Ин матлаб аз сафҳаи фейсбукии Мавлавӣ Ҳабибуллоҳ Ҳисом, раиси пешини Шӯрои уламо ва акнун узв тими музокиракунандаи Ҷабҳа муқовамати миллии Афғонистон бо “Толибон” гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 12 январ - “Сангар”. Ба манзури таъмини сулҳу амнияти доимӣ, ба хотири таҳаққуқи адолат, мусовот ва бародарӣ. Барои иқомаи як низоми исломӣ ва ба мақсади эъмор як Афғонистони муттаҳид, якпорча ва сар афроз, бо сипос ва ташаккур аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хотири талошҳои холисонаашон дар ростои таъмини сулҳ дар Афғонистон; тарҳи зерро пешкаш медорем:
Усул ва пояҳои асосӣ:
1 - иқомаи низоми исломӣ бо қироати ҷумҳури уламои мусулмон
2 - таъмини ҳуқуқи башар, бавежа, ҳуқуқи занон ва озодии расонаҳо
3 - эҷоди як низоми ғайримутамаркиз, парлумонӣ ва интихобӣ шудани волиҳо
4 - ташкили як Афғонистон бетарафу ғайриҷонибдор ва фаъол
5 - таъмини адолати иҷтимоӣ бо баргузории як низоми интихобӣ дар кишвар
6 - ҳифзи тамомияти арзӣ, иттиҳод ва ҳамбстагии миллӣ дар чорчӯби адолати иҷтимоӣ
7 - нафйи ҳар гуна табъиз ва имтиёзталабии фароқонунӣ миёни шаҳрвандони Афғонистон бар асоси қавм, забон ва мазҳаб.
8 - ҳалли бунёдии масоили миллӣ, аз қабили рӯзҳои миллӣ, шахсиятҳои миллӣ, банкноти миллӣ, суруди миллӣ, парчами миллӣ, забонҳои миллӣ, ҳувияти шаҳрвандони кишвар ва назоири он.
Роҳкорҳо:
Алиф -
1 - ташкили давлати интиқолӣ аз тариқи як нишасти бузурги миллӣ зери назари Созмони Милали Муттаҳид ва ҳузури кишварҳои минтақаву ҷаҳон дар берун аз кишвар.
2 - баргузории интихоботи умумии вурудии кор омадани давлати доимӣ.
б -
1 - баргузории як нишасти бузурги миллӣ дар дохили Афғонистон, дар сурате, ки нерӯҳои ҳофизи сулҳи Милали Муттаҳид амнияти онро таъмин бидорад.
2 - баргузории интихоботи умумӣ ва эҷоди давлати доимӣ.
Ёддошт: аъзои ин Шӯрои бузурги миллӣ мутаносиб ба нуфуси ҳар вилоят муайян мешавад. Саршумории Милали Муттаҳид дар мавриди Афғонистон мадори эътибор мебошад. Тақсими курсиҳои ҳукумати интиқолӣ низ бар пояи ин саршуморӣ миёни ақвоми Афғонистон сурат мегирад.
Ишораи кӯтоҳ: поёнҳои давлати интиқолӣ тавр ҷудогона таҳия мешавад.