Хабари рӯз

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ду вулусолии вилояти Панҷшерро фатҳ кард. Хабари озодии вулусволии сеюм ҳанӯз таъйид нашудааст

ПАНҶШЕР, 07 май – Сангар, Санам Амир. Ҷабҳаи Озодагон дар масири Кобул – Панҷшер як корвони икмолотиеро, ки барои кӯмак ба дара мерафт, торумор кард.

Хабарнигори сомонаи Сангар аз даргириҳо хабар медиҳад, ки ҳаволии соати 10 – и дирӯз, 6 апрел, дар рустои Бобоалии вулусволии Обшор нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба як “ренҷер”-и Толибон ҳамла карда, 5 тан аз сарнишинони онро ба ҳалокат мерасонанд.

“Толибон ба далели он, ки масъули ҳамла як афсари собиқи ҷумҳурият аз рустои Тундхуи вулусволии Дара буда, ба ин деҳа ки дар ин тарафи куҳи Бобоалӣ ҷойгир аст, ҳамла карданд ва ҷавонону мардонро даст баста, дар бинои мактабу масҷиди деҳа ҷамъ карданд. Мардум, ки бегуноҳ буданд, эътироз карданд ва як теъдоди онҳо ҳам толиби маҳаллӣ буд. Миёни онҳо ва толибони аз вилоят омада таниш ба амал омад, ки дар пайи он як ҷавони рустои Тундху ба номи Мирзоҷон Бахшӣ кушта шуд”, - мегӯяд ӯ.

Куштори ин ҷавон мардум ба шӯр меорад ва як даргирии шадид миёни он ду гуруҳи толибон ба вуқуъ мепайвандад. Дар ин миён нерӯҳои муқовимат низ вориди майдон мешаванд.

“Ин даргирӣ ҳаволии соати соати 3 – и баъд аз зуҳри рӯзи гузашта, 6 апрел, оғоз шуд ва то соати 8.30 шаб идома ёфт. Толибон рӯ ба фирор оварданд, аммо дар масири роҳ мавриди ҳамлаи нерӯҳои муқовимат қарор гирифтанд. Муқовиматгарон онҳоро то Қалъаи Исфандиёр ва бозори вулусволии Дара таъқиб карданд. Дар пайи ин толибони паштун бо иттифоқи толибони маҳаллӣ маҷбур шуданд бо ду мутаре, ки боқӣ монда буд, аз маркази вулусволӣ фирор кунанд”, - хабар медиҳад хабарнигори Сангар.

Ба гуфтаи ӯ, муқовиматгарон ҳаволии соати 9.30 – и шаб дар канори рустои Пуҷова як кӯҳи бузургро инфиҷор дода, роҳеро, ки вулусволиҳои Дара ва Обшоррро бо роҳи умумии Панҷшер васл мекунад,  бастанд.

“Ҳоло тамоми пулҳое, ки ин ду вулсволиро бо сараки умумии Панҷшер васл мекунанд, таҳти назорати Ҷабҳаи муқовимат аст ва мунтазири омадани нерӯҳои Толибон ҳастанд. Дар умум, шаби гузашта барои сокинони Дараву Обшор аввалин шаби оромиш ва бидуни толиб буд”, - гуфт ӯ.

Хабарнигори Сангар мегӯяд, талафоти Толибон зиёд буд, аммо дар торикии шаб теъдоди онҳоро намешуд дақиқ кард, аммо аз ҷониби муқовимат як нафар куштаву яке ҳам захмӣ шудаанд.

Панҷшер ҳудуди як моҳ ба ин сӯ ҳолати одӣ дошт ва ҳеҷ таҳарруки қобили мулоҳизае ба назар намерасид. Бино ба гуфтаи як манбаъи дигар, далели ба вулусволиҳои Дараву Обшор эъзом шудани “Қитъаи сурх” – и Толибон боздошт кардани он уламои динии ин манотиқ буд.

“Иморати исломӣ фармон содир карда буд, ки мардуми Афғонистон намози иди Фитрро дар рӯзи 1 май баргузор кунанд, аммо дар аксари масоҷиди вулусволиҳои Дара, Обшор, Бозорак ва Рухаи Панҷшер уламои дин рӯзи 2 май намози идро анҷом доданд. Зоҳиран, Толибон аз ин нофармонӣ ба хашм омада, мехостанд уламоро муҷозот кунанд”, - гуфт манбаъ.

