Cироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи Толибон* барои нахустин бор ҷилави дӯрбини расонаҳо зоҳир шуд
КОБУЛ, 05 март – Сангар, Фарзом Козимӣ. То ин замон ҳеҷ касе, ҳадди ақал дар расонаҳо, акси ӯро надида буд. Вай дар рӯйхати дараҷаи яки Амрико барои боздошт ва ё кушта шудан қарор дорад ва барои сари ӯ 10 миллион доллар ҷоиза эълон шудааст.
Хабарнигори сомонаи Сангар аз Кобул хабар медиҳад, ки Cироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи Толибон, дар як режаи низомии Толибон дар шаҳри Кобул ба хабарнигорон иҷоза дод, ки аз ӯ акс бигиранд.
“Ин аввалин аксест, ки чеҳраи ӯ дида мешавад”, - гуфт ӯ.
Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилии Толибон, раҳбари Шабакаи Ҳаққонӣ* аст. Падари вай Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, аз раҳбарони аршади ҷиҳодӣ ва асосгузори Шабакаи Ҳаққонӣ буд.
Ҳамзамон Сироҷуддин Ҳаққонӣ дар баробари Мулло Ҳасан Охунд яке аз ду муовини ба ном “амирулмуъминин” – и Толибон Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода аст ва чеҳраи калидитарини Иморати исломӣ ба шумор меояд.
Тафсилоти бештар нашр мешавад.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст.