Бо дуруд ба рӯҳи поки шаҳидоне, ки дар роҳи муқовимат мазлумона ҷон бохтаанд ва бо ҳамдардӣ бо хонаводаҳои қурбониён ва бо тақдир аз рашодатҳо, далериҳо ва истодагиҳои муқовиматгарон, ҳамаи сангрдорони азиз дар кӯҳпояҳои кишвар ва фаъолини сиёсӣ ва маданӣ, ба вежа занон ва духтарон дар дохилу берун аз кишвар.
МУҚАДДИМА
Афғонистон бахше аз ҳавзаи тамаддунии минтақа аст, ки дар мақотеъи мухталифи таърих ҷойгоҳи он дар дониш, фарҳанг ва тамаддуни башарӣ ифтихорофрин будааст. Шахсиятҳои бузурге бахше аз номоварони ин хитта дар арсаҳои мухталиф будаанд. Бузургтарин фуқаҳо ва уламои хирадгаро ва бунёнгузори бузургтарин андешаҳои дин реша дар ин сарзамин доранд.
Аммо дар чанд садаи ахир, куллияти ин ҷуғрофияи тамаддун ба далели рақобатҳои манфиву дахолатҳои хориҷӣ ва ҳамдастии авомили дохилии онҳо дучори тағйироти густурда гардидааст. Мардуми мо ба хотири таъмини адолати иҷтимоӣ, пайвастан ба корвони тараққӣ ва поён бахшидан ба ақибмондагӣ, маҳрумият ва табъиз талош варзида, дар ин роҳ қурбониҳои зиёде додаанд. Саркӯбҳо, эъдомҳо ва зиндонӣ шуданҳои нухбагон, қиёмҳои милливу динӣ, муборизоти адолатхоҳона, ҷангҳои озодибахш, ба вежа ҷиҳоду муқовимат, муқобила бо терроризм ва ҳиҷрати миллионҳо бошандаи сарзамини мо гувоҳи инкорнопазири ҳаққонияти доия ва қурбониҳои мост.
Баъд аз муқовимати аввал мардум дар баробари Толибон ва задуда шудани онҳо аз саҳнаи қудрат ва бист соли талошу сармоягузории муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Афғонистон ба хотири таъсиси давлати миллӣ ва соири арзишҳои имрӯзӣ бори дигар кишвар зери султаи Толибон қарор гирифт.
Ду даҳа фурсатҳои арзишманде барои берун омадани кишвар аз инзивои байналмилалӣ, мушорикати сиёсӣ, тавсеаи зерсохтҳо ва тамрини демократияро фароҳам овард. Алорағми нокоромадиҳои низоми сиёсӣ ва ноамниҳои ношӣ аз аъмоли Толибон ва соири гурӯҳҳои террористӣ мардум тавонистанд таҳаввулоти мусбат ва бузургеро дар сутӯҳи мухталиф рақам зананд. Аз омӯзиши миллионҳо духтар ва писар то густариши ниҳодҳои таълимӣ ва таҳсилӣ, фаъолиятҳои маданӣ ва озодии баён, аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими ҳамин давра мебошад.
Ин фурсатҳои арзишманд, ки ба баҳои талошҳои умедворонаи мардум ва қурбониҳои давомдори фарзандони далери ин сарзамин ба даст омада буд, ба далели набуди дидгоҳи калони миллӣ дар сатҳи раҳбарии низом, фасоди густурдаи идорӣ, идомаи ҷанг, таҳмили ниёбати Толибон ва шарикони террористии онҳо, таҳмили сиёсатҳои тангназарона дар сохтори ҳукумат, бозиҳои кишварҳои минтақа ва фароминтақа бо аҳдофу стратегияҳои мутаориз, саранҷом аз даст рафт ва бори дигар заминаи ҳокимияти гурӯҳи ниёбатии Толибонро фароҳам карда ва Афғонистонро ба инзиво, буҳрон ва конуни терроризм боз гардонид.
МУҚОВИМАТИ МИЛЛӢ
Аъмоли ҷинояткоронаи Толибон тай се даҳаи ахир боиси кашондани пойи террористони байналмилалӣ ва лашкаркашиҳои хориҷӣ дар кишвари мо гардидааст. Аз он ҷо ки гурӯҳи Толибон аз роҳи зӯр, хушунат, зулм, куштор ва ироб, бидуни ҳеҷ муҷаввизи шаръӣ ва қонунӣ кишварро ишғол кардаанд ва аз ҳеҷ гуна машрӯъияти мардумӣ, динӣ, қонунӣ, ахлоқӣ ва байналмилалӣ бархурдор набуда, ба унвони ғосибон ва ишғолгаронанд. Ин гурӯҳ шаръан боғиёнанд, ки кишварро ишғол карда, ҳар хел аъмоли қудрат аз ҷониб онҳо номашрӯъ аст. Пас, вазифаи мост то аз ҷону моли мардум, ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзӣ дифоъ намоем.
