Ҳудуди 120 сохтмони маскунӣ дар вилояти Ҷузҷон бар асари оташсӯзии табиӣ тахриб шудааст. Толибон* эълом карданд, ки ин кори ҷинҳост.
МАЗОРИ ШАРИФ, 13 август - Сангар, Қорӣ Аҳмад. Бархе аз занону кӯдакон бо дидани ашёъ ва мавҷудоти аҷиб аз ҳуш рафта ва дар бемористон бистарӣ шуданд.
Як масъули пулиси маҳаллии Толибон ба веб-сайти Сангар гуфт, ки ин рӯйдод дар рустои Боло Мурдиёни шаҳристони Файзободи вилояти Ҷузҷон рух додааст.
“Танҳо дар 24 соати гузашта (11 август), 17 хонаи сокинон ба таври худ ба худ дучори сӯхтор шуданд. Имрӯз дар як соат чаҳор хона оташ гирифт. Оташ тамоми амволи мардумро мебалъад ва ҳайвоноти хонагиро мекушад. Аҳолии ин русто мутаҳаммили хисороти модӣ ва молии ҳангуфте шуданд. Бисёре аз мардум ҳамчунон аз ин русто мегурезанд ва ба ҷойи дигаре нақли макон мекунанд.", - гуфт ӯ.
Яке аз бошандагони ин русто ба Сангар гуфт, вазъияти ваҳшатноке эҷод шудааст, занону кӯдакон бо дидани ашёъ ва мавҷудоти аҷибу ғариб аз ҳуш рафта ва акнун дар бемористон бистарӣ ҳастанд.
“Барои аввалин бор, сарбозони захмии артиши давлати собиқро, ки дар ҳоли хунрезӣ буданд, дидаанд, ки хонаҳоро оташ мезаданд. Баъдан мавҷудоте бо мӯҳои баланди сиёҳро дидаанд. Вақте ба онҳо шиллик шуд, нопадид шуданд. Бархе дар қолаби мавҷудоти осмонӣ зоҳир шудаанд, ки дар филмҳои хориҷӣ дида мешаванд. Яке аз бачаҳо гуфт, як нафар вориди фалон хона шуд, рафтем, дидем касе нест, аммо худ ба худ оташ гирифт. Ин мавҷудотро фақат кӯдакон ва занон мебинанд, на мардон”, - гуфт ӯ.
Хабарнигор Абдуллоҳ Хирадманд, ки дар ин русто ҳузур дошт, гуфт, ҳаволии соати 14.10 рӯз 10 август дар ҳини филмбардорӣ дар рустои Боло Мурдиён шахсан шоҳиди вуқӯъи сӯхтор ва оташ гирифтани хона будааст.
“Ман бо Қорӣ Нуруллоҳ Мусофир, раиси идораи умури иҷтимоӣ ва муҳофизи ӯ будам. Барои филмбардорӣ вориди хона шудем, ки бар асари сӯхтори табиӣ сӯхта буд. Ба маҳзи ин ки вориди хона шудем, оташсӯзӣ шуд, аммо касе он ҷо набуд”, - навиштааст вай.
Дар айни ҳол муллоҳои шаҳристон мустақиман ҷинҳоро муқассири ин оташсӯзиҳо донистанд ва изҳор доштанд, ки аҳоли маҳалл дар гузашта муртакиби гуноҳ шудаанд, аммо тавба накарда ва аз амали худ истиғфор накардаанд ва акнун мавриди ғазаби Худованд қарор гирифтаанд.
10 август, фармондеҳи пулис ва соири намояндагони ҳукумати маҳаллии Толибон дастури баргузории маросими хатми Қуръон ва намозро содир карданд, аммо ин кор муассир воқеъ нашуд: он рӯз, чаҳор хона дар як соат оташ гирифт.
Домулло Шуъайб, волии Толибон дар Ҷузҷон, дар навори савтӣ ба қурбониёни оташсӯзӣ омӯзиш медиҳад, ки чигуна ҷинҳоро берун кунанд. Ба онҳо тавсия мекунад, ки Қуръони карим бихонанд, об биҷӯшонанд ва ҳар чаҳор девори хонаро аз дохил бипошанд. Ба гуфтаи вай, пас аз ин кор, “шайтон ҳадди ақал як ҳафта зоҳир намешавад”.
Боло Мурдиён яке аз рустоҳои дурафтодаи шаҳристони Файзободи вилояти Ҷузҷон аст, ки дар он ӯзбекҳо зиндагӣ мекунанд.
Мардуми Афғонистон чандин сол аст, ки аз фақру мушкилоти иқтисодӣ ранҷ мебаранд. Илова бар ҷангҳои вайронгар, вируси куруно, вабо, муҳоҷират ва... ахиран бо балоёи илоҳӣ ва табиӣ низ мувоҷиҳ шудаанд.
*Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.