Толибон шаш тан аз размандагони гуруҳи “Бабрҳои Помир” - ро дар минтақаи Роғҳои Бадахшон тирборон карданд
КУНДУЗ, 10 апрел – Сангар, Ҷамшед Бадахшӣ. Мавлавӣ Наҷиби Роғӣ, фармондеҳи аршади Толибон дар минтақаи Роғҳои Бадахшон кореро кард, ки дар таърихи миллати тоҷик касе накарда буд. Вай ба Қуръон қасам хӯрд, аммо қасамашро шикаст.
Дар таърихи Афғонистон фақат Нодиршоҳ буд, ки ба Амир Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ба Қуръон қасам хӯрд, ба ӯ ғараз намегирад, аммо ӯро ба шаҳодат расонд. Ин аҳдшиканӣ яке аз сафҳаҳои нангини таърихи Афғонистон аст, ки як бебоварӣ ва беэътимодӣ миёни ақвоми Афғонистонро поягузорӣ кард.
Як узви “Бабрҳои Помир” ба сомонаи Сангар гуфт, шаби гузашта, 10 апрел, размандагони ин гуруҳ, ки 8 нафар буданд, ба як қароргоҳи Толибон дар вулусволии Роғистон ҳамла бурданд.
“Дар пайи ин ҳамла 4 толиб кушта, 5 нафари дигарашон захмӣ ва 13 нафарро бо тамоми силоҳу таҷҳизоташон ба асорат гирифтанд. Бачаҳои мо аз соҳа баромаданд, бояд як соҳаи дигар мерафтанд, аммо инҳо масири дигарро пеш гирифтанд. Иштибоҳи бадтарашон ин буд, ки ҳамаи асиронро озод карданд”, - гуфт вай.
Ба қавли ӯ, асирони раҳошуда ба пулиси Роғистон хабар медиҳанд ва Мавлавӣ Наҷиб, фармондеҳи толибони кулли Роғҳоро, ки дар Кобул аст, огоҳ мекунанд ва ӯ афродашро аз вулусволиҳои Ёвону Кӯҳистону Яфтал ба Роғистон эъзом мекунад.
“Субҳ ин нерӯҳо маҳалли размандагони моро муҳосира мекунанд ва ҷанг шурӯъ мешавад. Онҳо бо фармондеҳи “Бабрҳои Помир” Рустами Куҳистонӣ тамос гирифтанд. Вай фармон дод, ки таслим нашавед, муқовимат кунед ва торик, ки шуд, ба ягон истиқомати дигар бароед”, - гуфт ҳамсӯҳбати Сангар.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин миён Мавлавӣ Наҷиб рақами телефони яке аз онҳоро пайдо карда, аз Кобул тамос мегирад ва ба онҳо мегӯяд, ки моҳи рамазон аст, ба Қуръон қасам, ки ба шумо коре надорам, хунрезӣ накунед, биравед, таслим шавед.
“Вай мегӯяд, ман 10 лак (1 миллион афғонӣ) ба фармондеҳи пулиси Роғистон додаам, ки ба шумо ширинӣ диҳад. Хуб, бачагӣ кардед, гапе нест. Пулро бигиреду равед пеши хонаводаҳоятон. Онҳо ба фармондеҳ Рустами Куҳистонӣ занг заданд. Вай гуфт, ки аслан фикри таслимро надошта бошед, муқовимат кунед, ки ҳамаатонро асир мекунанд ё мекушанд”, - гуфт ҳамсӯҳбати Сангар.
Аммо вақте нафарони Наҷиб ба назди муқовиматгарон бо Қуръон омада, савганд мехӯранд, ки ба онҳо кор нахоҳад гирифт, муқовиматгарон ба онҳо бовар карда, таслим мешаванд.
Ҳамсӯҳбати Сангар мегӯяд, шаш нафари онҳоро дар ҳамон ҷо тирборон мекунанд ва ду нафари дигарро тариқи чархболе, ки аз Кобул омада буд, ба Файзобод, маркази Бадахшон интиқол медиҳанд.
“Он шаш нафар ҳамагӣ аз як хонавода ва мардуми Роғистону Кӯҳистон буданд. Ду нафари дигар ҳам ба номҳои Абдулғафур ва Наҷибуллоҳ, саргуруҳҳо буданд, ки ҳоло дар Файзобод таҳти шиканҷаву таҳқиқ қарор доранд. Ҳамаи ин размандагон аз афсару сарбозони командуи урду ва пулиси собиқи Афғонистон буданд”, - гуфт ӯ.
Замоне, ки ин гузориш омода мешуд, хабарнигори Сангар тавонист бо фармондеҳи “Бабрҳои Помир” Рустами Куҳистонӣ тамос бигирад. Вай бо изҳори таассуф аз иштибоҳи ҳамсангаронаш гуфт, ин талафоти сангин руҳияи ӯву муқовиматгаронро нахоҳад шикаст ва интиқоми ҳамразмонашонро хоҳанд гирифт.
Рустами Куҳистонӣ, чеҳраи дигаре аз Муқовимати дуввуми зиддитолибонӣ дар Афғонистон аст, ки дар гузашта афсари командуи урдуи миллии кишвар буд ва ба тозагӣ гуруҳи “Бабрҳои Помир” – ро барои мубориза бо Толибон ва ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд таъсис дод.
Мавлавӣ Наҷиб ҳамон нафарест, ки аз рӯзи ба қудрат расидани Толибон дар Кобул қарор дорад. Мунтазир аст, ки барояш вазифае диҳанд. Як бор як вазифаи намоишиеро доданд, аммо бегоҳ нашуда, бозпас гирифтанд. Толибон ба ӯ иҷоза намедиҳанд, ки ҳатто ба хонааш - Роғҳо баргардад.
Аммо дирӯз, 11 апрел, дар Роғҳо ӯ муртакиби гуноҳе шуд, ки агар банда ҳам бахшад, Худованд ҳеҷ гоҳ нахоҳад бахшид ва ин сахттарин гуноҳ – шикастани савганд ба Қуръон аст.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст