Марҳалаи ҷадиде аз муқовимат дар баробари Толибон дар Бадахшон, як вилояти стратегии Афғонистон оғоз шудааст
Қундуз, 27 сентябр - Сангар, Ҷамшед Бадахшӣ. Бадахшон бо Чин, Покистон ва Тоҷикистон ҳаммарз аст. Ҳафтаи гузашта дасти кам дар панҷ шаҳристони ин вилоят – Куҳистон, Роғистон, Яфтал, Яфтали Боло ва Арғанҷхоҳ даргирӣ сурат гирифт.
Дар акс: 27 сентябр. Эҳсонуллоҳ Мубориз, фармондеҳи шаҳристони Куҳистон, дар либоси палангӣ бо дастмоли сафед; дар дасти рости ӯ Абдулҳамид Муҷоҳид, фармондеҳи шаҳристони Яфтали Боло, ва нафар дувум дар самти рости Муҷоҳид, Ҷалол Роғӣ, фармондеҳи шаҳристони Роғистон.
Яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Бадахшон ба сайти Сангар гуфт, ки ду ҳафта пеш бо боло шудани фармондеҳ Эҳсонуллоҳ Мубориз аз рустои Бузкуш ба куҳ, сафҳаи ҷадиде аз таърихи муқовимати Бадахшон аз шаҳристони Куҳистон оғоз шуд.
Вай гуфт: "Замоне, ки Толибон ба ӯ машкук шуданд, ӯ мутаваҷҷеҳ шуд ва бо 30 нафар ба кӯҳ рафт. Дар ҳамон рӯзҳо 18 разманда аз шаҳристони Роғистон ба ӯ пайвастанд. Дар ҳамин минтақа буд, ки Толибон ду амалиётро алайҳи онҳо анҷом доданд, ки шикаст хӯрд."
Ба гуфтаи ин манбаъ, як ҳафта пеш Абдулҳамид Муҷоҳид, маъруф ба Муҷоҳиди Иртӣ, аҳли рустои Ирти шаҳристони Яфтали Боло, ки омири кашфи фирқаи “Умари солис” – и Толибон дар Бадахшон буд, аз ин гурӯҳ ҷудо шуд ва ба муқовимат пайваст.
Вай гуфт: "Ӯ яке аз се нафари муҳимми ин фирқа буд. Далели хурӯҷи вай аз ин гурӯҳ тавҳин ва таҳқири тоҷикон, ба вежа ҳазфи навиштаҳои "донишгоҳ" ба забон форсӣ аз сохтмонҳои донишгоҳҳо, тадриси сахтгиронаи забони пашту дар Бадахшон, авлавияти паштунҳо дар сиёсати кадрии Иморати исломӣ ва... буд. Ў ба эътироз аз суфуфи онҳо хориҷ шуд. Вай гуфт: “Акнун замони кор дар ин давлати фосид нест, бояд ба мардуми худ хидмат кунем."
Ба гуфтаи манбаъ, Толибон ҳайате аз бузургони Бадахшонро барои бозгардондани Муҷоҳиди Иртӣ фиристод. Мавлавӣ Сафиуллоҳ Самим, фармондеҳи кунунии пулиси Толибон дар вилояти Бағлон бо Иртӣ, ки аз фармондеҳони вай буд, тамос гирифт ва ваъда дод, ки дар сурати таслим шудан ба дараҷаи генералӣ иртиқо хоҳад ёфт.
Манбаъ мегӯяд: "Аммо Муҷоҳид ба ӯ гуфт, ҳатто агар вазифаи волии Бадахшонро ба ман бидиҳед, ман таслим намешавам. Мо фикр мекардем, ки низоми исломӣ аст, аммо низоме, ки шумо хидмат мекунед комилан қавмӣ ва паштунӣ аст. Ман дигар барои ин низоми фашистӣ намеҷангам, барои ҳувият ва арзишҳои миллии худ мубориза хоҳам кард."
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Сангар, Мавлавӣ Сафиуллоҳ яке дигар аз афроди худ ба номи Қорӣ Абдурраҳмон, фармондеҳи ливои марказии фирқаи “Умари солис”-ро, ки аз шаҳристони Яфтал аст, ба минтақаи Шева дар шаҳристони Яфтали Боло барои саркӯби муқовиматгарон ва “ислоҳи вазъ” фиристод.
Вай афзуд: "Қорӣ Абдураҳмон бисёр асабӣ буд, зеро Муҷоҳид бахше аз силоҳҳои анбори ӯро бо худ бурда буд. Аммо қабл аз расидан ба размандагони муқовимат, неруҳои вай дар камини як гурӯҳи 15-нафара афтоданд, ки аз шаҳристони Ёвон ба фармондеҳии Муҳаммад Усмон мехостанд ба муборизони муқовимат бипайванданд. Дар натиҷа 15 толиб кушта ва захмӣ шуданд".
