Як ҳайати низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон боздид намуда, бо вазири дифоъ ва теъдоде аз фармондеҳони аршади Толибон мулоқот кард.
КОБУЛ-ҚАНДАҲОР, 27 май - Сангар, Фарзом Козимӣ, Мирвайс Шерзай. Амрико дар садади тақвияти ҳамон ҳалқаи раҳбарияти Толибон аст, ки қаблан хеле талош кард тариқи расонаҳо ҳамчун гурӯҳи “Толибон панҷ” ё “Панҷгонаи Толибон” ба шӯҳрат бирасонад.
Бино ба иттилоъе, ки манобеъи “Сангар” аз Кобулу Қандаҳор ба даст овард, ҳайати амрикоӣ ба намояндагӣ аз “Сентком” ё Фармондеҳии марказии вазорати дифоъи Амрико ҳафтаи гузашта пас аз оғози ҷанҷолҳои лафзии Афғонистону Эрон сари тақсими оби дарёи Ҳирманд вориди Афғонистон шудааст.
“Ҳайати амрикоӣ нахуст дар фурудгоҳи Багром бо Мулло Яъқуб, вазири дифоъи Афғонистон, мулоқот кард. Дар ин нишаст Мулло Фозили Мазлум, муовини вазири дифоъ ва иддае дигар аз фармондеҳони Толибон низ ширкат доштанд. Амрикоиҳо ба Толибон гуфтаанд, ки дар сурати шурӯъи ҷанг бо Эрон омодаанд онҳоро кӯмак кунанд”, - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, Мулло Яъқуб ба амрикоиҳо мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир Толибон талош доранд қазияро аз роҳи мусолиматомез ҳал кунанд, аммо дар сурути шурӯъи ҷанг сари қабули кӯмаки Амрико андеша мекунанд.
“Ин ҳайат сипас ба Кандаҳор рафта, бо Абдулҳақ Васиқ, раиси истихбороти Толибон ва Қаюми Зокир, аз фармондеҳони маъруфи ин гурӯҳ низ айни мавзуъро ба миён гузоштааст. Ин ки амрикоиҳо чӣ посух гирифтаанд, маълум нест”, - гуфт манбаъ.
Як манбаъи дигар дар Қандаҳор, ки аз ҷумлаи афроди наздики Мулло Қаюми Зокир буда, ба хабарнигори “Сангар” гуфт, амрикоиҳо ҷудо аз Эрон, мехоҳанд мавзӯъи Покистонро низ бо Толибон шарик кунанд.
“Онҳо аз Толибон мехоҳанд, ки барои ба қудрат расидани Имронхон дар Исломобод бо Таҳрики Толибони Покистон ҳамкорӣ кунанд ва нерӯҳои худро барои кӯмак фиристанд”, - гуфт манбаъ.
Огаҳони авзоъ ба ин назаранд, ки Амрико дар садади тақвияти ҳалқаи “толибони амрикоӣ” дар меҳвари “Панҷгонаи Толибон” аст. Ба қавли онҳо, ба ҷуз Мулло Яъқуб, Абдулғанӣ Бародар, муовини сарвазир, Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилӣ ва теъдоди бузурге аз фармондеҳони Толибон низ шомили пружаи аслии Амрико - ноамнсозии кулли минтақа, шуруъ аз Покистону Эрон то Осиёи Марказиву Чин - ҳастанд ва танҳо нафаре, ки бо “блоки Шарқ” – Русияву Эрон ва Чин боқӣ мондааст, “амириулмуъминин” – и гурӯҳ Мулло Ҳайбатуллоҳ аст.
“Толибон панҷ” (Taliban Five) ё “Панҷгонаи Толибон” аз Абдулҳақ Васиқ, раиси истихборот, Нуруллоҳ Нурӣ, вазири сарҳадот ва қабоил, Мулло Фозил, муовини вазир дифоъ, Хайруллоҳ Хайрхоҳ, вазири иттилоот ва фарҳанг ва Муҳаммаднабӣ Умарӣ, волии вилояти Хуст иборат буда, ҳамагӣ аз соли 2001 зиндонии Гуантанамо буданд ва соли 2014 бо як сержанти амрикоӣ ба номи Бов Бергдал (Bowe Bergdahl), ки асири Толибон буд, мубодила шуданд. Ҳамагӣ дар ҳайати 21 – нафараи музокираи Толибон дар Дуҳа буданд. Амалан Амрико бо собиқ зиндониёни худ санади сулҳро имзо кард. Таъбири “Толибон панҷ” низ маҳсули расонаҳои Амрико ва ба манзури бузург кардани ин “чеҳраҳои амрикоӣ” – и Толибон аст.
Тафсилоти сафари ҳайати амрикоӣ бо ҳарфҳои умумӣ ҷамъбаст мешавад, зеро ба қавли манобеъи “Сангар” ин мулоқотҳо пушти дарҳои баста ва таҳти тадобири шадиди амниятӣ баргузор шудаанд. Аммо ахборе, ки пас аз ин мулоқотҳо дарз мекунад, нишон медиҳад, ки сафари онҳо бидуни натиҷа набудааст.
Бино ба маълумоти канали ютубии “Ҷумҳурии панҷум” – и рӯзноманигори маъруф Раззоқи Маъмун пахш кард, имрӯзҳо дар Афғонистон як маъракаи густардаи ҷалби довталабон барои ҷанг дар Покистон ва дар сафи Таҳрики Толибони Покистон ба роҳ афтодааст.
“Харҷи сафари онҳоро Толибон пардохт мекунанд. Ба ҳар довталаб 50 ҳазор афғонӣ (муодили 500 доллар) дода мешавад ва метавонад ҳар як моҳ барои мураххасӣ ба Афғонистон оянд. Дар қарордоди миёни довталаб ва Толибон ба ҷуз имтиёзот фавқуззикр ин шарт ҳам гузошта шудааст, ки агар фавтиданд, фақат акси онҳо ба наздиконашон фиристода мешавад”, - омадааст дар гузориши “Ҷумҳурии панҷум”.
Дар охирин лаҳзаҳои таҳияи ин гузориш аз вилояти ғарбии Нимрӯз хабар мерасад, ки Толибон бо марзбонони Эрон вориди даргирии мусаллаҳона шудаанд ва миёни ду ҷониб тирандозӣ ҷараён дорад.
Ва ниҳоят Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон, эълон кардааст, ки мо худро бояд ба ҷаҳони чандқутбӣ айёр кунем. Мавсуф аз афроди марбут ба “блоки Шарқ“ ҳисобида мешавад.