Хабари рӯз

Дар пайи ҳамлаи чирикии гуруҳи навпайдои “Бабрҳои Помир” дар вилояти Бадахшон як фармондеҳи Толибон ба ҳалокат расидааст

КУНДУЗ, 10 апрел – Сангар, Ҷамшед Бадахшӣ. Ин аввалин амалиёти муассири нерӯҳои зиддитолибонӣ дар Бадахшон пас аз суқути ин вилоят ба дасти Толибон дар моҳи августи соли гузашта аст.

Як ҳамсуҳбати сомонаи Сангар, ки худро аз гуруҳи тозатаъсиси “Бабрҳои Помир” хонд ва аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон изҳори ҳимоят кард, гуфт, ин фард Ҷаводуллоҳ Фидоӣ ном дошта, яке аз саргуруҳҳои Толибон дар Бадахшон буд.

“Вай дар дараи Ҷузгуни вулусволии Яфтали Боло, марбути ноҳияи ҳаштуми шаҳри Файзобод, аз сӯи размандагони мо аз байн бурда шуд. Вай ба мардуми вилоят хеле зулм карда буд”, - гуфт ӯ.

Ба қавли ӯ, Ҷаводуллоҳ Фидоӣ аз тоҷикони дараи Ҷузгун ва аз афроди вобаста ба Мавлавӣ Нисор Аҳмад, муовини волии Бадахшон буд ва фармондеҳии як гурӯҳи 50 – нафараро ба зимма дошт.

Дар пайи ҳамлаи чирикиёни “Бабрҳои Помир” ҳамчунин ду муҳофизи Ҷаводуллоҳ Фидоӣ башиддат захмӣ шудаанд. Аммо дар бораи худи гуруҳи “Бабрҳои Помир” манбаъ аз ироаи иттилоъ худдорӣ кард ва фақат изҳор дошт, ки ин гуруҳ аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд пуштибонӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, ин аввалин талафоти бузурги Толибон дар Бадахшон ва аввалин амалиёти муассири нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба ҳисоб меравад.

Бадахшон дар миёни вилоёти ғайрипаштун, ба вежа тоҷикнишин, бештарини Толибонро дорад. Дар муқовамати аввал, танҳо вилояте буд, ки комилан таҳти контроли Давлати исломии Афғонистон ба раҳбарии Бурҳонуддин Раббонии Бадахшонӣ буд.

Раҳбарони толибони Бадахшон дар ҳукумати Иморати исломии Толибон нақши барҷастае доранд, аз ҷумла Қори Динмуҳаммад Ҳаниф, вазир иқтисод ва Қорӣ Фасеҳуддин, раиси Ситоди кулли вазорати дифоъ ва ғайраҳо аз ин вилоят ҳастанд.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!