Вазорати дифоъи “Толибон”* дар вилояти Бадахшони Афғонистон як дивизия таъсис дод ва фармондеҳу раиси дастгоҳашро таъин кард
ҚУНДУЗ, 17 фев - “Сангар”, Ҷамшеди Бадахшӣ.
Дар расми ифтитоҳи ин дивизия шахсан Қорӣ Фасеҳуддин, сардори ситоди кулли вазорати дифоъи “Толибон”, ширкат кард.
АКС: Мулло Яъқуб (аз чап) ва Қорӣ Фасеҳуддин, 26 январи соли 2022, Бадахшон.
Яке аз шоҳидони ҷаласае, ки дар шаҳри Файзобод, маркази Бадахшон бо ширкати Қорӣ Фасеҳуддин, Мулло Абдулғанӣ, волӣ, Мавлавӣ Абдулҳақ, фармондеҳи пулис, Мавлавӣ Нурулҳудо, раиси амният ва саргуруҳҳои толибони вилоят баргузор шуд, ба хабарнигори “Сангар” гуфт, фирқаро “Умари солис” ё “Умари севум” ба хотири эҳтироми Мулло Умар, асосгузори ҳаракати “Толибон” номгузорӣ карданд.
“Ба бовари “Толибон”, Умари аввал ҳазрати Умар, халифаи мусулмонон ва Умари дуввум, писари ӯ Умар ибни Абдулазиз буданд ва Мулло Умар Умари солис ё севум аст. Аммо ҷолиб ин аст, ки фирқа дар зодгоҳи Устод Раббонӣ, яке аз раҳбарони зиддитолиб ва бо номи рақиби ӯ Мулло Умар таъсис ёфт”, - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, Мулло Ҳофиз Муҷоҳид, зодаи деҳаи Баҳораки Бадахшон, яке аз саргуруҳҳои яке Қорӣ Фасеҳуддин фармондеҳи дивизия таъин шудааст.
“Вай ба забони инглисӣ ошност. Маълумоти олӣ дорад. Қаблан баъд аз фурӯпошии ҷумҳурият ба ҳайси раиси инкишофи деҳоти Бадахшон таъйин шуд”, - гуфт манбаъ.
АКС: Мулло Ҳофиз
Мавзуъи таъсис фирқаи алоҳида дар Бадахшон охири моҳи январ ҳангоми сафари Мулло Яъқуб, вазир ва Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли дифоъи “Толибон” ба вилоят матраҳ шуда буд. Бино ба иттилои манбаъи “Сангар”, Қорӣ Фасеҳуддин дар он ҷаласа гуфта буд, ки агар дивизия таъсис додед, хуб мекунед, агар накардед, фардо гила накунед, ки дар Бадахшон чӣ иттифоқ меафтад.
“Вақте ҳозирин аз ӯ хостанд, ки манзурашро равшан баён кунад, Мулло Яъқуб, вазири дифоъ ба сухан омада, гуфт, ки агар аз тарафи Ҷабҳаи муқовимат ягон иқдом шуд, як теъдод неруҳои худро аз самти Машриқӣ (манотиқи паштуннишин) ва аз марказ (Кобул) ба Бадахшон эъзом мекунем ва дар раъси нерӯҳо Мавлавӣ Амонуддин (ҳоло фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии “Толибон” – ро таъин мекунем”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, манбаъи “Сангар” мегӯяд, ҳарчанд ҳарфи дивизия ҳаст, аммо амалан дар он на техника ҳаст ва на нафар.
“Дивизия ҳеҷ имконот надорад, аз ҷумла барои он ки таъсис ёбад, Мавлавӣ Маҳбубуллоҳ Ҳомид, маъруф ба Мавлавӣ Маҳбуб, як фармондеҳи толиб дар дараи Хустаки вулусволии Ҷурмро, ки террористони хориҷиро паноҳгоҳ додааст, раиси дастгоҳи дивизия таъин карданд. Ин ҳам ба он хотир, ки ӯ ҳудуди 100 нафар ҷангӣ дорад ва бо афроди Мулло Ҳофиз теъдоди ҷангиёни дивизия шояд ба ҳудуди 200 нафар расад”, - гуфт манбаъ.
АКС: Мавлавӣ Маҳбуб
Бадахшон бузургтарин вилояти Афғонистон аст, ки бо Тоҷикистону Чин ва Покистон ҳаммарз аст ва ҳудуди 90 дарсад тоҷикнишин буда, дар асл хостгоҳи нерӯҳои зиддитолиб ба шумор меояд. Дар замони муқовимати аввал (1996-2001) шаҳри Файзобод пойтахти сиёсии Давлати исломии таҳти раҳбарии Бурҳонуддин Раббонӣ ба ҳисоб мерафт.
Ҷангиёни созмонҳои террористии хориҷӣ, ки зодагони кишварҳои Русияву Чин ва Осиёи Марказӣ ҳастанд, 20 соли ахир дар дараи Хустаки вулусволии Ҷурм ва дараи Шолаи вулусволии Роғистони ин вилоят паноҳ бурда буданд, ки бино ба иттилои манобеъи “Сангар” ҳоло ба нерӯҳои “Толибон” пайваста, шаҳрвандии Афғонистонро низ дарёфт кардаанд.
*Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ
таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст