Хабари рӯз

Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҷангҷӯёни гуҷури Толибонро* дар вулусволии Хусту Фиринг камин заданд

ҲИНДУКУШ, 10 апрел – Сангар, Ҳасиб Сангар.  Ин ҷангҷӯён қарор буд ба кӯмаки нерӯҳои Толибон ба дараи Қосони Андаробҳои вилояти Бағлон бираванд.

Хабарнигори сомонаи Сангар, ки ҳоло дар маркази вулусволии Деҳсалоҳ ҳузур дорад, ба нақл аз манобеъи Ҷабҳаи муқовимат ва ҳам Толибон мегӯяд, ин ҳодиса ҳаволии соати панҷи бегоҳ дар минтақаи Тангии Сичии велсуоли Хусту Фиринг иттифоқ афтодааст:

“Нерӯҳои муқовимат болои Толибон ҳамла карда, як “ренҷер” ва як фаланкуч (мусофирбарҳои хурди навъи “Тайота”) – и онҳоро зада, комилан тахриб карданд”, - гуфт ӯ.

Бино ба иттилои манобеъ, дар ин ҳамла се толиб куштаву се тани дигар захмӣ ва бақия муваффақ ба фирор шудаанд. Бино ба гузоришҳои таъйидношуда, яке аз захмиён Шабир Фирингӣ, велсуоли Толибон дар Хусту Фиринг гуфта мешавад.

Тангии Сичӣ вулусволии Хусту Фирингро бо вулусволиҳои Андаробҳо васл мекунад ва ҳамчунин масири икмолотии Толибон ба ҳисоб меравад.

Дар бораи фармондеҳони муқовимат, ки ин каминро задаанд, манбаъи Сангар ду ном, яке Туран Аҳмадшоҳ ва дигарӣ, Қорӣ Ҳасибро зикр намуданд. Дақиқан гуруҳи кадоме аз инҳо ё ягон гуруҳи дигар ҳамларо анҷом додааст, маълум нест.

Ҳамзамон, бино ба ин манобеъ, сарнишинони мошинҳо ҳамагӣ аз қавми гуҷур буданд, ки шахсе ба номи Ҳақнавози Гуҷур, фармондеҳи онҳо, низ дар ин камин захмӣ ё кушта шудааст. Аммо дақиқан бо ӯ чӣ иттифоқе афтодааст, иттилое нест, балки манобеъи Толибон гуфтаанд, ки ӯ ғайб задааст.

Гуҷурҳо як қавми на паштун ва на ғайрипаштуни Афғонистонанд, ки ба як забони наздик ба урду ҳарф мезананд ва ватанашон манотиқи қабоилии марзии Афғонистону Покистон аст. Онҳо дар замонҳои гуногун аз сӯи ҳокимони паштун ба шимоли Афғонистон интиқол ёфта, асосан бо чӯпониву подабонии мардуми маҳаллӣ машғул буданд.

Азбаски гуҷурҳо ҳамеша аз Толибон пуштибонӣ мекарданд ва ба унвони “пешмаргаҳои Толибон” ном бароварда буданд, пас аз соли 2001 Муҳаммад Довуди Довуд, собиқ муовини вазири корҳои дохилии Афғонистон онҳоро аз шимол ронд ва эшон ба манотиқи қабоилӣ баргаштанд. Аммо Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон, онҳоро дигарбора баргардонд.

Дар ҳамин ҳол, даргириҳо дар дараи Қосони вулусволии Деҳсалоҳи вилояти Бағлон имрӯз низ идома доштанд ва бино ба гузоришҳо, ҳамлаи ҳаштумини ин гуруҳ низ пас зада шуд. Толибон бо кушта додани чаҳор ҷангҷӯ ва чандин захмӣ дубора майдони ҷангро тарк кардаанд.

Толибон аз рӯзи 6 апрел ба ин сӯ дар дараи Қосони Андаробҳо, бахусус рустоҳои Косатарошу Пашаӣ ва дараи Ҷар мехоҳанд амалиёти тасфиявӣ гузаронанд, ки ба шикаст мувоҷеҳ мешаванд.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!