Хабари рӯз

Гурӯҳи худхондаи ДОИШ-и Хуросон субҳи имрӯз нахустин ҳамлаи худ ба Ӯзбекистонро анҷом дод

МАЗОРИ ШАРИФ, 18 апрел – Сангар, Қорӣ Аҳмад. Қаблан Толибон ин ҳамларо инфиҷори минаҳои ҷамъшуда аз сӯи минарӯбони гуруҳи худ хонда буданд.

Ҳодиса пас аз он равшан шуд, ки гурӯҳи террористии ДОИШ-и Хуросон бегоҳи имрӯз дар як навори видеоӣ ин ҳамларо ба дӯш гирифт.

Ҳамлаи мушакӣ ба шаҳри Тирмизи Ӯзбикстон соати 10 – и қабл аз зӯҳри рӯзи душанбе,18 апрел, аз шаҳраки бандари Ҳайратон анҷом шудааст. Аз талафот ва хисороти баҷомонда аз ин ҳамла гузорише дар даст нест.

Гурӯҳи террористии ДОИШ-и Хуросон бо нашр аксе иддао кардааст, ки ҷангҷӯи ин гурӯҳ дар минтақаи Тирмизи ҳаммарзи Афғонистон бар сарбозони ӯзбекистонӣ ҳамла кардааст. Тошканд то кунун дар ин маврид чизе нагуфтааст. Ин нахустин занг хатар терроризм аз марзҳои Афғонистон ба Осиёи Марказӣ аст.

Қаблан манобеъи сомонаи Сангар дар вилояти Балх хабар дода буданд, ки аз минтақаи Саричоҳи наздикии шаҳри Ҳайратон аз тӯпи БМ1 ба ҷониби Ӯзбекистон 6 ракета андохт шудааст.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!