Марзи Тоҷикистон аз сӯи як гуруҳи террористӣ дар Афғонистон мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт
ҚУНДУЗ, 07 май – Сангар, Ҷамшеди Бадахшӣ. Толибон* мегӯянд, кори ДОИШ аст, аммо манобеъи маҳаллӣ – Ҷамоати Ансоруллоҳ.
Як манбаъ аз фармондеҳии пулиси Толибон дар вилояти Тахор ба сомонаи Сангар гуфт, чаҳор террорист савори як мошини сароча (седан) – и навъи “Тайота Королла” дар минтақаи Қафлотуни марбути вулусволии Хоҷаи Ғор пайдо шуда, аз як силоҳи худсохти “БМ 1” чаҳор мушак ба марзҳои Тоҷикистон андохт карданд.
“Ин мушакҳо ба қаламрави Тоҷикистон асобат карданд. Марзбонони тоҷик ба ҷониби террористон тирандозӣ карданд ва мошини онҳо оташ гирифт, аммо худашон ҷон ба саломат бурданд”, - гуфт манбаъ.
Толибон бар инанд, ки ин кори ДОИШ* аст, аммо сокинони маҳал мегӯянд, кори дасти Ҷамоати Ансоруллоҳи* марбути террористони тоҷикистонӣ аст.
Дар ҳамин ҳол, ин дуввумин ҳамлаи мушакӣ ба марри кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сӯи Афғонистон аст. 18 апрел ба марзи Ӯзбекистон ҳафт мушак аз вулусволии Шӯртеппаи вилояти Балх андохт шуда буд, ки масъулияти онро ДОИШ ба дӯш гирифт.
Акс: аз ҳамлаи мушакӣ ба Ӯзбекистон.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.