Ба гуфтаи манбаъ, Қорӣ Абдураҳмон дар ҷараёни ин набард захмӣ шуда, вай бо тайёра ба Файзобод, маркази Бадахшон ва сипас ба шифохонаи Чаҳорсадбистари Кобл мунтақил шуда ва вазъияти вай вахим арзёбӣ мешавад.
Манбаъ афзуд: "Қорӣ Саҷҷод, фармондеҳи баталёни Толибон дар Роғҳо ва Абдураҳмон Анварӣ, фармондеҳи баталёни Толибон дар Куҳистон кушта шуданд. Қорӣ Саҷҷодро расонаҳо аз қавми гуҷур муаррифӣ карданд, ки чунин нест. Ў тоҷик, аҳли рустои Сумчони шаҳристони Ёвон аст. Ҳамчунин ду пешмаргаи толиби аҳли Роғистон ба номҳои Вадуд ва Анвар, ки аз ҷангҷуёни ботаҷрибаи ин гуруҳ ҳастанд, захмӣ шуданд. Вазъияти нафар аввал мӯътадил ва нафари дувум вахим аст".
Бар асоси иттилооти дарёфтӣ, ду гурӯҳи 17 ва 20-нафарии дигар дар шаҳристони Яфтал фаъолият мекунанд, ки яке ба фармондеҳии Шермуҳаммад, маъруф ба Шери Палангдара, аз фармондеҳони фақид генерал Назирмуҳаммад Ниёзӣ ва дигаре Сироҷуддин Сайёд аст.
Вай афзуд: "Як гуруҳи муташаккил аз 17 нафар дар дараи Ҷузгон амалиёт мекунанд. Он ки дар ахбор гуфта шуд, ду сарбози муқовимат кушта ва ду нафари дигарашон асир шуданд, аз ҳамин гурӯҳ буданд ва ба Муҷоҳиди Иртӣ рабт надоштанд".
Яке дигар аз шаҳристонҳои Бадахшон, ки неруҳои муқовимат дар он ҳузур доранд, Арғанҷхоҳ аст. Ду гурӯҳ дар онҷо фаъолият мекунанд, ки яке ба фармондеҳии Муҳаммад Амин ва дигаре ба фармондеҳии Муҳаммад Қодир ва муртабит бо фармондеҳ Ҳабиби Вардуҷӣ ҳастанд.
Манбаъ гуфт: "Тамоми гурӯҳҳои муқовимати Бадахшон мутааллиқ ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳастанд. Шоеъот дар мавриди ихтилофи Мавлавӣ Сафиуллоҳ ва Қорӣ Фасеҳуддин ва ё дар мавриди мубориза барои тилои Роғҳо дурӯғ аст. Ва ин иттилоот, ки онҳо парчами ҳизби Ҷамъияти исломӣ (Салоҳуддин Рабонӣ) - ро баланд хоҳанд кард, сиҳат надорад. Ҳамаи онҳо тобеъи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба фармондеҳии Аҳмад Масъуд ҳастанд."
Ба назар мерасид, муқовимати Бадахшон пас аз саркӯби гурӯҳи "Бабрҳои Помир" дар моҳи апрели имсол фурӯ нишаста буд. Дар ин миён гоҳ - гоҳ аз гӯша ва канори он бархе аз гурӯҳҳо аз худ дарк медоданд, аммо ба далели қавӣ будани мавқеъи Толибони тоҷик дар ин вилояти тоҷикнишин дастоварди кам доштанд. Аксарияти кулли гурӯҳҳои Толибони Бадахшон байни Қорӣ Фасеҳуддин, раиси ситоди артиш, Мавлавӣ Амонуддин, фармондеҳи нирӯи ҳавоӣ, Наҷиб Роғӣ, фармондеҳи пулиси вилояти Лағмон ва Мавлавӣ Сафиуллоҳ Самим, фармондеҳи пулиси Бағлон тақсим мешаванд.
Мавлавӣ Наҷиб савганд ба Қуръонро шикаст: дар Роғҳо чӣ рух дод?
Бадахшон як вилояти стратегии Афғонистон аст, ки бо Чин, Покистон ва Тоҷикистон ҳаммарз аст. Манобеъи сайти Сангар аз афзоиши ҷангҷуёни гурӯҳҳои террористии хориҷии муртабит бо Алқоида ва ДОИШ дар ин вилоят хабар медиҳанд, ки рӯз ба рӯз мавқеияти онҳо тақвият мешавад.
Раҳбарони ДОИШ ва Алқоида дар Шимол: киҳо, дар куҷо?
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар ҳоли ҳозир танҳо нерӯе на танҳо дар баробари Толибон, балки дар баробари терроризм дар минтақа ва ҷаҳон аст. Пас аз ба қудрат расидани Толибон, ҳама созмонҳои террористӣ дар Афғонистон озодона фаъолият мекунанд ва тақвият мешаванд.