Хабари рӯз

Як фармондеҳи гӯруҳи “Толибон” иддао кард, ки сарбозони неруҳои марзбонии Туркманистон вориди хоки Афғонистон шудаанд

Мазори Шариф, “Сангар”. Ин тафсилот аз як навори видеое бармеояд, ки ахиран дар расонаҳо пахш шуд.

Мулло Ҷӯра, фармондеҳи маҳаллии Толибон” дар шаҳристони Хамоби вилояти Ҷузҷон, ки дар ин навор ба забони туркманӣ сӯҳбат мекунад, мегӯяд, низомёни Туркманистон ба қаламрави Афғонистон ворид шуда, даст ба озору ғорат мардум зада буданд ва аз дидани неруҳои“Иморати исломӣ” рӯ ба фирор оварда, ҷон ба саломат бурданд.

Вай бо намоиши як камарбанди сарбозӣ, ки ба он зарфи обгирӣ баста шудааст ва дар рӯи он исми сарбозе ба номи “Юсупов” навишта шудааст, мегӯяд, марзбони туркман ин камарбандро ҳангоми фирор раҳо карда рафтааст.

“Мо мисли сарбозони ҳукумати муздури пешини Кобул нестем, ки фирор кунем. Мо ҳеҷ гоҳ ба кофирон ва таҷовузгарон фурсат намедиҳем, ки ба хоки мо таҷовуз кунанд”, - мегӯяд Мулло Ҷӯра.

Даргирии мусаллаҳона дар марзи Туркманистону Афғонистон байни ҷангиёни толиб ва марзбонони туркман 3 январ рух дода буд. Он замон Ҳилол Балхӣ, сарпарасти раёсати иттилоот ва фарҳанги Толибон” дар вилояти Ҷузҷон, хабар дода буд, ки се рӯз пеш аз ин марзбонони Туркманистон ба хоки Афғонистон тирандозӣ карда, як фаъоли мулкиро кушта ва як марди дигарро латукӯб карда буданд ва дар иқдоме ҷавобӣ ба тарафи сарбозони туркман тирандозӣ шуд.

Мақомоти Толибон” аз талафоти ҷониби Туркманистон ҳарфе нагуфтанд, аммо нашрияи “Иттилооти рӯз”- и Афғонистон ба нақл аз як ҷангии толиб хабар дод, ки дар ин даргирӣ чор сарбози туркманро кушта, чори дигарро захмӣ кардаанд.

Дар посух ба ин ҳодиса ҳукумати Туркманистон бандари Оқинаро баст, ки дертар дар пайи як музокира боз шуд. Толибон” гуфтанд, ки дар марз ҳеҷ иттифоқе науфтодааст.

Туркманистон севумин кишвари ҳамсояи Толибон” аст, ки вориди як задухӯрди низомӣ мешавад. Қаблан неруҳои Толибон” бо марзбонони Эрон ва Покистон низ даргир шуда буданд.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!