Хабари рӯз

Мақомоти Ӯзбекистон мегӯянд, ҳамлаи мушакӣ ба хоки ин кишвар талафоти ҷонӣ надоштааст.

МАЗОРИ ШАРИФ, 05 июл – Сангар, Қорӣ Аҳмад. Тақрибан соати 4.30 баъд аз зӯҳр як гуруҳи террористӣ аз Афғонистон қаламрави Ӯзбекистонро мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор дода буд.

Вазорат умури хориҷаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон эълом кард, ки “хисороти ночизе ба чаҳор хонаи шахсӣ дар маҳаллаи Маҷнунтоли шаҳри Тирмиз ворид шуд ва панҷумин гулӯла дар замини майдони футбол пайдо шудааст”.

Бино ба ин манбаъ, ин гулӯлаҳо тавассути як воҳиди снайперӣ хунсо шудааст.

Қаблан як манбаъ аз пулиси вилояти Балх ба хабарнигори вебсайти Сангар дар таъйиди ин хабар гуфт, ки ҳамлаи мушакӣ аз минтақаи Ҷаратани рустои Туқайи шаҳристони Шӯртеппаи ин вилоят сурат гирифтааст.

“Афроди ношинос мушак – ракетаҳоро дар як мошини навъи “Сузуки” насб карда, ба ҷониби Ӯзбекистон шаш андохт кардаанд. Мошин пурра сӯхтааст. Афродаш фирор кардаанд. Ин маълумот ҳаст, ки мушакҳо ба шаҳри Тирмизи ҷониби Ӯзбекистон афтода, чанд нафарро ҳам захмӣ кардаанд. Аммо ин маълумот дақиқ нест”, - гуфт манбаъ.

Бори аввал 18 апрел чунин як ҳамлаи мушакӣ анҷом шуда буд, ки масъулияти онро гуруҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифта буд.

БМ-12 – и худсохт: тафсилоти ҷадиди ҳамлаи ДОИШ ба Ӯзбекистон

“Иғво!” – вокуниши Тошканд ба ҳамлаи ДОИШ

Ҳамлаи нахустини ДОИШ ба Ӯзбекистон - видео

Перомуни “ҳамла”-и ДОИШ ба Ӯзбекистон 


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!