Хабари рӯз

Нерӯҳои Толибон* дар дараи Қосони Андаробҳои вилояти Бағлон ба шикасти сангине мувоҷеҳ шуданд

ҲИНДУКУШ, 08 апрел – Сангар, Ҳасиби Сангар. Дар ҳоли ҳозир, ҷанг дар се нуқтаи ин дара – рустоҳои Косатарошу Пашаӣ ва дараи Ҷар ҷараён дорад.

Мулло Нозукмир Соҳибзода, машҳур ба Мулло Нозук Андаробӣ, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ (дар акс) дар дараи Ҷар ба сомонаи Сангар гуфт, нерӯҳои Толибон дар ҳудуди 15 “ренҷер” – у “ҳомвей” рӯзи се рӯзи пеш аввал вориди Косатарош шуданд, аммо он ҷо ҷанге сурат нагирифт ва ба дараи Ҷар омад.

“Мукаммал душман сари дараи Ҷар омад. Дар қария омад, мо ҳеҷ чизе нагуфтем. Гуфтем, мон, ҳамин қарияро талошӣ кунад, биравад. Аммо баъди ки дар ради мо ба куҳ боло шуд, боз мо сарашон ҳамла кардем. Имрӯз муқовиматгарони Косатарош ва ҳам Пашаӣ низ вориди ҷанг шуданд. Дар кул ҷанг дар дараи Ҷар ва Болои Дарбанди Косатарош аст”, - гуфт Мулло Нозук Андаробӣ.

Ба қавли ӯ, дар даргириҳои дараи Ҷар, ки ду рӯз идома дошт, 5 толиб кушта, теъдоди захмиёнашон маълум нест.

“Ҷасадҳояшон дар майдони ҷанг монда буд. Кушташудаҳо як нафар аз паштунҳои Бағлон ва чор нафар аз Кӯтали Мурғи вулусволии Наҳрини ҳамин вилоят буданд. Толибон мӯйсафедони Қосонро ба назди мо фиристоданд, ки аҷсодашонро таҳвил гиранд ва мо ба онҳо иҷоза додем”, - гуфт Мулло Нозук Андаробӣ.

Дар акс: муқовиматгарони дараи Ҷар

Дар ҳамин ҳол, 7 апрел дар Деҳсалоҳ, маркази вулусволии ҳамном, миёни фармондеҳони худи Толибон як даргирӣ рух дод, ки се нафар кушта ба ҷой гузошт.

Манбаъи сомонаи Сангар дар Деҳсалоҳ гуфт, даргирӣ миёни афроди Қорӣ Ҳамид, фармондеҳи тулайи пулиси вулусволӣ, ки тоҷик буд ва толибони паштуни бағлонӣ ба вуқӯъ пайваст

“Толибони бағлонӣ мехостанд хонаи Қорӣ Ҳамидро талошӣ кунанд, ки ӯ иҷоза надод ва ба ҳам дарафтоданд. Дар пайи ин даргирӣ худи Қорӣ Ҳамидбо як муҳофизаш ва аз ҷониби дигар як толиби бағлонӣ ба ҳалокат расиданд”, - гуфт манбаъ.

Амалиёти Толибон дар дараи Қосон аз рӯзи чаҳоршанбе, 6 апрел, ба ин сӯ идома дорад. Ба ҷуз Мулло Нозук Андаробӣ дар дараи Ҷар, фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, назири Санҷархон, Худобахши Қосонӣ, Абдулҳасанхон, Шириноғо, Муҷоҳид Андаробӣ ва дигарон дар рустоҳои Косатарош ва Пашаӣ бо нерӯҳои Толибон дасту панҷа нарм мекунанд.

Сиддиқуллоҳи Шуҷоъ, як фармондеҳи дигар, ки аз сӯи “Индипенденти форсӣ” фармондеҳи Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар Андароб муаррифӣ шудааст, низ дар рустои Косатарош дар қатори фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ меҷангад.

Бино ба иттилои бархе манобеъи мухталиф, Толибон ба Андаробҳо ҳудуди 1500 нафар аз ҷумлаи нерӯҳои гуруҳи лайзерӣ, “Қитъаи сурх”, қулли урдуи “Ал-фатҳ” – и Мазори Шариф, толибони маҳаллӣ ва ҳамзамон террористҳои хориҷии ҳозир дар вилояти Бағлонро эъзом кардаанд. Аз ин теъдод тақрибан 600 нафари онҳо дар дараи Қосон мустақар шудаанд. Бақия дар қисматҳои дигари Андароб, назири Боғдараву Навбаҳор ва Шашбанд эъзом шудаанд.

Аз омори талафоти ҷонии Толибон дар ҷангҳои чаҳор рӯзи ахир, ба ҷузъ 8 нафаре, ки зикрашон дар боло рафт, бахусус даргириҳо дар Косатарошу Пашаӣ, маълумоти дақиқи дигаре дар даст нест. Ҳамзамон гузоришҳо аз рафтуомади мошинҳои ёрии таъҷилӣ дар масири Деҳсалоҳу дараи Қосон мерасанд, ки низ иттилои дақиқе дар бораи захмиён ба даст намедиҳанд.

Манобеъи Сангар аз парвози тайёраву чархболҳои Толибон дар манотиқи мухталифи Андаробҳову Хустҳо ва аз эҳтимоли вуқӯъи як ҷанги бузург дар рӯзҳои оянда хабар медиҳанд.

Бино ба иттилои таъйидношуда, Мулло Яъқуб, вазири дифоъ ва Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли Толибон, ҳамчунин Қорӣ Бахтиёр, волии Толибон дар Бағлон низ ҳузур доранд.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!