Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон як фармондеҳи пулиси Толибонро дар Бағлон аз миён бурданд
ҲИНДУКУШ, 07 июл – Сангар, Ҳасиб Сангар. Ин бузургтарин талафоти Толибон дар минтақаи Хӯстҳои вилояти Бағлон тайи моҳҳои ахир аст.
Шарифуллоҳ Сангин, бародари Барёлай Сангин, фармондеҳи умумии муқовимати Хӯстҳо, ки раҳбарии ин амалиётро бар дӯш дошт, ба вебсойти Сангар гуфт, ин ҳамла соати 3 – и баъд аз зӯҳри рӯзи гузашта, 6 июл, дар рустои Дар Пашаии дараи Чархи Фалак, марбути шаҳристони Хӯст сурат гирифт.
“Вақте шабакаи кашфии мо аз ҳаракати як мошини “Ренҷер” – и ҳомили фармондеҳи амнияти Хӯст ва ҳам як мошини “Королла” –и муҳофизонаш ба самти дараи Чархи Фалак хабар доданд, нерӯҳои мо зуд ба камин нишастанд ва баробари расидани онҳо ба маҳал сарашон ҳамла карданд”, - гуфт Шарифуллоҳ Сангин.
Вай афзуд, дар пайи ин ҳамла Мулло Баҳоуддин, машҳур ба Қорӣ Муоз, фармондеҳи амнияи Толибон бо иттифоқи Мулло Маннон, фармондеҳи гурӯҳ ва муҳофизонаш ба номҳои Сафиаллоҳ, Абдулмансур ва Сайфуддин ба ҳалокат расиданд.
“Ҳама аз толибони тоҷики маҳаллӣ буданд. Қорӣ Муоз аз деҳаи Дарагии шаҳристони Хӯст буд. Дар навҷавонӣ ба Покистон рафта, зеҳнаш шустушӯ шуд ва ба Толибон пайваст. Дар замони ҷумҳурӣ дар Фароҳу Қандаҳору дигар вилоёти ҷанубӣ бо ҳукумати қаблӣ ҷангида, пас аз суқути Афғонистон то як моҳи қабл муовини фармондеҳи амнияи Хӯст буд. Вақте фармондеҳи амния ба шаҳристони Фиринг табдил шуд, ӯро сарпараст таъин карданд. Вай ба хотири ба даст овардани ризои Толибон, сари мардуми худ ҷабри бисёр карда буд”, - гуфт Шарифуллоҳ Сангин.
Ба қавли ӯ, Мулло Абдулвоҳид, омири ҳавзаи Чархи Фалак бо ду тани дигар, ки номҳояшон дақиқ нест, дар ин камин захмӣ шудаанд.
“Толибон пас аз ин ҳамла нафароти зиёдро ба соҳа эъзом карда, ҷавонони мулкӣ ва беғаразро аз рустоҳои Ларвон, Дар Пашаӣ, Каҳзар ва Деҳлоло ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимат гирифтор ва ба фармондеҳӣ мунтақил кардаанд”, - гуфт ҳамсӯҳбати Сангар.
Дар ҳамин ҳол, иттилоъи дигаре низ аз Фиринг мерасад, ки бино ба он, ҳаволии соати 9 – и шаби гузашта дар дохили фармондеҳии амнияи ин шаҳристон нерӯҳои вулусвол ва фармондеҳи амния ба хотири таҳаррукот болои муқоваматгирон бо ҳам даргир шудаанд. Қарори маълумот, ҷангиёни толиби Фиринг аз таҳаррук ибо варзидаанд ва ин сабаби даргириашон шудааст.
Минтақаи Хӯстҳо, ки шаҳристонҳои Хӯст, Фиринг ва Гузаргоҳи Нурро дарбар мегирад, аз пойгоҳҳои қавии Аҳмадшоҳи Масъуд дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ ва муқовимати аввал алайҳи Толибон ба ҳисоб мерафт. Яке аз аввалин пойгоҳҳои бузурги ӯ солҳои 80-ум дар шаҳристони Хелоб, ки ҳоло ба номи Гузаргоҳи Нур ёд мешавад, таъсис ёфта буд.
*Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.