ, ки бо мақсади анҷом додани амали террористӣ аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шуда буданд, кушта шудаанд.
Бино ба ин манбаъ, ин афрод хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 11-уми Отряди сарҳадии «Дарвоз», воқеъ дар деҳаи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон убур намуда буданд.
“Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ террористон нобуд карда шуданд. Дар ҷойи ҳодиса 2 автомати Калашников, 2 тапончаи истеҳсоли хориҷӣ, 8 норинҷаки дастӣ, 12 тирдон бо тир, 19 баста моддаи тарканда, 2 воситаи махсуси алоқа ва 2 телефони мобилӣ, ки ба террористон тааллуқ дошт, дарёфт ва мусодира гардид”, - омадааст дар хабари КДАМ.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон, ҳанӯз маълум нест, ки ин арфод марбути кадом гурӯҳ буданд, аз ҷумла “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ё ДОИШ, зеро аз шаш нафаре, ки ба Тоҷикистон убур карда буданд, чаҳор тани онҳо, ба шумули ду кушта, шаҳрванди Тоҷикистон буда, ду нафари дигар шаҳрванди давлати дигар ҳастанд.
Бино ба иттилоъи ин манобеъ, нафаре, ки ба дарё ғарқ шудааст, шаҳрванди Тоҷикистон набудааст.