Хабари рӯз

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ иттифоқ афтод?

Дар рӯзҳои ахир, тарафи Қирғизистон барои эҷоди образи "мутаҷовиз" дар шахси ҳамсояи худ, бидуни парҳез аз дурӯғ ва кинояҳои ошкор, ба маъракаи иттилоърасонӣ алайҳи Тоҷикистон идома медиҳад ва дар натиҷа танишро дар минтақаи марзӣ ташдид мекунад. Раисҷумҳури Қирғизистон дар 17 сентябр дар хитоб ба миллат аз калима "душман" дар робита бо Тоҷикистон истифода кард, ки бо рӯҳи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мутобиқат надорад.

Нависанда: Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Тарҷумаи ғайрирасмӣ: “Сангар”

ИТТИЛОИЯ ДАР МАВРИДИ ВАЗЪИЯТИ МАРЗӢ:

1 - Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бо пуштибонии тамоми ташкилоти нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон дар соати 7:15 рӯзи 14 сентябр бидуни ҳеҷ далеле даст ба таҷовузи мусаллаҳона алайҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон заданд. Дар натиҷаи иқдомоти душманона, аз ҷумла гулӯлаборони мавозеъи посгоҳи Кехи нерӯҳои марзии Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз хумпора (миномёт), мусалсал (ПК) ва тамоми силоҳҳои сабук, ду сарбози нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушта шуданд.

2 - Ҳамзамон бо иқдомоти таҳрикомез, тарафи Қирғизистон иқдом ба интиқоли нерӯҳои изофӣ ва таҷҳизоти сангин ба манотиқи марзӣ кард.

3 - Дар ҳамон рӯз, ҳудуди соати 14:10, пас аз эъломи оташбас, нерӯҳои низомии Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои гурӯҳӣ ба деҳаҳои Лангар ва Сари Бозор ҳамла карданд. Ҳамчунин дар ҷараёни гулӯлаборони сохтмони мактаби шумораи 47 – и ҷамоати Чоркӯҳ талабаҳо ва муаллимони ин муассисаи омӯзишӣ маҷрӯҳ шуданд.

4 - Алорағми тавофуқ бар танишзудоии авзоъ ва хурӯҷи нерӯҳои изофӣ, дар 16 сентябр дар соати 04:50, низомиёни Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои сангин шурӯъ ба гулӯлаборони посгоҳи марзии “Душанбе” карданд. Низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон бо истифода аз таҷҳизоти низомӣ ба деҳаҳои Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кӯлканди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамлаи мусаллаҳона карданд. Ба вежа манотиқи маскунии рустои Чорқишлоқ дар шаҳри Исфара мавриди гулӯлаборони густурдаи худравҳои размии пиёданизом (БМП) ва нафарбрҳои зиреҳӣ (БТР) қарор гирифт.

5 - Ҳудуди соати 06:30-и ҳамон рӯз, низомиёни нерӯҳои вежаи Ҷумҳурии Қирғизистон бо таҳоҷум ба қаламрави деҳаи Боғдории ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара, 16 хонаи сокинони маҳаллиро сӯзонда, ғорат ва чӯр карданд. Бо вуруди ғайриқонунӣ ба хонаи зани солхӯрдае бо зулми хосе ӯро куштанд.

6 - Ҳамалоти ҳадафманд низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон сари таъсисоти зерсохтии ғайринизомӣ анҷом шуд. Хатти барқи "Шӯроб" осеб дид, пули рустои Чорқишлоқ мавриди ҳамла қарор гирифт, оташсӯзиҳои густурда дар хонаҳои ғайринизомён ва сохтмонҳои кӯмакӣ дар деҳаҳои Боғистон ва Лакон дар шаҳри Исфара сурат гирифт. Панҷ нафар аз аъзои як хонавода шомили як духтари 6-сола, як писари 5-сола ва як зан дар моҳи ҳаштуми бордорӣ бар асари оташсӯзии низомиёни Қирғизистон дар ҷамоати Чоркӯҳ кушта шуданд.

7 - Аз соати 7.30, тарафи Қирғизистон дар имтидоди тамоми хатти марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон оташ кушод. Ҳамалоти густурда бо силоҳҳои сангин ба маҳалҳои зисти мардум дар деҳаи Маданияти ноҳияи Ҷаббор Расулов сабт шуд. Дар ин росто, нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон аз 20 воҳиди худрави зиреҳии сангин истифода карданд, ки пешопеш барои таҳоҷуми мусаллаҳона ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақар шуда буданд. Сохтмони мактаби миёнаи деҳаи Боғистони шаҳри Исфара гулӯлаборон шуд. Оташи 8 танк ва 2 нафарбари зиреҳӣ (БТР) боиси тахриб ва сӯхтани 8 хона дар деҳаи Боғистони Исфара шуд. Ҳамзамон хонаҳои ғайринизомиён дар деҳаи Сомониён мавриди гулӯлаборони густурдаи 10 худрави ҷзсусии зиреҳӣ (БРДМ) нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон қарор гирифт.

