Як теъдод мардумони Вардуҷи вилояти Бадахшон ба нишони эътироз аз Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди куллии вазорати дифоъи Толибон, ба бинои маъмурияти ин вулусволӣ рафтаанд
Қундуз, 18 апрел – Сангар, Ҷамшеди Бадахшӣ. Муътаризон гуфтаанд, ки Қорӣ Фасеҳуддин онҳоро фирефтаааст ва бояд посухи кирдорашро бидиҳад.
Як тан аз афроди мӯътариз ба хабарнигори Сангар гуфт, Қорӣ Фасеҳуддин қабл аз ҷанги Ҳисораки Панҷшер як теъдод аз наврасону ҷавононро аз вулусволиҳои Вардуҷу Шуҳадову Баҳорак ба Кобул хоста, ваъда дода буд, ки онҳоро дар қитъаи ташрифот ва нигаҳбонони худаш, ки сардори Ситоди кулл аст, танзим мекунад
“Вай гуфт, ки ин ҷавонҳо бояд таълим бубинанд ва дар оянда кадр шаванд. Аммо Фасеҳуддин хилофи ваъда ин бачаҳоро ба ҷанги Панҷшер мефиристад, ки дар пайи он 8 нафари онҳо – ҳама вардуҷӣ кушта мешаванд. Аз ин мурдаҳо, ҷасади 5 нафар пайдо нест”, - гуфт вай.
Ин ҳамсуҳбати Сангар мегӯяд, се ҷасадеро, ки аз Панҷшер оварданд, мардум гӯру чӯб карданд ва Толибон вада супурданд, ки бақияро ҳам хоҳанд овард, аммо то ба имрӯз аз ҷасадҳо хабаре нест.
“Ҳоло мардум дар ҷони Қорӣ Фасеҳуддин хестаанд, ки ту бачаҳои моро ба чӣ баҳона бурдиву ба куштан додӣ. Боз кушта будӣ, ҷасадҳояшонро чӣ кардӣ? Биёр мурдаҳоро!”, - гуфт вай.
Қорӣ Фасеҳуддин худ зодаи Вардуҷ аст, ки дар ин вулусволӣ бузург шуда, аввалин ҷангҳо ба нафъи Толибон ва алайҳи ҳукуматҳои пешинро аз ин ҷо шуруъ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, мафқуд шудани аҷсоди толибони бадахшонӣ дар Панҷшер волидайнеро, ки ба ваъдаи Қорӣ Фасеҳуддин бовар карда, фарзандонашонро ба Кобул фиристода буданд, сахт нигарон кардааст, зеро ин наврасону ҷавонон ҳанӯз дар Панҷшер қарор доранд. Қорӣ Фасеҳуддин то ба ҳол ҳеҷ вокунише дар ин бобат нишон надодааст.
Ҷанги дараи Ҳисораки Панҷшер, ки аз 1 то 3 апрел миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Толибон идома дошт, бузургтарин даргирии ин ду гуруҳи мухолиф арзёбӣ мешавад, ки бо куштаву захмӣ шудани беш аз 100 толиб ва шикасти сангини ин гуруҳ анҷом ёфт. Аз ҷумлаи размандагони Ҷабҳаи муқовимат ягон нафар захмӣ ё кушта нашудааст.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст