Хабари рӯз

Вазири хориҷаи Русия мегӯяд, Амрико ба муборизаи мусаллаҳонаи нерӯҳои зидди Толибон мухолифат, аммо аз “ДОИШ-у “Алқоида” ҳимоят мекунад.

ДУШАНБЕ, 06 июн - Сангар, Фирдавси Низом. Ин нукот дар суханронии Сергей Лавров ҳангоми боздид аз пойгоҳи низомии 201 – и Русия, мустақар дар Душанбе садо доданд.

Вазири хориҷаи Русия гуфт, Ғарб бо раҳо кардани режими Украина аз "занҷир" ва идомаи пампожи он бо модернтарин силоҳҳо, ба таври мудовим ба думболи масирҳои дигаре аст, ки аз он тариқ Русияро "озор" диҳад, “ҷабаҳот” – и "дувум"-у “саввум” – ро боз кунад.

“Яке аз ин "ҷабҳаҳо", ҳамроҳ бо иттифоқи Қафқоз (ҳанӯз дар пушти саҳна, аммо ҳама инро медонанд) Осиёи Марказӣ эълом шудааст. Пас аз фирори “эътилоф”, ки 20 сол ҳеҷ коре барои тавсеаи халлоқонаи давлати Афғонистон анҷом надод ва фақат онро дар вазъияти афзоиши таҳдиди терроризм, афзоиши шадиди қочоқи мавод мухаддир қарор додааст, дар Афғонистон иттифоқоти аҷибе рух медиҳад”, - гуфт Сергей Лавров.

Вазири хориҷаи Русия дар вокуниш ба изҳороти Мануэл Микаллер, сафири Амрико дар Тоҷикистон, ки гуфта буд, амрикоиҳо намехоҳанд аз муборизаи мусаллаҳонаи нерӯҳои зидди Толибон ҳимоят кунанд, гуфт, амрикоиҳо зоҳиран орзу мекунанд, ки тамоми мардуми Афғонистон гуфтугӯи миллӣ дошта бошанд, ба тавофуқ бирасанд, ки чӣ гуна баъдан дар як кишвар зиндагӣ кунанд ва ҳама мушкилоти ба ирс расида аз ишғоли 20-солаи кишвар тавассути Иёлот Муттаҳида ва муттаҳидонашро пушти сар кунанд.

“Ба забони дипломатия, ин ҳама суханони дурӯғин аст. Ба таври қатъ мушаххас аст, ки Иёлоти Муттаҳида фаъолона аз бозмондаҳои ДОИШ дар Афғонистон ва Ал-қоидаву дигар сохторҳои террористии вобаста ба онҳо ҳимоят мекунад. Ҳадаф содда аст. Ҳамон тур, ки онҳо дар поёни даҳаи гузашта дар Қафқоз амал карданд, ҳадаф ин аст, ки иҷоза надиҳанд Афғонистон ором шавад”, - гуфт Сергей Лавров.

Вай нооромии Афғонистонро ба нафъи Иёлоти Муттаҳида арзёбӣ карда, афзуд, амрикоиҳо ҳамеша дар пайи онанд, ки дар Афғонистон навъе фарояндҳои бесуботкунанда доиман рух диҳад ва тасодуфӣ нест, ки фикри бозгардондани зерсохтҳои низомии худро ба кишварҳои ҳамсоя аз сар дур намекунанд.

“Гӯё мехоҳанд ба таҳдидоти террористӣ фаротар аз “уфуқ” посух гӯянд. “Обро гилолуд” месозанд, то пасон “моҳӣ бигиранд”. Мехоҳанд ин ҷо “ворид шаванд” ва боз ҳам ба баҳонаи чунин таҳдидҳое, ки худ эҷод мекунанд, монеъ аз зиндагии кишварҳои минтақа ба шеваи худ шаванд, ба онҳо "қавонини амрикоӣ"-и худро таҳмил кунанд. Онҳо ҳар лаҳзаву ҳама ҷо аз ин “қавонин” сӯҳбат мекунанд ва бо ин аъмоли худ комилан қавонини байналмилалии мундариҷ дар Маншури Созмони Милалро зери по мегузоранд”, - гуфт Сергей Лавров.

Вай бо ишора ба Тоҷикистону Осиёи Марказӣ, ки пойгоҳи 201 – и Русия ҳузур дорад, гуфт, ин "нуқта"-и бисёр ҷиддӣ аст ва ҳушёрие, ки низомиёни ин пойгоҳ ва ҳамкоронашон дар Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ нишон медиҳанд, комилан муваҷҷаҳ аст.

“Аз ин раҳбарони Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои ғарбӣ, ки қариб ҳама ба таври комил таги пойи Вашингтон қарор гирифтаанд, метавон ҳар иттифоқеро интизор дошт”, - хулоса кард вазири корҳои хориҷии Русия.

Сергей Лавров рӯзҳои 6 ба 6 июни соли равон дар Душанбе қарор дошт ва бо раҳбарони Тоҷикистон, аз ҷумла раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дод.

Пойгоҳи 201, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ буда, 80 сол ба ин сӯ (аз соли 1943) ҳамчун фирқаи тирандозӣ таъсис ёфта, соли 2004 дар пайи як созишнома миёни Тоҷикистону Русия мақоми пойгоҳи низомиро гирифт. Ин созишнома соли 2012 ба имзо расида, то соли 2042 амал мекунад.

Фирқаи тирандозии 201 – и Иттиҳоди Шӯравӣ феврал 1980 ба унвони бахше аз Артиши Чиҳил дар амалиёти ҷангии вилоёти Кундуз, Тахор, Балх, Бағлон ва Самангон ширкат доштааст.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!