Қаблан ин иттилоъ низ вуҷуд дошт, ки сокинони рустои Абдуллохели вулусволии Дараи Панҷшер намози иди фитрро ба имомати Мавлавӣ Абдулваро Қаюмӣ, узви Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон адо кардаанд.

Ҳамзамон бино ба як навори савтие, ки аз ин даргириҳо ба даст омадааст, як муқовиматгар ба фармондеҳи худ аз баромадани “чиғи атангарҳо” хабар медиҳад. Қаблан як гуруҳи Толибон дар маҳалли оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, раҳбари Муқовимати аввал ва ҳам падари Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, рақси паштуи атанро иҷро карда буданд, ки эътирозҳои шадидеро ба миён оварда буд.

Тибқи иттилои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар пайи даргириҳои вулусволиҳои Дараву Обшор ҷасади 13 толиб дар маҳал боқӣ монда, панҷ воситаи нақлияи онҳо ба ғанимат афтодааст.

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳа, бо пахши як хабари расмӣ гуфт, пас аз даргириҳо дар Дараву Обшор нерӯҳои Ҷабҳаи муқовамат ба посгоҳи Толибон дар минтақаи Дуоби қароргоҳи Шобаи вулусволии Ҳиссаи Аввал (Хинҷ) ҳамла оварда, онро низ фатҳ намуданд.

“Дар натиҷаи ин ҳамла 9 тан аз толибон ҳалок, 6 тан асир, як танки “ҳомвей” ва як “ренҷер” – и онҳо низ тахриб шуд”, - мегӯяд сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат.

Дар ҳамин ҳол, бино ба наворҳои савтиву видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд, дар Панҷшер як амалиёти густарда таҳти фармондеҳии Холид Амирӣ оғоз шудааст ва фармони онро ҳам фармондеҳи умумии Ҷабҳаи муқовимат Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ додааст.

Бино ба ин наворҳо, вулусволии Хинҷ низ аз дасти Толибон озод шуда, Қорӣ Қудратуллоҳ, волӣ ва Ҳамиди Хуросонӣ, фармондеҳи собиқи амнияи онҳо дар Панҷшер, дараро тарк кардаанд ва ҳам вулусволии Париён муҳосира шудааст. Аммо ин хабарро манобеъи Сангар дар маҳал таъйид накарданд. Ҳамчунин маълум нест, ки оё Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон боби ҷанги тамомайёр алайҳи Толибонро шурӯъ кардааст, ё хайр.

Дар ҳамин ҳол, Ҷабҳаи миллии озодагони Афғонистон бо пахши як хабар аз ҳамла ба як корвони Толибон дар масири Кобул – Панҷшер хабар дод.

Абдулфаттоҳи Адиб, сухангӯи Ҷабҳа, ба Сангар гуфт, ин нерӯҳои кӯмакие буданд, ки қарор буд, барои ҷанг бо муқовиматгарони Панҷшер раванд, аммо аз онҳо ҷилавгирӣ ва чандин толиб бо тонку “ренҷер” – ашон аз байн бурда шуданд.

“Вақте хабари ҳаракати онҳо аз Кобул расид, нерӯҳои мо оҷил даст ба кор шуда, бо тамоми нерӯи худ дар бозори вулусволии Сарои Хоҷаи вулусволии Кӯҳдомани вилояти Кобул сари онҳо ҳамла карданд ва нагузоштанд, ки онҳо ба Панҷшер раванд. Мо аз ин ба баъд низ бо тамоми гуруҳҳои муқовиматгар барои саркӯби Толибон ҳамкорӣ хоҳем кард”, - гуфт ӯ.

Ба ҳамин минвол, Дараву Обшор аввалин вулусволиҳои Панҷшер хоҳанд буд, ки аз идораи Толибон хориҷ мешаванд. Ин вилоят, ки 7 вулусволӣ дорад, дащаи аввали моҳи сентябри соли  гузашта аз сӯи Толибон ишғол шуда буд.

* Толибон - ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!