Муқовимат дар баробари гурӯҳҳои ниёбатӣ ва террористии золим, боғӣ ва мутаҷовиз барои раҳоии мардуми кишварро аз таҳти зулм, шиканҷа, ихтиноқ ва асорат, як зарурати шаръӣ, миллӣ ва таърихӣ медонем.
Муқовимати миллӣ шомили муборизоти сиёсӣ, низомӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар баробари ишғол, зулм ва таҷовуз буда, ки ба ҳадафи дифоъ, озодӣ, адолат ва эҷоди низоми мубтанӣ бар иродаи мардум шакл гирифтааст.
АСОСҲО ВА ДИДГОҲ
Бо имони росих ба зоти пок Худованд (ҷ), эътиқод ба дини муқаддаси Ислом ва Қуръони Карим мубтанӣ бар усули мусолиматомези ҷаҳонӣ, бо риояти маншури СММ ва Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва тамоми муоҳидот ва мисоқҳое, ки Афғонистон ба он мулҳақ гардидааст.
Бо таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳаросат аз истиқлол, ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии кишвар, таъсиси низоми исломии ғайримутумаркизи мубтанӣ бар қонунмандӣ ва бар иродаи мардум ва демократия (интихобот), таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи каромат ва ҳуқуқи инсонӣ ва таъмини озодиҳо ва ҳуқуқи асосии мардум, тақвияти бунёдҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дифоии кишвар, таъмини зиндагии мураффаҳ ва муҳити зисти солим ва эҷоди ҷомеа орӣ аз зулм, истибдод, табъиз ва хушунат барои ҳамаи сокинони ин сарзамин, хутути асосии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мухтасаран ироа мегардад:
1 - Боварамандӣ ба дини муқаддаси Ислом бо қироати эътидол мабнои эътиқоди мардуми моро дар дарознои таърих шакл дода, ки касе ба хотири силки мазҳабӣ мавриди ҳеҷ гуна табъиз қарор намегирад ва ҳатто пайравони соири адён дар иҷрои маносики мазҳабиашон аз озодӣ бархӯрдоранд. Ҳеҷ қонун ва муқаррарот дар муғойират бо асосоти дини мубини Ислом вазъ шуда наметавонад.
2 - Мубориза дар баробари ҷаҳл, истибдод ва инҳироф аз арзишҳои динӣ, аз тариқи инсиҷоми мардуми озодихоҳ, уламо, ҷараёнҳои сиёсӣ, маданӣ ва фарҳангӣ, ба шумули занон ва ҷавонон.
3 - Ҳифзи тамомияти арзӣ, эҳёи ҳокимияти миллӣ, истиқлоли кишвар ва таъмини ҳокимияти қонун.
4 - Таъкид бар ин, ки ҳокимият дар Афғонистон мутааллиқ ба мардум буда, ки ба гунаи мустақим ва ё аз тариқи намояндагонашон бояд аъмол гардад. Усули тасмимгирӣ шаҳрвандмеҳвар буда, ки аҳзоби сиёсӣ ба унвони устувонаҳои демократия, озодии баён ва касратгароии фарҳангӣ ва забонӣ мавриди ҳимоят қарор гирифта, тавсеа меёбад.
5 - Эҷоди низоми сиёсии машрӯъ, ғайримутамаркиз, миллӣ ва модерн, мубтанӣ бар иродаи озоди мардуми Афғонистон, бидуни тааллуқоти қавмӣ, самтӣ, нажодӣ ва ҷинсиятӣ, ба масобаи сохтори ҳуқуқӣ ва ҳукумати посухгӯ дар баробари парлумони мунтахаб.
6 - Тааҳҳуд ба муборизаи мустамар алайҳи фасод.
7 - Эҳроз ва интиқоли қудрат аз тариқи интихоботи демократӣ ба унвони ягона роҳкори машрӯъ ва мухолифат бо гирифтани қудрат ва идома он ба василаи зӯр, ироб ва хушунат.
8 - Тааҳҳуд ба касратгароӣ ва ниҳодина кардани мушорикати сиёсии мардум аз тариқи тақвияти ниҳодҳои маданӣ ва аҳзоб сиёсӣ.
9 - Тааҳҳуд ба манофеи миллӣ ва зарурати таъриф, табйин ва тадвини он.
10 - Бовар ба тасовии ҳуқуқи кулли марду зан дар баробари қонун ва мардуд донистани ҳар гуна табъиз миёни шаҳрвандон.
11 - Риояти асли тафкики қуво ва истиқлолияти комили қувваи қазоия.
