Хабари рӯз

Афсари пешини амнияти миллӣ пас аз раҳоӣ аз зиндони Толибон худкушӣ кард.

Кобул, ФАРЗОМ КОЗИМӢ — «Сангар». Наздиконаш мегӯянд, ӯ дар зиндони Толибон мавриди шиканҷаҳои шадиди ҷисмӣ ва равонӣ қарор гирифта буд.

Як афсари пешини Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон дар вилояти Кописо, як ҳафта пас аз раҳоӣ аз зиндони Толибон, худкушӣ кардааст.

Ба гузориши «Сангар», бо истинод ба иттилооти мунташиршуда дар сафҳаи Қозӣ Абдурраззоқ Наҷробӣ, Нусратуллоҳ Ғаффорӣ, бошандаи рустои Афғонияи вулусволии Наҷроб, шаби панҷшанбе дар ҳавлии манзили худ худро ҳалқовез карда, ҷон бохтааст.

Ғаффорӣ дар замони ҷумҳурӣ ҳафт сол дар бахшҳои мухталифи Раёсати умумии амнияти миллӣ, аз ҷумла дар бахши амнияти Кобул, ифои вазифа карда буд.

Ба гуфтаи наздиконаш, истихбороти Толибон шаш моҳ пеш ӯро шабҳангом аз хонааш боздошт карда, ба зиндони Шашдарак интиқол дода буданд.

“Пас аз як моҳи бехабарӣ аз сарнавишти ӯ, аз зиндони Шашдарак тамосе дарёфт карданд, ки дар он барои раҳоии афсари пешин як миллиону панҷсад ҳазор афғонӣ талаб шудааст”, - мегӯянд наздиконаш.

Ба гуфтаи наздиконаш, хонаводаи Ғаффорӣ ба далели мушкилоти иқтисодӣ тавони пардохти ин маблағро надошт. Дар ин муддат духтари 12-солаи ӯ бо дастфурӯшӣ дар бозори Наҷроб ҳазинаҳои рӯзмарраи хонаводаро таъмин мекард.

Наздикони Ғаффорӣ иддао доранд, ки ӯ дар даврони боздошт мавриди шиканҷаҳои шадиди ҷисмӣ ва равонӣ қарор гирифта буд.

“Чандин устухони бадани ӯ шикаста, шаш дандон ва нохунҳои пойҳояш кашида шуда буданд. Ҳамчунин, осори сӯхтагӣ бар асари истифода аз сихҳои доғшуда дар гардан ва сутуни фақароташ дида мешуд”, - гуфтаанд онҳо.

Бародари Ғаффорӣ гуфтааст, ки ӯ пас аз раҳоӣ аз зиндон шабҳо аз кобусҳои ваҳшатнок бедор мешуд, фарёд мекашид ва сарашро ба девор мекӯбид.

“Дар чунин ҳолатҳо фарёд мезад: “Назанед, ба хотири Худо, бас аст!”, - мегӯяд ӯ.

Ӯ ҳамчунин ҳангоми пурсиш дар бораи шароити зиндон ба гиря меафтод ва аз атрофиёнаш мехост, ки дигар дар ин бора чизе напурсанд.

“Ғаффорӣ пас аз раҳоӣ борҳо изҳор дошта буд, ки зиндагӣ дигар барояш маъное надорад. Ӯ ҳатто дар зиндон аз Толибон хоста будааст, ки ӯро бикушанд”, - мегӯянд наздиконаш.

Нусратуллоҳ Ғаффорӣ аз худ як ҳамсар ва се фарзанд — ду духтари ҳафт ва дувоздаҳсола ва як писари нуҳсоларо ба ҷо гузоштааст.

То замони таҳияи ин хабар, вокуниши расмии мақомоти Толибон ба иддаоҳои хонаводаи Ғаффорӣ дар бораи шиканҷа ва талаби пул барои раҳоии ӯ дар манбаи мазкур зикр нашудааст.

Марги ин афсари пешин бори дигар масъалаи сарнавишти низомиёни ҳукумати собиқи Афғонистон, шароити нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳҳо ва масъулияти омилони эҳтимолии шиканҷаро матраҳ мекунад.

Толибон аз 15 августи соли 2015, замони дубора ба қудрат расидан ҳазорон низомии ҳукумати пешинро боздошту зиндонӣ кардаанд, ки ба тахмини манобеъи мустақил, ҳудуди 250 нафар дар замони шиканҷа ба ҳалокат расидаанд.

Дар маҷмуъ тайи панҷ соли гузашта ҳудуди 6 ҳазор низомӣ кушта ва 15 ҳазор нафари дигар алъон зиндонӣ ҳастанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари боздоштшудагон дар пайи пардоххти пулҳои ҳангуфт ҷони худро халос мекунанд ва аксаран рӯ ба кишварҳои ҳамсоя, бахусус, Эрон меоранд.

Ҳукумати Толибон ҳеҷ гоҳ дар баробари ин ахбор изҳори назар накарда ва ба шикояту шавоҳиди айнии видеоии нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз кушта шудани низомиён дар пайи шиканҷаҳои шадид, ҳатто сарбуриданҳо, ривоят мекунанд, вокуниш нишон надодааст.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!