Вашингтон фишорҳо бар Маҳкамаи байналмилалии ҷазоиро афзоиш додааст, аммо Иттиҳодияи Аврупо ва шуморе аз муттаҳидони Амрико ҳимояти худро аз истиқлоли ин маҳкама эълом кардаанд.
КОБУЛ, 13 октябр — “Сангар”. Идораи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, таҳримҳои густурдаеро алайҳи Маҳкамаи байналмилалии ҷазоӣ (ICC) вазъ кардааст, ки метавонад дастрасии ин ниҳод ба хадамоти бонкӣ, бима ва нармафзорҳои амрикоиро ба гунаи ҷиддӣ маҳдуд созад.
Ба гузориши Ройтерз, тасмими Вошингтон бо ҳукмҳои боздошти содиршуда аз сӯи маҳкама алайҳи мақомоти исроилӣ, аз ҷумла Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ва ҳамчунон таҳқиқоти пешини ин маҳкама дар бораи ҷароими эҳтимолии низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон иртибот дорад.
Марко Рубио, вазири хориҷаи Амрико, Маҳкамаи байналмилалии ҷазоиро ба фаротар рафтан аз салоҳиятҳояш муттаҳам карда ва хостори таваққуфи иқдомоте шудааст, ки Вошингтон онҳоро таҳдиде алайҳи ҳокимияти миллии худ ва манофеи муттаҳидонаш медонад. Дар айни ҳол, барои иҷроӣ шудани тадобири маҳдудкунанда як давраи интиқолии шашмоҳа дар назар гирифта шудааст.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ки ба иттиҳоми иртикоби ҷиноёти ҷангӣ ва ҷиноёти алайҳи башарият дар Ғазза таҳти пайгарди ин маҳкама қарор дорад, аз Трамп ва Рубио ба хотири вазъи таҳримҳо сипосгузорӣ карда ва Маҳкамаи байналмилалии ҷазоиро як ниҳоди сиёсӣ хондааст, ки ба гуфтаи ӯ, барои кишварҳои демократӣ ва ҳокимияти миллӣ таҳдид эҷод мекунад.
Дар ҳамин ҳол, вазирони хориҷаи Канада, Дания, Олмон, Фаронса, Итолиё, Ҷопон, Ҳоланд ва Бритониё бо таҳримҳои Амрико мухолифат карда ва ҳимояти худро аз истиқлол ва бетарафии маҳкама таъйид кардаанд.
Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, низ эълом кардааст, ки ин иттиҳодия барои тадовуми фаъолияти Маҳкамаи байналмилалии ҷазоӣ талош хоҳад кард.
Томоко Аканэ, раиси Маҳкамаи байналмилалии ҷазоӣ, таъкид кардааст, ки ин ниҳод дар баробари фишорҳои хориҷӣ таслим нахоҳад шуд ва маъмурияти худро сирфан бар бунёди қонун ва шавоҳид идома хоҳад дод.
Украина низ ба навбаи худ ҳимоят аз Маҳкамаи байналмилалии ҷазоиро таъйид карда ва онро яке аз муҳимтарин созукорҳои посухгӯ сохтани омилони ҷароими иртикобшуда дар ҷараёни ҷанг бо Русия хондааст.
Маҳкамаи байналмилалии ҷазоӣ таҳримҳоро таҳдиде алайҳи истиқлоли адолати байналмилалӣ арзёбӣ карда ва аз кишварҳои узви Асосномаи Рум хостааст, барои ҳифозат аз фаъолияти ин ниҳод иқдом кунанд.
Қобили ёдоварист, ки таҳримҳо танҳо чанд соат пас аз эътои Ҷоизаи сулҳи Нобели соли 2026 ба Нави Пиллай, қозии пешини Маҳкамаи байналмилалии ҷазоӣ, ба хотири саҳми ӯ дар тавсеаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳимоят аз сулҳ, эълом шуданд.
Дар мавриди Афғонистон, Маҳкамаи байналмилалии ҷазоӣ дар 8 июли 2025 ҳукми боздошти Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари олии Толибон, ва Абдулҳаким Ҳаққонӣ, раиси Додгоҳи олии Толибонро содир кард. Онон ба иртикоби ҷиноёти алайҳи башарият, ба вижа озору таъқиби занон ва духтарон, маҳрум сохтани онон аз ҳаққи омӯзиш, озодии рафтуомад ва мушорикат дар зиндагии иҷтимоӣ мазнунанд.
Дар 5 октябри 2026, Маҳкамаи байналмилалии ҷазоӣ ҳамчунон ҳукмҳои боздошти пештар маҳрамона алайҳи Ҳабибуллоҳ Оғо, вазири маорифи Толибон, ва Нидо Муҳаммад Надим, вазири таҳсилоти олии Толибонро аланӣ сохт. Ба ин тартиб, чаҳор мақоми баландпояи ин гурӯҳ таҳти пайгарди ҷазоии байналмилалӣ қарор доранд. Ҳамаи онон ҳамчунон озоданд.
Маҳкамаи байналмилалии ҷазоӣ, ки мақарри он дар шаҳри Лоҳаи Ҳоланд қарор дорад, ба таърихи якуми июли 2002 бар бунёди Асосномаи Рум, мусаввабаи соли 1998, оғоз ба фаъолият кард. Вазифаи ин маҳкама пайгарди ҷазоии афроди мазнун ба наслкушӣ, ҷиноёти ҷангӣ, ҷиноёти алайҳи башарият ва ҷинояти таҷовуз аст.
125 кишвар узви Асосномаи Руманд. Амрико ва Исроил дар шумори ин кишварҳо қарор надоранд, аммо Афғонистон аз соли 2003 узви ин асоснома аст. Бо ин ҳол, маҳкама дар шароити мушаххас метавонад ҷароими иртикобшуда тавассути шаҳрвандони кишварҳои ғайриузвро низ мавриди баррасӣ қарор диҳад. Маҳкамаи байналмилалии ҷазоӣ нерӯи пулиси мустақил надорад ва барои иҷрои ҳукмҳои боздошт ба ҳамкории давлатҳо вобаста аст.