12 - Сиёсати хориҷӣ бар асоси эҳё ва таҳкими истиқлол, аъодаи ҳайсияти кишвар, таъмини манофеи миллӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ, адами мудохила, ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтироми мутақобил, тасовии ҳуқуқ ва ҳузури фаъол дар арсаҳои ҷаҳонӣ.
13 - Тааҳҳуд ба асл, ба тарафи мусбат, тасбити ҷойгоҳи Афғонистон ва табдил намудани он ба ҳавзаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ барои ҳама, таъмини тавозуни манофеи машрӯъ ва равобити мутаодили Афғонистон бо ҳамсояҳо, минтақаву ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ.
14 - Истиқбол аз ҳимоятҳои модиву маънавии миллӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати таҳаққуқи аҳдофи муқовимат.
15 - Ҳифз, таҳким ва густариши сангарҳои муқовимат дар саросари кишвар.
16 - Барои расидан ба сулҳ бо муқовимат ва музокира шаръан боварамандем.
17 - Тааҳҳуд ба шаклдиҳӣ ва инсиҷоми муҷаддади неруҳои дифоӣ ва амниятии Афғонистон.
18 - Муборизаи қотеъ бо ифротият, терроризм ва маводи мухаддир.
19 - Риояти дастури исломӣ, қавонини ҷангӣ ва қувоъд башардӯстона дар амалиётҳои низомӣ.
20 - Расидагӣ ба буҳрони бузурги башарӣ ва иқтисодӣ, фақр, гуруснагӣ, бекорӣ, беҷошудагон ва ҳаводиси ногувор табиӣ аз тариқи таомул ва ҳамоҳангии лозим бо тамоми мароҷеи зирабти миллӣ ва байналмилалӣ ба шумули сектори хусусӣ.
21 - Таъкид бар тавзеи мутаносиб ва мутавозини манобеъ, имконот ва фурсатҳои иқтисодӣ барои ҳамаи шаҳрвандон ва ҷилавгирӣ аз ҳар гуна сӯистифода аз мусоидатҳои ҷаҳонӣ.
22 - Инсиҷоми кадрҳо барои расидагӣ ба мушкилоти мавҷуд.
23 - Тадвини барномаҳои иқтисодӣ ва тавсеаи пойдор барои ояндаи кишвар.
24 - Ҳимоят аз заминасозӣ барои бозгушоии макотиби духтарон дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои миллӣ ва байналмилалӣ.
25 - Талош барои фароҳамсозии заминаҳои омӯзиш ва парвариш ва нисоби модерн ва пазируфташуда дар саросари кишвар, ба вежа дар манотиқи озодшуда.
26 - Муборизаи пайгир ҷиҳати ҷилавгирӣ аз фарҳангзудоӣ, шустушӯи мағзӣ, тарвиҷи ифротият ва омӯзишҳои террористӣ.
27 - Тааҳҳуд дар баробари ҳама ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва ҳимоят аз озодиҳои сиёсиву маданӣ.
28 - Мубориза дар баробари аъмоли маҳдудиятҳои ифротгароёна алайҳи ҳуқуқи асосии шаҳрвандон.
29 - Тарвиҷи асли касратгароии фарҳангӣ ва забонӣ, ҳимоят ва тавсеаи ҳамаи забонҳо ва фарҳангҳои мавҷуд дар кишвар.
30 - Бовар ба мушорикати занон дар тамоми арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бидуни ҳеҷ гуна табъиз.
31 - Тааҳҳуд ба озодии баён ва ҳимоят аз озодии расонаҳо, хабарнигорон ва фаъолини ҷомеаи маданӣ.
32 - Фароҳамовари заминаҳои тақвият ва рушди фаъолиятҳои ҳунармандон, нависандагон, шоирон ва аҳли фарҳанг.
33 - Тақвияти ҳамгироии фарҳангӣ ва иҷтимоӣ байни ақвом ба манзури ҳамдилӣ ва ҳамбастагии миллӣ.
34 - Ниҳодинасозии фарҳанги садоқат ва иҷтиноб аз фасод.
Доияи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон инсиҷоми тамоми неруҳои зидди гурӯҳи Толибон, бидуни дарназардошти тафовутҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, қавмӣ ва идеологӣ аст, ки бо ҳузури фаъол дар сафи мубориза алайҳи зулм, таассуб, ҷаҳл, ифротият ва даҳшатафганӣ, нақш ва масъулияти таърихии худро барои раҳоии кишвар аз буҳрони кунунӣ ва расидан ба сулҳи пойдор адо намоянд.
Бидуни шакк иродаи мардум ба тавфиқи Худованди мутаол бар ҳар монеае чира ва пирӯз аст.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон
Асади соли 1401 – Августи 2022