Хабари рӯз

Абдуллоҳ Ёсир, дипломати дуввуми Толибон дар Маскав, асосгузор ва аз аввалин мураббиёни аввалин мактаби террористони интиҳорӣ дар Афғонистон аст.

ҚУНДУЗ, 10 ноя – Сангар, Ҷамшед Бадахшӣ. Вай яке аз афроди наздик ба Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон гуфта мешавад.

Дар акс: Шогирдони Ёсир. Толибон бо нашри ин акс дар расонаҳо иддао карданд, ки ҳамин интиҳориён дар 21 апрели 2017 ба пойгоҳи низомӣ дар Мазори Шариф ҳамла карданд.

Бино ба иттилоъи дарёфтии хабарнигори “Сангар”, Абдулло Ёсир, нафаре, ки тоза котиби аввали сафорати Толибон дар Маскав таъйин шуд, аввалин мактаби интиҳориён дар қаламрави Афғонистонро таъсис дода, худ аз мураббиёни аслии онҳо ба ҳисоб мерафт.

“Ёсир дар замони ҷумҳурият, тақрибан пас аз соли 2013, аввалин мактаби интиҳориёнро дар шаҳристони Чаҳордараи вилояти Қундузро таъсис дода, тамоми амалиёти интиҳорӣ дар вилоёти шимол ва маркази Афғонистонро шогирдони он анҷом додаанд”, - гуфт манбаъ.

Дар гузашта интиҳориҳо дар макотиби махсуси Вазиристони Покистон омода ва ба Афғонистон фиристода мешуданд. Абдуллоҳ Ёсир аз аввалин афроде буд, ки ҳамчунин мактаберо барои мағзшӯӣ ва ба интиҳорӣ табдил додани наврасону ҷавонон дар шимоли Афғонистон таъсис дода буданд. Бино ба иттилоъи манобеъ, ин мактаб дар чандин бахш – тарбия, низомӣ ва ғайра - дар манотиқи умдатан паштуннишини Умархел ва Задронҳои шаҳристони Чаҳордараи вилояти Кундуз фаъолият дошт.

Ин иттилоъро яке аз раисони собиқи Раёсати амнияти миллии Афғонистон низ ба “Сангар” таъйид кард, аммо гуфт, марокизи интиҳориён дар шаҳристони Чаҳордара аз сӯи Ҳоҷӣ Абдураҳмон, аз қавми умархели минтақаи Умархели Қундуз, ҳоло муовини волии Ҳилманд, ва истихбороти Покистон дар солҳои 2013 – 2014 таъсис ёфтанд.

“Ҳоҷӣ Абдураҳмон қаблан аз сӯи Раёсати амнияти миллии Афғонистон боздошт ва зиндонӣ шуд, аммо бо талошҳои раисҷумҳур Ҳомид Карзай дигарбора раҳо гардид ва ба фаъолиятҳои худ идома дод. Мешавад гуфт, ки дар эҷод шудани марокизи интиҳорӣ, дар умум толибсозӣ дар шимол, Ҳомид Карзай саҳми беандоза дошт. Ӯ дар шимол Толибонро на душмани низом, балки паштун – ҳамқавми худ медонист ва қатъан талош дошт, ки онҳо рушд кунанд”, - гуфт ӯ.

Бино ба иттилоъи ин манбаъ, Абдуллоҳ Ёсир шахсан ҳамла ба масҷиди сипоҳи 209-и “Шоҳин” – и вазорати дифоъро дар 21 апрели соли 2017 – ро, ки беш аз 150 сарбози дар ҳоли намоз хонданро шаҳид ва 200 тани дигарро захмӣ ба ҷой гузошт, шахсан раҳбарӣ кардааст.

Ҳофиз Абдуллоҳ Ёсир, писари Қорӣ Назир, корманди тарофик (ГАИ)-и вилояти Бағлон буда, дар рустои Наҳри Сӯфии шаҳристони Чордараи вилояти Қундуз таваллуд шудааст ва аз қавми тутохели паштун аст.

Вай ду мартаба дар вақти ҷумҳурият ба хотири доштани иртибот бо гурӯҳи Толибон бандӣ шуда, бо раҳбарии Толибон, аз ҷумла Амирхон Муттақӣ, иртиботи наздик дорад ва аз ҷумлаи афроди шуурии гурӯҳи Толибон ба шумор меравад.