8 - Ба илова дар ҳудуди соати 07:35 муаррихи 16 сентябри 2022 бар асари ҳамлаи хумпорае аз тарафи Қирғизистон ба деҳаи Хистевари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зани мутаваллиди 1948 ва 1962 кушта шуданд ва панҷ нафар аз аъзои хонаводаи онҳо ба дараҷоти мухталиф маҷрӯҳ шуданд, аз ҷумла хурдсолон.

Алорағми талошҳои мукаррари тарафи Тоҷикистон барои дастёбӣ ба оташбас ва азсаргирии музокироти сулҳ, тарафи Қирғизистон ба гулӯлаборони деҳаҳои шаҳри Исфара ва ҳамчунин қаламрави Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов идома дод.

9 - Дар таърихи 16 сентябри 2022 тақрибан дар соати 19:10 пас аз эъломи оташбас, низомиёни Қирғизистон муҷаддадан ба самти мактаби №225 – и ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара тирандозӣ карданд, ки дар натиҷа хисорати модии қобили таваҷҷуҳе ба ин муассисаи омӯзишӣ ба бор омад. Ҳамчунин дар ҷараёни гулӯлаборон аз самти Қирғизистон, сохтмони мактаби шумораи 64-и ҷамоати мазкур ба таври комил дар оташ сӯхт.

10 - Низомиёни Қирғизистон бар хилофи усули пазируфташудаи инсонгароӣ ва бо нақзи меъёоҳои Ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ, аз худравҳои зиреҳӣ ба самти мошини ёрии таъҷилӣ дар деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Зумради шаҳри Исфара, ки дар ҳоли интиқоли ғайринизомёни маҷрӯҳ буд, шиллик карданд. Дар натиҷаи ин ҳамла панҷ нафар аз аъзои як хонавода аз ҷумла ду кӯдак ба номҳои Асмоа мутаваллиди 11 июли 2016 ва Имрон мутаваллиди 5 декабри 2017, як духтури ёрии таъҷилӣ ва як ронанда кушта шуданд.

11 - Илова бар худравҳои зиреҳии сангин, пас аз имзои протоколи шумораи 41-и муаррихи 16/09/2022 мабнӣ бар эъломи оташбас аз соати 16 ҳамон рӯз байни раисони ду комиссия - Ятимов С. С. ва Тошиев Қ. К., тарафи Қирғизистон дар тӯли ин ҳамла аз чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин (паҳпод) истифода кард. Дар натиҷаи ҳамалоти паҳподии Қирғизистон ба сохтмони мактаби №8-и ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 6 ғайринизомӣ ва ҳамлаи паҳпод ба масҷиде дар ҳамон ҷамоат 12 кушта, беш аз 20 ғайринизомӣ, аз ҷумла як кӯдаки ҳафтсола захмӣ шуданд.

12 - Артиши Қирғизистон дар идомаи иқдомоти таҳрикомез ва таҷовузкоронаи худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар авоили субҳи рӯзи 17 сентябр бори дигар оташбасро нақз ва ҷамоати Чоркӯҳ ва бахше аз бузургроҳи Чорқишлоқи ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараро бо хумпора мавриди ҳадаф қарор доданд.

13 - Дар соати 11:10-и шаб, сарбозони қисми низомии 707-и вазорати умури дохилии Қирғизистон бо анвоъи силоҳҳо ба посгоҳи марзии "Душанбе" – и қисми марзбонии Исфара тирандозӣ карданд. Нерӯҳои нерӯҳои вежаи Қирғизистон деҳаи Сомониён аз тавобеъи ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараро мавриди тирборон қарор доданд.

14 - Дар соати 11:50-и субҳ, сарбозони Қирғизистон бо истифода аз системҳои мушаки партоби чандгона (РСЗО) рустои Тоҷварони ноҳияи Лахши Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд. Дар натиҷаи ин ҳамла чандин ғайринизомӣ, аз ҷумла занону кӯдакон захмӣ шуда ва 3 сохтмони маскунӣ тхриб шудааст. Лозим ба таъкид аст, ки ҳеҷ мавриди даргирӣ дар ин минтақа сабт нашудааст ва тамаркузи нерӯҳо ва абзорҳои тарафи Қирғизистон дар ин минтақа бо дар назар гирифтани печидагии релеф ба беш аз як ҳафта замон ниёз дорад. Дар тӯли рӯз, низомиёни Қирғизистон се бор бо истифода аз системҳои мушаки партоби чандгона (РСЗО) ба деҳаҳои наздимарзии ноҳияи Лахш шиллик карданд. Мактаби №15 деҳаи Тоҷварон мавриди ҳамла қарор гирифт, ки дар натиҷаи он 3 талаба маҷрӯҳ шуданд.

15 - Дар рӯзҳои ахир, тарафи Қирғизистон барои эҷоди образи "мутаҷовиз" дар шахси ҳамсояи худ, бидуни парҳез аз дурӯғ ва кинояҳои ошкор, ба маъракаи иттилоърасонӣ алайҳи Тоҷикистон идома медиҳад ва дар натиҷа танишро дар минтақаи марзӣ ташдид мекунад. Раисҷумҳури Қирғизистон дар 17 сентябр дар хитоб ба миллат аз калима "душман" дар робита бо Тоҷикистон истифода кард, ки бо рӯҳи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мутобиқат надорад.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!