Дар пайи даргирии Толибон бо мардуми маҳал дар шаҳристони Дароими вилояти Бадахшон дасти кам 15 нафар куштаву захмӣ шудаанд.
Кундуз, 12 май - Сангар, Ҷамшед Бадахшӣ. Дар пайи ин задухӯрд як теъдод аз мардуми маҳал ба даст силоҳ гирифта, ба куҳҳо паноҳ бурданд.
Як манбаъ дар фармондеҳии пулиси Бадахшон ба “Сангар” гуфт, рӯзи гузашта (панҷшанбе, 21 савр – 11 май) нерӯҳои Толибон ба рустоҳои Навобод ва Дуобаи Тагоби вулусволии Дароим ҳозир шуданд ва ба тахриби киштзорҳои кӯкнори мардум шуруъ карданд.
“Дар пайи ин мардуми маҳал даст ба эътироз зада, аз Толибон дархост карданд, ки аз ин кор даст бардоранд, зеро танҳо даромади рӯзгор ва нони фарзандони онҳо аз кишти кӯкнор аст. Аммо Толибон ба сӯи онҳо оташ кушоданд ва мардум низ маҷбур шуданд силоҳ ба даст гиранд ва посух диҳанд”, - гуфт манбаъ.
Тибқи маълумоти ибтидоӣ, ки пулиси Толибон дар Бадахшон ироа кард, дар пайи ин даргирӣ чаҳор кишоварз кушта ва ҳудуди даҳ нафари дигар, ба шумули занону кӯдакон, захмӣ шудаанд.
Аммо як манбаъ дар маҳал мегӯяд, дар пайи ин даргирӣ ду толиб кушта шуда, фармондеҳи тулайи Толибон ва муовини вулусволи Толибон дар Дароим ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, теъдоди кушташудагон аз миёни мардуми маҳал 3 нафар ва захмиён 7 тан будааст.
“Мардуми мусаллаҳ аз ду русто Толибонро аз маҳал ронданд ва ҳоло дар пойгоҳи наздики мактаби Дуоб, ки қаблан нерӯҳои Урдуи миллии Афғонистон мустақар буданд, ҷамъ омада, сангар гирифтаанд”, - гуфт ин манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи манбаъи дигар, раҳбарони маҳаллии Толибон бо иттифоқи бузургони қавм ҳоло дар Шаҳри Сафо, маркази шаҳристони Дароим ҷамъ омада, ба маслиҳат нишастаанд.
Мавлавӣ Абдулғанӣ, собиқ волии Бадахшон, фармондеҳи асосии Толибони Дароим низ аз Файзобод худро ба маркази шаҳристон расондааст. Ҳамзамон аз эҳтимоли омадани Мавлавӣ Амонуддин, волии Толибон дар Бадахшон овозаҳо паҳн шудаанд.
Охирин хабар ин аст, ки иддае аз мардуми маҳал аз хавфи аксулҳамлаи Толибон ба куҳҳо паноҳ бурдаанд ва омодаи ҷанг мешаванд.