Як бародараш ба номи Ҳофиз Убайдуллоҳ Обидӣ, сухангӯи фармондеҳии пулиси Кундуз аст ва як бародари дигараш ба номи Абубакр масъули равобити оммаи маркази тарбиявии Кундуз.

Манбаъ гуфт: “Ҳама иморатии хуб шуурӣ ҳастанд ва ба истихбороти Толибону ISI – и Покистон тамоси наздик доранд. Худи Ёсир вақте ки Кобул меравад, Абдулҳақ Васиқ (раиси истихбороти Толибон) – ро бисёр ба содагӣ мебинад”.

Дар замони ҷумҳурият Ёсир масъули фарҳангӣ ва сухангӯи Толибон дар Шимол буд. Пас аз суқути ҷумҳурият ба ҳайси раиси хориҷаи вилояти Кундуз таъйин шуд ва яку ним моҳ мешавад, ки ба ҳайси котиби аввали сафорати Афғонистон дар Русия муқаррар шудааст.

Аммо дар тарҷумаи ҳоли Ёсир, ки хабарнигори “Сангар” пайдо кард, аз фаъолиятҳои интиҳории ӯ ҳарфе гуфта намешавад, аммо сокинони Кундуз дар бораи маълумоти ҷолибтареро медиҳанд.

Яке аз онҳо гуфт, Ёсир як фарди мармуз ва ифротии маҳз аст ва пас аз суқути Афғонистон ба дасти Толибон таблиғоти зидди ҳазораҳои шиаро ба роҳ монда буд.

“Вай дар яке аз масоҷиди Кундуз ҳангоми суханронӣ ба мардум гуфт, ки ҳар кас даҳ ҳазораро ба қатл расонад, мустақим ба ҷаннат меравад. Яке аз барҷастагиҳои ӯ ин аст, ки хеле нотиқи сухандон аст ва дар мағзшӯии интиҳориён хеле моҳир буд”, - гуфт манбаъ.

Ёсир тариқи бародараш ба номи Шоҳидуллоҳ масъулияти ҳамкорӣ бо террористони хориҷиро, ки дар Тахору Кундуз фаъолият мекунанд, низ ба ӯҳда доштааст.

“Маҳдӣ Арсалон ва дигар террористони хориҷӣ борҳо меҳмони хонаи ӯ буданд. Бо як “Ландкруизер” – и нуқраӣ ва зиреҳӣ, ки дар гузашта марбути яке аз раҳбарони кунунии Ҷабҳаи муқовимат буд, Шаҳидуллоҳ дар охирҳои моҳи сентябр як гуруҳи террористони хориҷиро ба лаби дарёи Ому дар шаҳристони Имом Соҳиб (марз бо Тоҷикистон) барои тафреҳу моҳихӯрӣ бурда буд”, - гуфт манбаъ.

Гузаштаи интиҳории раҳбарони Толибон як ҳарфи нав нест. Баръакс, онҳо аз даст доштани худ дар амалиёти интиҳорӣ ифтихор мекунанд ва онро як ҷиноят ҳисоб намекунанд. Аз ҷумла яке аз аввалин корҳое, ки Сироҷуддин Ҳаққонӣ дар симмати вазири корҳои дохилии Толибон анҷом дод, пазириш ва меҳмондории хонаводаҳои интиҳорӣ буд. Ҳатто дар як суҳбаташ гуфт, ки ҳамла интиҳориён ба меҳмонхонаи Интерконтинентал дар соли 2018-ро худи Пайғамбар Муҳаммад раҳбарӣ мекард.

Абдуллоҳ Ёсир моҳи сентябр минҳайси котиби аввал дар сафорати Афғонистон дар Маскав интисоб шуд. 6 апрели соли 2022 Маскав аввалин дипломати Толибон – Давод Носир Ғарволро ҳамчун кордори ин сафорат пазируфта буд. Русия ҳамоно Толибонро як созмони террористӣ меҳисобад, аммо аз ҳамкорӣ бо онҳо иҷтиноб намеварзад.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!