Ҷангҳои Панҷшеру Андаробҳо миёни муқовиматгарон ва Толибон* даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт
ҲИНДУКУШ, 07 май – Сангар, Санам Амир, Ҳасиби Сангар. Ин ҷангҳо се рӯзи қабл, 6 май, дар вулусволии Дараи вилояти Панҷшер шуруъ шуда, то дараҳои Шутулу Ҳисорак ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон доман паҳн карданд.
Иттилое, ки аз манобеъи мухталиф дар ихтиёри хабарнигори Сангар дар Панҷшер қарор гирифт, нишон медиҳад, ки ду рӯзи гузашта даргириҳои шадид миёни нерӯҳои Ҷабҳа муқовамати миллӣ ва Толибон дар вулусволиҳои Дара ва Обшори Панҷшер ба вуқӯъ пайвастааст.
“Тамоми мардони минтақа ба сангарҳо боло шуданд. Толибон ҳам нерӯи зиёдеро эъзом кард. Шиддати ҷанг ба ҳадде буд, ки мардум фурсат наёфт муаллим Саъдиддинро ба хок супоранд ва писарони ӯ дар даруни қабри падари худ нишаста, вориди ҷанг шуданд. Қабри кандагиро мавзеъ ҷӯр карда, ҷанг карданд”, - гуфт як манбаъ дар хатти аввали ҷанг.
Бино ба иттилои ин манбаъ, миёни соатҳои 5 то ҳафти рӯзи 7 май бо афроди фармондеҳ Маликхон, ки нав ба муқовимат пайвастааст, дар дараи Абдуллохел як корвони Толибонро камин заданд, ки дар пайи он ҷангиёни ин гуруҳ рӯ ба фирор оварда, ба теъдоди 76 куштаи худро дар майдони ҷанг раҳо карданд.
“Толибон рӯзи дигар, 8 май, боз нерӯ ба минтақа фиристода, фақат мурдаҳои худро кашиданд. Онҳо хеле дар таҳлука буданд ва дар мухобира аз арфоди худ батакрор тақозо мекарданд, ки мутаваҷҷеҳ бошед, то роҳро аз пушти сари мо қатъ накунанд”, - гуфт ӯ.
Бино ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати Сангар, Толибон худ аз Абдуллохел пойин шуда, дар рустоҳои Деҳпитаву Каратоз, қисматҳои поёнии дара мустақар шуданд ва аз рустоҳои Арғачу Манҷанасту, ки мақарри фармондеҳ Малик аст, пурра хориҷ шудаанд.
“Вазъ дар Дара комилан ба нафъи муқовимат аст. Овозаҳои десант шудани қитъаи “Бадрӣ” – ву омадани ҳеликуптарҳо сиҳат надоранд. Мардум ба рустоҳо баргашта, барои муқовиматиҳо нону об мебаранд. Мо ба ҳамалоти нави Толибон дар рӯзҳои оянда омодагӣ мегирем”, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои ӯ, дар ҷангҳои вулусволиҳои Дараву Обшор беш аз 100 толиб кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд, ки тариқи мошин ба майдони варзишии Бозорак ва аз он ҷо ба Кобулу Парвон интиқол ёфтаанд.
“Наворҳои нашршуда аз сӯи Толибон нишон медиҳад, ки аҷсоди ҷангиёни толиб ба Қандаҳору Ҳилманд мунтақил шудаанд. Аз манобеъи худ мо иттило ёфтем, ки дар шифохонаҳои Сардор Довуд ва Раёсати амният дар Кобул ҳудуди 100 захмӣ бистарӣ шудаанд, ки ҳама аз ҷангҳои Панҷшеру Андароб интиқол ёфтаанд”, - гуфт манбаъ.
Ҳамзамон аз даргириҳо дар дараҳои Шутулу Ҳисорак ва минтақаи Фароҷи Панҷшер низ гузоришҳо пахш шудаанд, ки ҷузъиёташон ҳанӯз ба даст наомадааст.
Тибқи иттилои манобеъи муқовимат, дар ҷангҳои ахири Панҷшер 7 нафар сарбози муқовимат ба шаҳодат расидаанд, ки ҳар як (дар акси боло) Муаллим Саъдуддин, Мирзамон, Айнуллоҳ, Мирзоҷон аз қароргоҳи Абдуллоҳхел ва Рақибхону Маҳфузҷон аз дараи Шутул, як ҳафта пеш Абдулбасир аз рустои Мараштони дараи Ҳисорак мебошанд.
Муаллим Саъдуддин аз муҷоҳидини пешини Панҷшер аст, ки таҳти амри Аҳмадшоҳи Масъуд ҷангида буд. Дар бораи марги Рақибхони Шутул ду рӯзи пеш бародари ӯ фармондеҳ Вазири Шутул ба хабарнигори Сангар иттило дод.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи якшанбе, 8 май, дар минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон низ ҷангҳои шадид миёни нерӯҳои муқовимат ва Толибон ба вуқуъ пайваст.
Абдулҳасани Андаробӣ, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат ба вебсойти Сангар гуфт, Толибон тақрибан соати 10.30 дақиқаи қабл аз зӯҳр ба мавозеъи муқовиматгарон дар Дараи Ҷар, Косатарош ва Хайрдараи вулусволии Деҳсалоҳ ҳамла карданд ва даргирӣ то ҳаволии соати 6 –и шом идома дошт.
“Дар пайи ҳамалоти таҳоҷумии муқовиматгарон рустоҳои Дараи Ҷар, Беди Кулу, Пашшаӣ, Дарбанд, Қассобдара, Деҳболо ва Қалъаи Дараи вулусволии Деҳсалоҳ аз вуҷуди Толибон поксозӣ гардид”, - гуфт вай.
Тибқи иттилои ӯ, дар ин даргириҳо аз нерӯҳои толиб 15 нафар куштаву 24 нафар захмӣ шудаанд ва нерӯҳои муқовимат талафоте надоштанд. Гуфта мешавад, дар ин даргирӣ нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллиро Ҷабҳаи озодии Афғонистон ҳамкорӣ кардаанд.
Ҷангҳои шадид дар Ҳиндукуш рӯзи 6 май дар пайи як амалиёти Толибон алайҳи фармондеҳ Малик, омири истихбороти пулиси Толибон дар Панҷшер шуруъ шуд, ки бо шикасти Толибон ва фатҳ шудани вулусволиҳои Дараву Обшор дар ҳамон рӯз ба анҷом расид.
Бино ба иттилои манобеъи Сангар, Толибон даҳҳо танку “ренҷер” ба Панҷшеру Андаробҳо эъзом кардаанд, ки эҳтимол дорад майдони ҷанг бо ҷабаҳоти муқовиматро доғтар кунад.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.