Хабари рӯз

Ҳам Толибон ва ҳам Ҷабҳаи муқовимат мегӯянд, ки ҷангиёни муқовимати Роғҳо дар пайи даргирӣ ба шаҳодат расидаанд.

КУНДУЗ, 10 апрел – Сангар, Ҷамшед Бадахшӣ. Аммо фармондеҳи гуруҳи Ҷабҳаи муқовимат ба унвони “Бабрҳои Помир” эълон дошт, ки афроди ӯ фирефтаи қасами Мавлавӣ Наҷиб, фармондеҳи асосии толибони Роғҳо ба Қуръон шуда, таслим ва тирборон шуданд.

Мавлавӣ Амонуддин, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Толибон, ба телевизиони “Помир” – и Бадахшон муқовиматгаронро “бағоватгар” хонда, гуфт, онҳо соати 12 соати шаби гузашта ба як қароргоҳи Толибон ҳамла бурда, се тани онҳоро захмӣ кардаанд. 

“Соати 3-и шаби рӯзи гузашта нерӯҳои Толибон ба махфигоҳҳои Ҷабҳаи муқовимат ҳамла оварда, 9 танро ба шаҳодат мерасонанд ва як танро асир мегиранд” – хабар медиҳад ТВ “Помир” аз қавли Толибон.

Толибон иддао доранд, ки дар даргириҳои ахири Роғ, ки аввалин рӯёрӯии ин гуруҳ бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат арзёбӣ мешавад, ҳеҷ талафоте надоштанд.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон расман хабар дод, ки дар ҷанги Сияҳкӯҳи минтақаи Майдони Бароғи вулусволии Кӯҳистон 16 толиб ва 7 чирики Ҷабҳаи муқовамати милли Афғонистон ба ҳалокат расидаанд.

Қаблан манбаъи Сангар аз гуруҳи муқовиматгарони “Бабрҳои Помир” хабар дода буд, ки дар ҳамлаи муқовиматгарон ба қароргоҳи Толибон дар Кӯҳистон 4 толиб кушта, 5 нафар захмӣ ва 13 нафари дигар асир шудаанд.

Аммо ҳам Толибон ва ҳам Ҷабҳаи муқовимати миллӣ даъво доранд, ки дар Кӯҳистон ҷанги рӯ ба рӯ доштанд. Дар ҳоле ки манобеъи Сангар аз ҷумлаи шоҳидони айнии ҳодиса ва ҳам фармондеҳи гуруҳи “Бабрҳои Помир” Рустами Кӯҳистонӣ, ки ҳангоми даргирӣ бо афродаш дар майдони ҷанг суҳбат карда буд, аз тирборон шудани муқовиматгарон суҳбат мекунанд.

Як фард, ки бо чашмони худ ин ҳодисаро дидааст, мегӯяд, дар наздикии маҳалле, ки ин ҷавонон ба рагбор баста шуданд, як антени ширкати “Афғон бесим” аст ва ӯ ба тасодуф он ҷо афтода, пинҳон ва наззорагар будааст.

“Толибон ба Қуръон қасам хӯрданд, ки ба Шумо кор намегирем. Бачаҳои муқовимат таслим ва халъи силоҳ шуданд. Ҳамон лаҳзаи аввал се нафарро дар ҷое, ки таслим шуданд, ба шаҳодат расонданд ва дуи дигарро поёнтар. Як нафари дигарро дар ҷои дигар ва як нафарро ҳам, ки фирор карда буд, аз пушти сар заданд. Фақат як нафарро зинда монданд”, - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол,  як узви “Бабрҳои Помир”, мегӯяд, Абдулғафур, нафаре, ки Толибон зинда нигоҳ доштанд, бо Мавлавӣ Наҷиб, фармондеҳи умумии Толибони Роғҳо ҳарф зада, ин ваъдаро гирифта буд, ки агар таслим шаванд, ба онҳо коре намешавад, аммо ҷавононро дар моҳи Рамазон шаҳид сохт.

“Абдулғафур бо фармондеҳи гуруҳ Рустами Куҳистонӣ тамос гирифта гуфт, ки Мавлавӣ Наҷиб ба Қуръон қасам хӯрдааст, аммо фармон чист? Ба ӯ фармон шуд умуман фикри таслимро надошта бошанд, зеро толиб қавл надорад ва онҳоро мекушад. Ин нафар чаро таслим шуд, барои мо муаммост”, - гуфт ӯ.

Ба ҳамин минвол, он чӣ норавшан мемонад, ин аст, ки фармони қатли 7 ҷавони муқовиматгари ҷавонро, ки ба қавле, фирефтаи қасам ба Қуръони карим шуда, таслими Толибон гаштанд, кӣ додааст: Мавлавӣ Наҷиб ё Мавлавӣ Амонуддин?

Бино ба ёфтаҳои Сангар, тамоми кушташудагон хешовандони наздик буда, дар деҳоти Хнвр и Аҳмадри вулусволии Роғистони Бадахшон зиндагӣ мекарданд.  

Мавлавӣ Амонуддин пас аз анҷоми ҷанги Роғҳо бо чархбол аз Мазори Шариф омада, ба мардум иҷоза надодааст, ки ҷанозаи муқовиматгаронро хонанд ва онҳоро дар ҳамон ҷое, ки тирборон гардиданд, дар як қабр дунафарӣ ба хок супурданд. Ва як шоҳиди саҳна ба Сангар нақл кард, ки вақте ҷавононро дохили қабр мегузоштем, рӯяшон худ ба тарафи қибла давр хӯрд ва мардум дар тааҷҷуб шуданд.

Мавлавӣ Амонуддин дар маркази вулусволии Куҳистон толибҳоро ҷамъ оварда, гуфтааст, ки ҳар кас собит шуд муқовиматӣ аст, маҳкамаи саҳроиаш кунед.

Бадахшон як пойгоҳи қавии Толибон аст ва даргириҳои гузашта аввалин рӯёрӯии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо Толибон буд. Бо назардошти ин ки Толибон дар Бадахшон афроди зиёд дорад ва ҳам ин вилояти тоҷикнишин ва зиддитолиб ба ҳисоб меравад, таҳаввулоти ҷиддии оянда бар сари шимоли Афғонистон бо ин вилоят рабт хоҳанд дошт. Шояд як далели бидуни маҳкама ба рагбор бастани муқовиматгарони тоҷик аз сӯи Толибони тоҷик  низ ҳамин бошад.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!