Хабари рӯз

Толибон* тадобири амниятии ҳифозат аз Равзаи Муборак ё оромгоҳи Ҳазрати Алӣ дар Мазори Шарифро ташдид бахшидаанд

МАЗОРИ ШАРИФ, 5 май - Сангар, Қорӣ Аҳмад. Ин тадобир дар ҳоле гирифта мешавад, ки шаҳри Мазори Шариф ва дар умум вилояти Балх тайи як моҳи ахир ба ҷавлонгоҳи асосии фаъолиятҳои гуруҳи террористии ДОИШ* табдил ёфтааст.

Манбаъи сомонаи Сангар аз фармондеҳии пулиси вилояти Балх гуфт, гузоришҳое вуҷуд доранд, ки бино ба онҳо, гуруҳи террористии ДОИШ рӯзҳои оянда дар Мазори Шариф ҳамалоти дигари террористиро тарҳрезӣ кардааст ва яке аз онҳо, бино ба тахмини мо, тарҳи инфиҷор дар Равзаи Муборак аст.

“Мунтаҳо барои мо маълум нест, ки онҳо чӣ тасмим доранд: мехоҳанд Равзаи Шарифро комилан тахриб кунанд, ё фақат дар маҳалли он инфиҷоре анҷом диҳанд, чун як ҷойи хеле серодам аст. Ростӣ, аз ин гуруҳи такфирӣ ва мухосим ба мазҳаби шиа ва ҳанафӣ ҳар таваққуфро метавон дошт. Ҳоло тамоми дарвозаҳои амниятӣ ва маҳалли Равзаи Муборак таҳти муроқибати шадид қарор дорад”, - гуфт вай.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ як чунин таҳдидот дар мавриди тахриби Равзаи Муборак аз сӯи бархе афроди машкук анҷом мешуд. Яке ҳам онро “макони ширкӣ” унвон карда буд, ки “ба зудӣ мунҳадим хоҳад шуд”.

Дар акс: як пости фейсбукӣ, ки дар он навишта шудааст: ”Ба зудӣ ин макони ширкӣ мунҳадим хоҳад шуд. Ба изни Аллоҳ!”

Равзаи Муборак ё масҷиди Алӣ ибни Абутолиб, маъруф ба Масҷиди Кабуд дар Мазори Шариф яке аз муҳиммтарин биноҳои таърихӣ дар Афғонистон ва маркази ҷашни Наврӯз дар шимоли ин кишвар аст. Бар асоси як ривоят, ҷасади Алӣ ибни Абутолиб, охирин халифаи одил (656-661) ва домоди паёмбари Ислом дар инҷо ба хок супурда шудааст.

Гуфта мешавад, ки ҷасади ӯ тавассути Абӯмуслими Хуросонӣ ва бо маслиҳати Имом Ҷаъфари Содиқ, имоми шашуми шиаён, аз хавфи ин ки дар Наҷафи Ироқ таҳти ҳимояти кофӣ нест, ба ин ҷо оварда шудааст. Номи шаҳри Мазор Шариф ҳам аз ин оромгоҳ баромадааст, ки маънои "мақбараи муқаддас" – ро дорад. Ҳамчунин дар Равзаи Муборак амирони Афғонистон – Шералихон ва Акбархон низ дафн шудаанд.

Ҳамсӯҳбатони Сангар мегӯянд, замоне, ки Устод Атомуҳаммади Нур, волии Балх буд, ҳамчунин овозаҳо дар бораи тахриби Равзаи Муборак пайдо шуда буд ва ба ин хотир, иқдом ба ташдиди тадобири амниятӣ дар маҳалли Равзаи Муборак гирифта шуд.

“Истҳои бозрасӣ ва дастгоҳҳои пешрафтаи филизёб дар ҳангоми убуру мурури одамон гузошта шуданд. Дар атрофи маҳал низ посгоҳҳо ва газма эҷод шуда буд”, - гуфт яке аз онҳо.

Толибон дар ҳоле тадобири амниятӣ дар Равзаи Муборакро ташдид мебахшанд, ки шаҳри Мазори Шариф ва дар умум вилояти Балх тайи як моҳи ахир ба ҷавлонгоҳи асосии фаъолиятҳои гуруҳи террористии ДОИШ* табдил ёфтааст.

28 апрел дар шаҳри Мазори Шариф ду инфиҷор рух дод, ки ҳадафи ҳарду ҳам мардуми ҳазора буданд ва дар пайи онҳо ҳудуди 30 тан куштаву захмӣ шуданд. Қабл аз он 21 апрел дар масҷиди Седӯкон, бузургтарин ва қадимитарин масҷиди шиъаён ва ҳазораҳо дар маркази шаҳри Мазори Шариф низ як ҳамлаи интиҳорӣ ба вуқӯъ пайваст, ки 31 куштаву 87 захмӣ ба ҷо гузошт.

18 апрел аз вулусволии Шӯртеппаи вилояти Балх аввалин ҳамлаи мушакӣ ба қаламрави Ӯзбекистон сурат гирифт, ки талафоте надошт, аммо сарусадои зиёде барпо кард. Ин ҳамаро гуруҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифт.

Бино ба гузоришҳое, ки дар ихтиёри Сангар қарор дорад, дар ҳоли ҳозир дар вулусволиҳои Шӯртеппа, Калдор ва Давлатободи вилояти Балх гуруҳҳои марбут ба ДОИШ фаъолият доранд, ки қаблан аз ҳузури онҳо хабаре набуд ва ҳам дар бораашон иттилои кофӣ нест.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ё мамнуъ аст.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!